Бисту чоруми октябри соли 2015 зимни музокироти расмӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ду ҷониб тафсилоти масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Япония баррасӣ шуданд.
Доир ба густариши робитаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ ва атрофи мавзӯъҳои минтақавию ҷаҳонии мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Япония барои дастгириҳои пайвастаи ин кишвар аз рушди иҷтимоии Тоҷикистон изҳори сипос карда, аз ҷумла тазаккур дод, ки бо кумаки техникию молиявии Япония дар Тоҷикистон беш аз 340 лоиҳаи иҷтимоӣ татбиқ шудааст.
Ба фаъолияти Агентии Япония доир ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) ва Муколамаи «Япония + Осиёи Марказӣ» баҳои баланд дода шуд.
Аз ҳамкорӣ дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ ҳам изҳори қаноатмандӣ шуда, аз ҷумла ёдоварӣ гардид, ки аз соли 1993 инҷониб 1800 мутахассиси Тоҷикистон дар курсҳои кӯтоҳмуддати бозомӯзӣ ва такмили ихтисос дар Япония таҳсил намудаанд. Дар ин давра бо кумаки Япония ҳамчунин даҳҳо муассисаҳои таълимӣ ва дигар иншооти иҷтимоӣ сохта ва ё навсозӣ шудаанд.
Ҳамзамон бо ин, таъкид гардид, ки кунун бояд аз лоиҳаҳои кумаки техникию гуманитарӣ ба ҷалби сармояи мустақим ва қарзҳои имтиёзии Япония ба иқтисоди Тоҷикистон гузарем.
Дар ин замина ба ҳамкорӣ дар бахшҳои саноат, кӯҳкорӣ, энергетика, нақлиёту роҳсозӣ, кишоварзӣ ва дигар бахшҳои бунёдии иқтисоди Тоҷикистон таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Бо ёдоварӣ аз фаъолияти босамари нахустин корхонаи муштараки Тоҷикистону Япония, ки бо номи «Аввалин» аз ҷониби соҳибкорони тоҷик ва ширкати японии «Коки» дар вилояти Хатлон таъсис ёфтааст, таъкид гардид, ки барои таъсиси шумораи зиёди корхонаҳои муштарак дар Тоҷикистон имконоти фаровон мавҷуд аст.
Барои рушди чунин ҳамгироӣ ҳамчунин ба имзо расонидани созишномаҳо доир ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва ташвиқу ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ зарур дониста шуд.
Рушди ҳамкории илмию техникӣ, аз ҷумла дар бахшҳои геология, гидрология, энергетика ва сейсмология судбахш номида шуд.
Тасмими Ҳукумати Япония доир ба таъини Сафири фавқулода ва мухтори ин кишвар дар Тоҷикистон аз оғози соли 2016 мавриди истиқболи хуш қарор гирифт.
Гуфтугӯйи судманд доир ба мавзӯъҳои минтақавию ҷаҳонӣ, аз ҷумла атрофи мушкилоти вобаста ба вазъи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Шарқи Наздик, пешгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгаройӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир сурат гирифт.
Дар робита ба мавзӯъҳои вобаста ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доир ба имконоти иштироки якҷояи Тоҷикистону Япония дар татбиқи лоиҳаҳои зербиноии минтақавӣ чун лоиҳаи энергетикии CASA-1000, лоиҳаҳои роҳсозӣ ва ғайра, ки ба рушди иҷтимоию иқтисодии ин кишвар ва кулли минтақа нигаронида шудаанд, табодули назар карда шуд.
www.president.tj