Бисту якуми октябри соли 2015 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин қабул шуд:
1. Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Фаронса оид ба сохтмони манораи назоратӣ-диспетчерӣ дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе
2. Дар бораи Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба идомаи бозсозии нақби «Истиқлол» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
3. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тухмипарварӣ»
4. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ»
5. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ»
6. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия»
7. Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда.
РАИС: - Ба баррасии масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа шурӯъ менамоем.
Масъалаи якуми рӯзнома — Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Фаронса оид ба сохтмони манораи назоратӣ — диспетчерӣ дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе мебошад.
Сухан аз рӯи ин масъала ба вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ганҷалзода Шералӣ Раҳмон дода мешавад.
Шералӣ Ганҷалзода: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони мардумӣ!
Дар асоси Созишнома аз 7 декабри соли 2001 Қувваҳои ҳарбии ҳавоии Ҷумҳурии Фаронса дар чаҳорчӯбаи амалиёти «Помир» аз қисмати фурудгоҳи Душанбе ва хизматрасонии аэронавигатсионии КВД «Тоҷикаэронавигатсия» ройгон истифода намуданд.
Бинобар ин, Ҷумҳурии Фаронса таъмири хатти парвози аэродром ва сохтмони манораи назоратӣ-диспетчериро, ки аз тарафи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Фаронса пурра маблағгузорӣ ва амалӣ мешавад, ба уҳдаи худ гирифтааст (тақрибан 4 миллион доллари ИМА).
Бо мақсади сохтмони манораи назоратӣ — диспетчерӣ дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Фаронса оид ба сохтмони манора таҳия ва мувофиқа карда шуд, ки дар натиҷа 13 июли соли 2015 ба имзо расид.
Бояд зикр намуд, ки сохтмони иншооти мазкур ҷиҳати таъмини парвози тайёраҳо аҳамияти муҳим дошта, лоиҳаи сохтмони иншоот аз ҷониби Қувваҳои ҳарбии ҳавоии Ҷумҳурии Фаронса, бо дарназардошти таклифу пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон таҳия гардида, он ба меъёрҳои сохтмонии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ гардонида шуда, бо мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда шудааст.
Баландии манораи назоратӣ — диспетчерӣ 36 метрро ташкил дода, тобоварии он ба нуҳ дараҷаи зилзиланокӣ баробар мебошад. Масоҳати қитъаи замин барои сохтмони манора 15 м х 15 м-ро ташкил медиҳад. Муҳлати сохтмони манора 15 моҳро дар бар мегирад.
Сохтори манора ба сохтори манораҳои назоратӣ- диспетчерӣ дар бандари Кобеи Ҷопон, Нюкасли Британияи Кабир, Барселонаи Испания, манораи телевизионӣ дар Гуанҷои Ҷумҳурии Халқии Хитой ва муҷассама дар Мюнхени Ҷумҳурии Федеративии Германия шабоҳат дорад.
Айни ҳол, ҷониби Фаронса озмун оид ба интихоби ширкати пудратчӣ-паймонкори лоиҳаро эълон намудааст, ки озмун дар Фаронса тибқи меъёрҳои ҷониби мазкур гузаронида мешавад.
Дар марҳилаи сохтмонӣ ба зиммаи ҷониби Тоҷикистон низ як қатор уҳдадориҳо вогузор карда шудаанд, аз ҷумла:
- кӯчонидани шабакаҳои муҳандисии мавҷуда;
- тозакунии пиротехникии майдончаи сохтмонӣ;
- таъмини амнияту нигоҳдории иншоот;
-таҳвил, насб ва ба истифода додани таҷҳизоти аэронавигатсионӣ;
- таҳвил ва насби таҷҳизоти зарурӣ барои интиқоли қувваи барқ ба манора;
- таҳвил ва насби антеннаҳои алоқа барои идораи ҳаракати ҳавоӣ ва телевизионӣ;
- таҳвил ва насби дастгоҳҳои телефонӣ.
Татбиқи муқаррароти Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Фаронса оид ба сохтмони манора ба зиммаи сохторҳои зерини тарафҳо вогузор гардидааст:
- Ҷониби Фаронса: Ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Фаронса;
- Ҷониби Тоҷикистон: КВД «Тоҷикаэронавигатсия»- и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бо дарназардошти он ки муқаррароти моддаи 14-уми Созишномаи мазкур зарурати гузаронидани расмиётҳои дохилидавлатӣ ҷиҳати эътибори ҳуқуқӣ пайдо намудани Созишномаро талаб менамояд, лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тасдиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Фаронса оид ба сохтмони манораи назоратӣ — диспетчерӣ дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе таҳия гардида, бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ мувофиқа шуд.
Бинобар ин, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Фаронса оид ба сохтмони манораи назоратӣ — диспетчерӣ дар фурудгоҳи шаҳри Душанберо ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Исматуллоев Дилшод Абдуғаффорович дода мешавад.
Дилшод ИСМАТУЛЛОЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Фаронса оид ба сохтмони манораи назоратӣ-диспетчерӣ дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Созишномаи мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №246 аз 22 сентябри соли 2015 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаро мавриди баррасӣ қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд.
Кумитаи масъул рӯзи 7 октябри соли равон бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеъ гузаронида, иштирокчиёни он тасдиқи Созишномаро дастгирӣ намуданд.
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Фаронса оид ба сохтмони манораи назоратӣ-диспетчерӣ дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.
Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки барои тасдиқи он овоз диҳед.
Вобаста ба тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.
РАИС: — Оид ба масъалаи навбатии рӯзнома — Дар бораи Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба идомаи бозсозии нақби «Истиқлол» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ба вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ганҷалзода Шералӣ Раҳмон дода мешавад.
Шералӣ Ганҷалзода: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони мардумӣ!
Нақби автомобилгарди «Истиқлол» аз ҷиҳати стратегӣ иншооти муҳим ба ҳисоб рафта, ба истифода додани он барои ҷумҳурӣ аз ҷиҳати сиёсӣ ва рушди иқтисодиёт аҳамияти хеле муҳим дорад.
Сохтмони нақб ҳанӯз аз соли 1988 бо иштироки ширкатҳои ватанӣ оғоз гардида, то охири соли 2003 идома ёфт ва дар ин давра ба маблағи 10 миллион доллари ИМА корҳои сохтмонӣ иҷро шудаанд.
Сипас, корҳои сохтмонӣ аз ҷониби Ширкати паймонкори эронии «Собир» моҳи январи соли 2004 ба маблағи умумии 39,0 миллион доллари ИМА, аз ҷумла 21,2 миллион доллари ИМА қарз ва 10,0 миллион доллари ИМА гранти Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон ва 7,8 миллион доллари ИМА саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон идома ёфта, моҳи декабри соли 2010 аз сабаби норасоии маблағ корҳои сохтмонӣ қатъ гардиданд.
Дар асоси мувофиқаҳо байни ҳукуматҳои тарафайн ҷиҳати анҷом додани корҳои боқимондаи сохтмонии нақби «Истиқлол» санаи 4 сентябри соли 2011 Ёддошти тафоҳуми иловагии ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон ба маблағи 6,0 миллион доллари ИМА (50 фоиз аз ҳисоби гранти Ҷумҳурии Исломии Эрон ва 50 фоиз аз ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба имзо расид.
Моҳи декабри соли 2011 Ширкати паймонкори эронии «Собир» дар асоси лоиҳа корҳоро оғоз намуд.
Бо сабаби пайдо гаштани корҳои барқарорсозии иловагӣ ва азнавсозии канали заҳкаши обпарто дар нақби ҳаводиҳанда ба масофаи 1605 метри тӯлонӣ ҷиҳати иҷрои чорабиниҳо оид ба корҳои оббастӣ (сементатсия), кандани чоҳҳои заҳкаши иловагӣ дар деворҳои нақби асосӣ, бардоштани сатҳи бетони фарши нақби нақлиётӣ лоиҳа ба маблағи 9398000 доллари ИМА аз нав таҳия гардида, ба Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии лоиҳаҳои шаҳрсозии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Тибқи хулосаи Раёсати экспертиза маблағи харҷномавии корҳои боқимонда 9278852 доллари ИМА- ро ташкил дод. Дар ин маврид, барои корҳои сохтмонии боқимонда бо дарназардошти маблағи дар суратҳисоббуда (3400000 доллари ИМА) маблағи 5998 000 доллари ИМА лозим гардид.
Дар робита ба ин, 7 июли соли 2015 дар заминаи мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба идомаи бозсозии нақби «Истиқлол» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи умумии 5900000 доллари ИМА ба имзо расонида шуд, ки аз ин 2950000 доллари ИМА аз ҳисоби маблағҳои буҷетии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 2950000 доллари ИМА аз ҳисоби кумаки бебозгашти Ҷумҳурии Исломии Эрон мебошад.
Дар маҷмӯъ, танҳо барои корҳои сохтмонии нақб то ба имрӯз харҷи маблағи 61000000 доллари ИМА равона шуда истодааст, ки барои як километр корҳои нақбканӣ 12200 000 доллари ИМА рост меояд. Маблағи мазкур дар тафовут бо як километр корҳои нақбканӣ дар нақби Шаҳристон – 4600000 доллари ИМА, нақби Хатлон – 2182022 доллари ИМА, нақби Озодӣ – 2411555 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад .
Бояд зикр кард, ки нақби мазкур аз лиҳози иқтисодӣ ва молиявӣ, пеш аз ҳама, барои рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фароҳам овардани шароити мусоид, аз ҷумла кам кардани фосилаи вақт ва ҳаракати бемамониати воситаҳои нақлиёт дар тамоми фаслҳои сол барои интиқоли мусофирон, мол ва маҳсулоти ниёзи мардум аз минтақаи шимоли кишвар ба минтақаҳои марказӣ ва ҷанубӣ аҳамияти муҳими стратегӣ дорад.
Дар ин ҷода, қобили зикр аст, ки воситаҳои нақлиёт ҳангоми ҳаракат тавассути нақб, ки зиёда аз 30 км роҳ кӯтоҳ шудааст, ду соат вақтро, ки қаблан барои ҳаракат тариқи роҳи ағбаи Анзоб харҷ менамуданд, сарфа мекунанд.
Бо дарназардошти он ки муқаррароти Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ зарурати гузаронидани расмиётҳои дохилидавлатӣ ҷиҳати эътибори ҳуқуқӣ пайдо намудани онро талаб менамояд, лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба идомаи бозсозии нақби «Истиқлол» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ мувофиқа шудааст.
Бинобар ин, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба идомаи бозсозии нақби «Истиқлол» дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Шарипов Садридин Файзиевич дода мешавад.
Садридин ШАРИПОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромиқадр!
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба идомаи бозсозии нақби «Истиқлол» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур шудааст.
Лоиҳаи бозсозии нақби «Истиқлол» бо дарозии 5 км, дар соли 2003, бо маблағгузории муштараки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (7,8 миллион доллари ИМА) ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон (21,2 миллион доллари ИМА – қарз, 10,0 миллион доллари ИМА – кумаки бебозгашт) оғоз гардида, дар соли 2010 корҳои лоиҳавӣ аз сабаби пайдо шудани корҳои ғайричашмдошт ва норасоии маблағ қатъ гардиданд.
Бо мақсади анҷоми корҳои боқимондаи лоиҳа 4 сентябри соли 2011 – Ёддошти тафоҳуми иловагии ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба иҷрои бозсозии нақби «Истиқлол» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар ин замина 1 ноябри соли 2011 – Қарордод байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати паймонкори эронии «Собир» ба имзо расонида шуданд.
Дар асоси Ёддошти тафоҳуми иловагӣ, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 миллион доллари ИМА ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчун кумаки бебозгашт 3 миллион доллари ИМА барои иҷрои корҳои лоиҳавӣ ҷудо гардид ва моҳи декабри соли 2011 Ширкати паймонкори эронии «Собир» дар асоси лоиҳа корҳоро оғоз намуд.
Бо сабаби пайдо гаштани корҳои барқарорсозии иловагӣ ва азнавсозии канали заҳкаши обпарто дар нақби ҳаводиҳанда ба масофаи 1605 метр, ҷиҳати иҷрои чорабиниҳо оид ба корҳои оббастӣ (сементатсия), кандани чоҳҳои заҳкаши иловагӣ дар деворҳои нақби асосӣ, бардоштани сатҳи бетони фарши нақби нақлиётӣ, лоиҳа ба маблағи 9398000 доллари ИМА аз нав таҳия гардида, бо Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии лоиҳаҳои шаҳрсозии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа шудааст.
Дар робита ба ин, 7 июли соли 2015 Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба идомаи бозсозии нақби «Истиқлол» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи умумии 5900000 доллари ИМА ба имзо расонида шуд, ки аз ин 2950000 доллари ИМА аз ҳисоби маблағҳои буҷетии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 2950000 доллари ИМА аз ҳисоби кумаки бебозгашти Ҷумҳурии Исломии Эрон мебошад.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳояшон тасдиқ намудани Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба идомаи бозсозии нақби «Истиқлол» дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро пурра ҷонибдорӣ намуданд.
Созишномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад.
Аз ин лиҳоз аз шумо, муҳтарам вакилони мардумӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки тасдиқи Созишномаи мазкурро тарафдорӣ намоед.
Вобаста ба тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.
РАИС: — Ба муҳокимаи масъалаи навбатӣ мегузарем.
Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тухмипарварӣ» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Авзалшоева Бибидавлат Аскаршоевна дода мешавад.
Бибидавлат АВЗАЛШОЕВА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромиқадр!
Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тухмипарварӣ», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Латифзода, Б. Авзалшоева, М. Ахмедов ва Б. Садриддинов таҳия гардидааст, пешниҳод мешавад.
Мақсади пешниҳоди лоиҳаи қонуни мазкур тақвият бахшидани заминаи ҳуқуқии фаъолият дар соҳаи тухмипарварӣ, муайян намудани ваколатҳои мақомоти дахлдор ҷиҳати амалигардонии сиёсати давлатӣ дар соҳаи тухмипарварӣ, таҳкими ҷараёни истеҳсол, фурӯш ва истифодаи навъҳои растанӣ дар кишвар, мушаххас намудани истеҳсолкунандагони тухмии гурӯҳҳои аслӣ ва элитаи растанӣ, танзими давлатии санҷиши навъҳо ва ташкили фонди суғуртавии тухмии растаниҳо мебошад.
Лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда аз 13 қисм иборат буда, дар он ба 20 моддаи қонуни амалкунанда ворид намудани тағйиру иловаҳо пешбинӣ гардидааст. Инчунин ба се моддаи қонуни амалкунанда моддаҳои нав илова гардида, қисмҳои алоҳидаи баъзе моддаҳо дар таҳрири нав оварда шудаанд.
Бо дарназардошти муайян намудани заминаи ҳуқуқии нақша маҷмӯи тадбирҳо оид ба такрористеҳсолкунии навъҳо бо истифодаи усулҳои асоснокшудаи илмӣ моддаи 14- уми қонуни мазкур дар таҳрири нав ифода гардида, ҳамзамон моддаҳои 141.Феҳристи истеҳсолкунандагони тухмии гурӯҳҳои аслӣ ва элитаи растаниҳо ва 142. Истифодаи навъи растаниҳои ба Феҳристи давлатии навъҳо вориднашуда илова шудааст.
Моддаи 20 ба мақсади ҳамоҳанг сохтани фаъолият дар самти ташкили фонди суғуртавии тухмии растаниҳо дар таҳрири нав ифода шуда, ба қонуни мазкур моддаҳои нав 211. Муайян намудани сифати навъи тухмӣ ва 212. Санҷиши давлатии навъҳо илова гардидааст.
Ҳамчунин бо дарназардошти таҷрибаи қонунгузории Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар масъалаҳои марбут ба танзими давлатии тухмипарварӣ моддаи 29- уми қонуни мазкур дар таҳрири нав оварда шуда, моддаҳои 291. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тухмипарварӣ, моддаи 292. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатии идоракунӣ дар соҳаи кишоварзӣ оид ба тухмипарварӣ ва моддаи 293. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи тухмипарварӣ бо мақсади муайян кардани салоҳияти мақомоти дахлдори давлатӣ дар соҳаи мазкур пешниҳод гардидааст.
Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2015 таҳти №165 лоиҳаи қонуни мазкур барои додани хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Мутобиқи тартиби муқарраргардида кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хулосаҳо ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба лоиҳаи қонуни мазкурро пешниҳод намуданд.
Лоиҳаи қонуни мазкур аз тарафи субъектони номбурда ҷонибдорӣ ёфта, ҳамзамон 44 таклифу пешниҳод ирсол гардид, ки аз онҳо 40-тоаш қабул, 3-тои он қисман қабул ва 1-то қабул нашуд.
Кумитаи масъул санаи 30 сентябри соли 2015 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарм А. С. Фелалиев, намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз ҷониби иштирокдорони ҷаласа ҷонибдорӣ шуд.
12 октябр лоиҳаи қонуни мазкур дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон барррасӣ гардид ва он пешниҳодҳое, ки аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров баён гардиданд, бартараф ва дар маҷмӯъ, лоиҳаи қонун мукаммал гардонида шуд.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад ва аз Буҷети давлатӣ маблағгузориро талаб наменамояд.
Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тухмипарварӣ»-ро барои баррасӣ ба ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС:- Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидова Ҷамила Самадовна дода мешавад.
Ҷамила Саидова: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони арҷманд!
Тухмипарварӣ яке аз самтҳои муҳимтарин ва аввалиндараҷаи соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, дар истеҳсолоти кишоварзӣ мавқеи асосиро ишғол менамояд. Афзун намудани истеҳсоли зироатҳои кишоварзӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии онҳо аз истифода бурдани тухмиҳои хушсифат вобастагии калон дорад. Вазифаи асосии тухмипарварӣ таъмини хоҷагиҳо бо тухмии хушсифат, нигоҳ доштани тозагии навъҳо ва хусусиятҳои биологии онҳо мебошад.
Тухмипарварӣ на танҳо барои таъмини бозори дохилӣ, балки барои содирот низ нигаронида шуда, имконият медиҳад, ки самаранокии соҳа ва даромаднокии истеҳсолот моҳиятан баланд бардошта шавад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тухмипарварӣ» (аз 5 январи соли 2008 таҳти №355) асосҳои ҳуқуқии фаъолият оид ба истеҳсол ё такрористеҳсол, коркард, сертификатсия, фурӯши тухмӣ, ниҳол ва растаниҳо, инчунин ташкил ва бақайдгирии навъҳо ва назорати тухмиро муқаррар мекунад.
Мақсади ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тухмипарварӣ» мутобиқ намудани он ба меъёру ҳуқуқҳои байналмилалӣ, тақвият бахшидани заминаи ҳуқуқии фаъолият дар соҳаи тухмипарварӣ, муайян намудани ваколатҳои мақомоти дахлдор ҷиҳати амалигардонии сиёсати давлатӣ дар соҳаи тухмипарварӣ, таҳкими ҷараёни истеҳсол, фурӯш ва истифодаи навъҳои растанӣ дар кишвар, мушаххас кардани истеҳсолкунандагони тухмии гурӯҳҳои аслӣ ва элитаи растанӣ, танзими давлатии санҷиш ва бақайдгирии навъҳо ва ташкили фонди суғуртавии тухмии растаниҳоро дар бар мегирад, ки ин метавонад ба рушди соҳаи тухмипарварӣ самараи хуб бахшад.
Асоси татбиқи мукаммали қонун ин таҳия ва қабули ҳуҷҷатҳои меъёрии зерқонунӣ мебошанд, ки дар он мавриди амалӣ гардонидани қонун пурра таъмин мегардад.
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тухмипарварӣ» дар асоси бандҳои дахлдори он «Тартиби гузаронидани санҷиш, бақайдгирӣ ва ҳифзи навъҳои растанӣ» ва «Тартиби сертификатсияи тухмӣ, додани сертификатҳои тасдиқкунандаи навъ ва сифати тухмӣ»-ро таҳия намуда, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифтааст, ки айни замон Бозрасии назорати давлатии тухмӣ ва Муассисаи давлатии «Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳо» аз рӯи талаботи он фаъолият карда истодаанд.
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола барои амалӣ гардонидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тухмипарварӣ» ва рушди соҳа бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон стратегияю барномаҳоро таҳия ва амалӣ менамояд.
Тибқи амалӣ гардонидани «Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 майи соли 2009 таҳти № 297 тасдиқ гардида буд, корҳои муайяне ба иҷро расидааст. Гарчанде ин барнома аз ҳисоби Буҷети ҷумҳурӣ маблағгузорӣ нагардида бошад ҳам, бо дастгирии шарикони рушд аз ҳисоби лоиҳаҳои грантӣ ба қадри имкон пойгоҳҳои моддию техникии Бозрасии назорати давлатии тухмӣ, Муассисаи давлатии навъсанҷӣ, Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ, муассисаҳои илмии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва як қисм хоҷагиҳои махсуси тухмипарварӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мустаҳкам карда шуд.
Соли равон лоиҳаи Барномаи нави рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2016-2020 таҳия намуда, баъд аз мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад. Зарурати қабули барномаи нав дар он аст, ки бахши тухмипарварӣ айни замон ба тариқи зарурӣ фаъолият намекунад ва ба талабот пурра ҷавобгӯй нест. Талаботи хоҷагиҳо ба тухмии сифатан баланд қонеъ гардонида намешавад, тухмиҳои репродуксионӣ ва сифаташон паст кишт карда мешаванд, ки дар натиҷа ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ паст мегардад. Заминаи моддию техникии хоҷагиҳое, ки ба афзоиш додани тухмиҳо машғуланд, хеле ҳам суст гашта, техника, чӣ барои гузаронидани корҳои саҳроӣ ва чӣ барои тоза намудану коркарди тухмиҳо намерасад.
Маблағгузории давлатии соҳа басанда нест. Дар бахши хусусӣ бошад, барои тараққӣ додани тухмипарварии тиҷоратӣ заминаи моддӣ намерасад. Ғайр аз ин, заминаи моддию техникии пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ, ки ба селексия ва тухмипарварӣ машғуланд, суст буда, ҳамчунин талаботи зарурӣ барои тайёр намудани мутахассисони ҷавон дар самтҳои асосии тадқиқот, парвариш, истеҳсол ва маркетинги тухмӣ эҳсос карда мешавад.
Сарфи назар аз ин, мутахассисони вазорат якҷо бо олимони соҳа Барномаи инвеститсионии рушди соҳаи тухмипарвариро таҳия намуда, барои дастгирӣ ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.
Инчунин Консепсияи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 якҷо бо Ташкилоти озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) таҳия гардида, баъд аз мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор дар рӯзҳои наздик ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад.
Бо дарназардошти нукоти баёнгардида аз шумо, вакилони мардумӣ, дастгирӣ намудани лоиҳаи қонуни мазкурро хоҳиш менамоем, зеро тағйиру иловаҳои нав ба рушди соҳаи тухмипарварӣ равона гардида, дар истеҳсоли тухмии хушсифат, баланд бардоштани маҳсулнокии зироатҳои кишоварзӣ ва ба иҷрои яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат — таъмини амнияти озуқаворӣ мусоидат менамояд.
РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Қобилов Аҳматҷон дода мешавад.
Аҳматҷон ҚОБИЛОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони арҷманд!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тухмипарварӣ» дар Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибдорӣ гардид. ҳамзамон барои такмили он таклифҳо низ пешниҳод шуданд.
Дар ҳақиқат, вазъи имрӯзаи соҳаи тухмипарварӣ ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба қонуни амалкунанда тақозо мекунад. Дар лоиҳаи қонуни мазкур ваколатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми ваколатдори давлатии идоракунӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муайян гардидааст. Хусусан муайян намудани салоҳияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар таҳияи барномаҳои тухмипарварӣ дар маҳалҳо қобили қабул мебошад.
Инчунин асосҳои ҳуқуқии пешбурди Феҳристи давлатии навъҳо, ба ҷои Феҳристи навъҳои тиҷоратӣ ва Феҳристи истеҳсолкунандагони тухмии гурӯҳҳои асли растаниҳо барои танзими фаъолият дар ин соҳа мусоидат хоҳад кард.
Аз ин лиҳоз, вакилони муҳтарам, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзнома – Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» мегузарем.
Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умарзода Икром Ислом дода мешавад.
Икром Умарзода: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Мақсади таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур ин таъмин намудани бехатарии ҳаракат дар роҳ, ҳифзи ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон, пешгирии ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ ва баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ мебошад.
Тибқи моддаи 31-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» шаҳрвандоне, ки воситаҳои нақлиёти худро дар ҳолатҳои носози техникӣ, бо шишаҳои сиёҳу хира, рақамҳои қисму агрегатҳояшон ё аломатҳои бақайдгирии давлатиашон пинҳон ё бо роҳи сохтакорӣ тағйир дода шудаанд, инчунин воситаи нақлиётро бе ҳуҷҷатҳои ҳуқуқи идоракунӣ ё истифодабарии он идора менамоянд, воситаҳои нақлиёти онҳо боздошт шуда, то бартараф намудани камбудиҳои мазкур ё дидани чораҳои дахлдор дар истгоҳи махсус нигоҳ дошта мешаванд.
Аммо меъёри алоҳида оид ба воситаҳои нақлиётие, ки шаҳрвандон бо ҳуҷҷатҳои ҳуқуқи идоракунӣ ё ҳуҷҷатҳои ҳуқуқи истифодабарии муҳлати эътиборнокиашон гузашта идора менамоянд, мавҷуд нест. Аз ин лиҳоз, зарурат ба миён омадааст, ки дар сархати якуми банди «б» моддаи 31-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» меъёри алоҳида ворид карда шуда, тибқи он воситаҳои нақлиёте, ки бо ҳуҷҷатҳои ҳуқуқи идоракунӣ ё истифодабарии муҳлати эътиборнокиашон гузашта идора менамоянд, боздошт шуда, то бартараф намудани камбудиҳои мазкур дар истгоҳҳои махсус нигоҳ дошта мешаванд.
Қабули лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳои амалкунанда мутобиқат намуда, аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб наменамояд.
Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Мансурова Дилрабо Сайдуллоевна дода мешавад.
Дилрабо МАНСУРОВА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ»- ро, ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст, пешниҳод менамоем.
Иловаи ба қонуни мазкур воридгашта дар сархати якуми банди б) моддаи 31 ин баъд аз калимаҳои «ё истифодабарии воситаи нақлиёт» калимаҳои «ё гузаштани муҳлати эътиборнокии онҳо» мебошад, ки дар пуррагӣ банд ба мазмуни зайл таҳия мегардад:«идора кардани воситаҳои нақлиёт аз тарафи шахсон дар ҳолати мастӣ, ҳамчунин надоштани ҳуҷҷатҳо оид ба ҳуқуқи идоракунӣ ё истифодабарии воситаи нақлиёт ё гузаштани муҳлати эътиборнокии онҳо;».
Ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳояшон лоиҳаи қонуни мазкурро пурра ҷонибдорӣ намуданд.
Санаи 15 октябри соли 2015 дар ҷаласаи васеи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам А. С. Фелалиев, намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкур баррасӣ гардид ва аз тарафи иштирокчиёни ҷаласа ҷонибдорӣ карда шуд.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.
Вакилони гиромиқадр, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ»-ро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: — Оид ба масъалаи навбатии рӯзнома – Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ», сухан ба сардори Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Маҳмадсаид Борон дода мешавад.
Маҳмадсаид САИДЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» ҷиҳати пешгирӣ намудани хариду фурӯши воситаҳои нақлиёти автомобилӣ тариқи ваколатнома, бартараф намудани мушкилоти мавҷуда дар ошкоркунии ҷиноятҳои бо истифода аз воситаҳои нақлиёт содиршаванда, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт «Шаҳри бехатар», инчунин аз байн бурдани баҳсҳо оид ба иҷрои амрнома дар бораи таъини ҷаримаи маъмурӣ ва баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, таҳия ва пешниҳод шудааст.
Бояд зикр кард, ки мутобиқи қисми 1-уми моддаи 210 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатнома аз ҷониби як шахс ба шахси дигар додани ваколати хаттӣ барои намояндагӣ дар назди шахси сеюм дониста мешавад. Аммо тавре амалия нишон медиҳад, ин меъёри Кодекс ҳамчун асос барои муомилоти хариду фурӯши воситаҳои нақлиёти автомобилӣ аз ҷониби шаҳрвандон истифода гардида, хариду фурӯши воситаҳои нақлиёти автомобилӣ тариқи ваколатнома ба ҳолати муқаррарӣ мубаддал гардидааст. Шаҳрвандон воситаҳои нақлиёти худро на дар робита ба талаботи пешбининамудаи моддаҳои дахлдори Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон мефурӯшанд, балки хариду фурӯши воситаҳои нақлиётро тавассути барасмиятдарории ваколатнома амалӣ менамоянд.
Мутобиқи маълумоти мавҷуда танҳо дар давраи соли 2014 ва нуҳ моҳи соли ҷорӣ зиёда аз 80 ҳазору нуҳсад нафар соҳибони воситаҳои нақлиёт хилофи Тартиби бақайдгирии давлатии воситаҳои механикии нақлиёт ва ядакҳо, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 октябри соли 1999 таҳти №441 тасдиқ шудааст, бе аз ҳисоб хориҷ кардан ва рақамҳои бақайдгирии автомобилро ба воҳиди бақайдгирии Бозрасии давлатии автомобилӣ супоридан, воситаҳои нақлиёти автомобилиро тариқи ваколатнома хариду фурӯш намудаанд. Гузашта аз он, мутобиқи талаботи моддаи 212 Кодекси мазкур шахси ваколатдоршуда метавонад амалҳои хариду фурӯши воситаҳои нақлиётро ба шахсони дигар низ вогузор намояд, инчунин тибқи моддаи 53-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ» нотариуси давлатӣ ваколатномаро аз номи як ё якчанд шахс ба номи як ё якчанд шахс бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
Ҳамин тавр, доираи шахсони истифодабарандаи воситаҳои нақлиёт тибқи ваколатнома номаҳдуд мебошанд, ки ин ҳолат барои ошкоркунии ҷиноятҳои бо истифода аз воситаҳои нақлиёт содиршаванда ва муайян намудани шахси содирнамудаи ҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки тавассути воситаҳои махсуси техникии низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт сабт мешаванд, душворӣ ба миён овардааст. Аз рӯзи фаъолияти Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт «Шаҳри бехатар» зиёда аз 5500 амрномаҳои Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъини ҷаримаи маъмурӣ барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки тавассути воситаҳои махсуси техникии низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт сабт шудаанд, ба маблағи зиёда аз як миллион сомонӣ, бинобар муайян нагаштани шахси идоракунандаи воситаи нақлиёт дар вақти сабти ҳуқуқвайронкунӣ мавриди баҳс қарор доранд.
таҳлилҳо собит менамоянд, ки сабаби асосии амалӣ шудани хариду фурӯши воситаҳои нақлиёти автомобилӣ тариқи ваколатнома ин андози пасти боҷи давлатии ситонидашаванда (ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо) барои тасдиқи ваколатномаҳои ҳуқуқи истифода ва (ё) ихтиёрдории воситаҳои нақлиёти автомобилӣ барои дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мебошад. Ҳоло он ки барои амалӣ намудани хариду фурӯши воситаҳои нақлиёт ва бақайдгирии онҳо дар Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида 580 – 620 сомонӣ сарф мешавад. (аз қайди БДА баровардан – 65 сомонӣ, тасдиқнома — ҳисобномаи мағозаи комиссионӣ – 120 – 170 сомонӣ, боҷи давлатӣ – 17 сомонӣ ва рақами давлатию шаҳодатномаи бақайдгирии воситаи нақлиёт – 370 сомонӣ).
Лоиҳаи таҳияшуда зиёд намудани андозаи боҷи давлатиро барои анҷом додани тасдиқи ваколатномаи ҳуқуқи истифода ва (ё) ихтиёрдории воситаҳои нақлиёти автомобилӣ барои дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз 2 ба 15 нишондиҳанда барои ҳисобҳо пешбинӣ намудааст.
Қабули лоиҳаи қонуни мазкур имконият медиҳад ки:
- хариду фурӯши воситаҳои нақлиёт тариқи ваколатнома коҳиш дода шавад;
- шахсони идоракунандаи воситаи нақлиёт дар вақти сабти ҳуқуқвайронкунӣ муайян ва баҳсҳо оид ба иҷрои амрнома дар бораи таъини ҷаримаи маъмурӣ коҳиш ёбанд;
- оид ба рафъи мушкилоти мавҷуда дар ошкоркунии ҷиноятҳо бо истифода аз воситаҳои нақлиёт содиршаванда мусоидат намояд;
- интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ баланд гардад;
- иҷрои муқаррароти Тартиби бақайдгирии давлатии воситаҳои механикии нақлиёт ва ядакҳо, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 октябри соли 1999 таҳти № 441 тасдиқ шудааст, ҳангоми аз ҳисоб хориҷ кардани воситаҳои нақлиёт, таъмин гардад;
-барои тасдиқи шартномаҳои хариду фурӯши воситаҳои нақлиёт заминаи мусоид фароҳам оварда, баҳсҳо дар мавриди соҳибияти воситаҳои нақлиёти автомобилӣ аз байн бурда шаванд.
Қабули қонуни баррасишаванда ба манфиати ҷомеа буда, ҷиҳати пешгирӣ намудани хариду фурӯши воситаҳои нақлиёти автомобилӣ тариқи ваколатнома ва баланд бардоштани интизоми нақлиётӣ мусоидат хоҳад кард.
Бо дарназардошти нукоти зикргардида аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоев Олимҷон дода мешавад.
Олимҷон БОБОЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 октябри соли 2015 таҳти № 269 лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади аз байн бурдани хариду фурӯши воситаҳои нақлиёти автомобилӣ тариқи ваколатнома, ки дар аксар маврид замина барои ба миён омадани баҳсҳои гуногун мегарданд ва бартараф намудани мушкилоти мавҷуда дар ошкоркунии ҷиноятҳои бо истифода аз воситаҳои нақлиёт содиршаванда, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт «Шаҳри бехатар» дар мавриди муайян намудани шахсони идоракунандаи воситаи нақлиёт дар вақти сабти ҳуқуқвайронкунӣ, инчунин аз байн бурдани баҳсҳо оид ба иҷрои амрнома дар бораи таъини ҷаримаи маъмурӣ мебошад
Лоиҳаи қонуни мазкурро ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ карда, ҳамзамон чор таклиф пешниҳод намуданд.
Дар ҷаласаи васеи кумита лоиҳаи қонуни мазкур бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз таклифҳои пешниҳодгардида 1-тоаш қабул, 1-тоаш қисман қабул ва 2-тоаш қабул нагардид. Хатоҳои имлоӣ ва техникӣ ислоҳ шуданд.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.
Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, ба тарафдории он овоз диҳед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: — Ба муҳокимаи масъалаи навбатӣ мегузарем.
Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия» сухан ба сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Саъдӣ дода мешаванд.
Саъдӣ ҚОДИРЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони арҷманд!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия» бо мақсади мутобиқ намудани меъёрҳо ва бартараф кардани ихтилофот байни қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи монополияҳои табиӣ» ва «Дар бораи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия» таҳия гардидааст.
Сабаби асосии ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия» ин вуҷуд доштани ихтилофот байни талаботи қисми 1 моддаи 17-уми қонуни мазкур ва қисми 4 моддаи 9-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи монополияҳои табиӣ» мебошад.
Бояд зикр намуд, ки дар қисми 4 моддаи 9-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи монополияҳои табиӣ» тарифҳои неруи барқ ва гармӣ бо пешниҳоди мақомоти ваколатдор, яъне Хадамоти зиддиинҳисорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мешаванд, пешбинӣ гардидааст. Аммо тибқи талаботи қисми 1 моддаи 17-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия» бошад, нарх ва тарифҳои энергияе, ки аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия истеҳсол мешавад, танҳо аз тарафи мақомоти ваколатдори танзими фаъолияти субъектҳои монополияҳои табиӣ, яъне Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти хароҷоти истеҳсол ва дастгирии рушди истифодабарии энергия аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия барои фурӯхтан ба субъектҳои монополияи табиӣ муқаррар карда мешавад, пешбинӣ шудааст.
Аз ин лиҳоз, ҷиҳати бартараф намудани ихтилофот қисми 1 моддаи 17-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия» такмил дода шуда, дар таҳрири зайл ифода шуд:
«Нарх ва тарифҳои энергияе, ки аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия истеҳсол мешавад, бо дарназардошти хароҷоти истеҳсол ва дастгирии рушди истифодабарии энергия аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия барои фурӯхтан ба субъектҳои монополияи табиӣ бо пешниҳоди мақоми ваколатдори танзими фаъолияти субъектҳои монополияҳои табиӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.».
Бинобар ин, қабули лоиҳаи қонуни зикргардида ихтилофоти байни қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи монополияҳои табиӣ» ва «Дар бораи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия», инчунин такрори ваколатҳоро бартараф намуда, ба фарогирии танзими фаъолият дар самти муқаррар намудани нарх ва тарифҳои энергия равона мегардад.
Қабули лоиҳаи қонуни мазкур маблағгузории иловагиро аз Буҷети давлатӣ талаб намекунад.
Бинобар ин, аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.
РАИС:- Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Муҳиддиниён Пӯлод Муҳиддин дода мешавад.
Пӯлод МУҲИДДИНИЁН:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст, пешниҳод мешавад.
Лоиҳаи қонуни мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 сентябри соли 2015 таҳти №242 барои додани хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Лоиҳаи қонуни мазкур ҷиҳати бартараф намудани ихтилофот ба қисми 4 моддаи 9-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи монополияҳои табиӣ» таҳия гардидааст.
Бояд зикр намуд, ки дар қисми 4 моддаи 9-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи монополияҳои табиӣ» тарифҳои неруи барқ ва гармӣ бо пешниҳоди мақомоти ваколатдор, яъне Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мешаванд, пешбинӣ гардидааст.
Аммо тибқи талаботи қисми 1 моддаи 17-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия» бошад, нарх ва тарифҳои энергияе, ки аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия истеҳсол мешавад, танҳо аз тарафи мақоми ваколатдори танзими фаъолияти субъектҳои монополияҳои табиӣ, яъне Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти хароҷоти истеҳсоли энергия ва дастгирии рушди истифодабарии энергия аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия барои фурӯхтан ба субъектҳои монополияи табиӣ муқаррар мешавад, пешбинӣ шудааст.
Аз ин лиҳоз, ҷиҳати бартараф намудани ихтилофот, қисми 1 моддаи 17-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия» такмил дода шуда, дар таҳрири зайл ифода мешавад:
«Нарх ва тарифҳои энергияе, ки аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия истеҳсол мешавад, бо назардошти хароҷоти истеҳсол ва дастгирии рушди истифодабарии энергия аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия барои фурӯхтан ба субъектҳои монополияи табиӣ бо пешниҳоди мақоми ваколатдори танзими фаъолияти субъектҳои монополияҳои табиӣ, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд».
Аз тарафи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон оид ба лоиҳаи қонуни мазкур се таклифу пешниҳод ба кумитаи масъул ворид гардид. Кумитаи масъул дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ду таклифи пешниҳодшударо ба лоиҳа ворид намуд ва 1-тоаш қабул нагардид. Лоиҳаи қонуни мазкур ҷонибдорӣ карда шуд.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.
Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳишмандем, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия»-ро дастгирӣ намоед..
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: — Ба баррасии шумо масъалаи ниҳоии рӯзнома — Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда пешниҳод мешавад.
Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини якуми раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳиён Рустам Мирзохоҷа дода мешавад.
Рустам ШОҲИЁН: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи байнисоҳавӣ ва байнидавлатӣ доир ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, пешгӯӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда кӯшиш ба харҷ медиҳад.
Дар робита ба ин, бо мақсади вусъат додани робитаҳои дуҷониба доир ба табодули маълумотҳо, расонидани кумакҳо ҳангоми иҷрои корҳои бартарафсозиии ҳолатҳои фавқулодда ва дигар самтҳое, ки барои пурсамар намудани фаъолияти соҳа ва ташаккули фазои ҳамкории соҳавӣ шароити муносиб фароҳам меоварад, якҷо бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Қазоқистон лоиҳаи «Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда» таҳия гардида, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2014 таҳти №369 маъқул дониста шуд.
Рӯзи 6 сентябри соли 2014 зимни баргузории ҷаласаи 7-уми Шӯрои ҳамоҳангсозии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, ки дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, Созишномаи мазкур ба имзо расонида шудааст.
Мавриди зикр аст, ки Созишномаи байниҳукуматии дуҷониба ҳамкориҳои моро ба самти баланд мебардорад ва аксари кишварҳо ба ғайр аз созишномаҳои бисёрҷониба, ҳамчунин Созишномаи дуҷониба ба имзо расонида, равобити худро тақвият бахшидаанд.
Созишномаи мазкур имкон медиҳад, ки якҷо ва фаврӣ масъалаҳои рафъи ҳолатҳои фавқулодда, табодули таҷриба ва истифодаи технологияҳои муосир, тайёрии мутахассисон, гузаронидани машқҳои муштарак, татбиқи лоиҳаи муштараки байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда ҳал шаванд.
Вазорату идораҳо лоиҳаи Созишномаи мазкурро дастгирӣ карда, ҷиҳати амалӣ намудани ҳамкориҳои тарафайн омодагии худро изҳор намуданд.
Тасдиқи қарори мазкур имкон медиҳад, ки нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошта шавад.
Мутахассисони ҷонибҳо метавонанд оид ба масъалаҳои ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда, паст кардани хавфи офатҳо тадқиқотҳои муштараки илмӣ гузаронанд ва Шӯрои илмию техникӣ таъсис диҳанд.
Асосноккунии вазъи ҳуқуқӣ, молиявӣ ва иҷтимоии вобаста ба қабули лоиҳаи қарори мазкур аз буҷети давлатӣ маблағгузориро талаб наменамояд ва ҳамзамон ҳамкориҳои дуҷониба вусъат меёбанд.
Хулоса, бо қабули қарори мазкур такмилёбӣ ва ташаккул додани заминаи меъёрии ҳуқуқии байналмилалии соҳаи ҳолатҳои фавқулодда беҳтар гардида, иҷрои вазифаҳои хидматии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини саривақтии ёрии зарурӣ ба зарардидагон ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда бе мушкилот таъмин мешавад.
РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Сафаров Зайнудин дода мешавад.
Зайнудин САФАРОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда, ки 6 сентябри соли 2014 дар шаҳри Алмаато ба имзо расидааст, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Созишномаи мазкур тибқи Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 октябри соли 2015 таҳти №288 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Мақсади асосии Созишномаи номбурда аз ташкили механизмҳои манфиатноки паст намудани хатари офатҳои табиӣ ва коҳиш додани оқибатҳои онҳо, аз ҷумла имкони якҷо ва фаврӣ ҳал намудани масъалаҳои рафъи ҳолатҳои фавқулодда бо роҳи чорабиниҳои байнидавлатии мувофиқашуда, инчунин танзими ҳамкориҳои байналмилалӣ иборат мебошад.
Дар бораи мазмун ва моҳияти Созишномаи номбурда муовини якуми раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шоҳиён Рустам Мирзохоҷа маълумоти муфассал доданд, ки такрори онро лозим намешуморам.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи зикршударо мавриди баррасӣ қарор дода, бо пешниҳоди хулосаҳо онро ҷонибдорӣ намуданд.
Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро 15 октябри соли 2015 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дод.
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда аз ҷониби иштирокчиёни ҷаласа ҷонибдорӣ гардида, муайян карда шуд, ки он ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.
Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Вобаста ба тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.
Кори ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.
Ҷумъахон НАБОТОВ, Бурҳониддин КАРИМОВ, «Садои мардум».
Суратгир А. ИСОЕВ