Рӯзҳои 15-17 октябри соли 2015 раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Муҳаммадюсуф Имомзода дар шаҳри Санкт — Петербург қарор дошт. Мавсуф рӯзи 16 октябр дар Конференсияи байналмилалӣ, ки таҳти унвони «Проблемаҳои актуалии сулҳу субот дар АврОсиё (бахшида ба 70-солагии хотимаи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ)» дар қасри Таврический баргузор гардид, ширкат намуд. Дар ин ҳамоиш намояндагони парламентҳо, мақомоти ҳокимияти иҷроия, ташкилотҳои байналмилалӣ ва илмӣ аз қитъаи АврОсиё ширкат варзиданд.
Муҳаммадюсуф Имомзода дар конференсия доир ба мавзӯъҳои «Таҷрибаи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ: нигоҳ аз асри ХХI» ва «Аҳамияти амнияти иттилоотии гуманитарӣ дар фазои кишварҳои АврОсиё» маърӯза карда, оид ба саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, корнамоиҳои онҳо дар набардҳо ва ақибгоҳ суханронӣ намуд.
Нимаи дуюми ҳамон рӯз М. Имомзода бо роҳбарияти ду донишгоҳи маъруфи Федератсияи Россия – Донишгоҳи давлатии Санкт — Петербург ва Донишгоҳи давлатии иқтисодии Санкт – Петербург мулоқот кард. Зимни ин мулоқот масъалаи рушди ҳамкориҳои байнидонишгоҳӣ баррасӣ гардид.
Ҳамчунин узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қаҳҳор Маҳкамов рӯзҳои 16-17 октябр дар шаҳри Санкт — Петербурги Федератсияи Россия қарор дошт. Мавсуф дар кори Комиссияи доимии Ассамблеяи Байнипарламентии кишварҳои ИДМ оид ба масъалаҳои ҳуқуқ ширкат варзид.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»