ХУРОСОН. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Дар хоҷагии давлатии ҷангали ноҳияи Хуросон соли ҷорӣ майдони умумии пистазор 100 гектар васеъ шуд. Ҷангалпарварон аз он дар ташвиш буданд, ки бо сабаби наборидани борон эҳтимол аст пистаҳои навкиштаашон хуб насабзад. Хушбахтона, борони рӯзҳои охир онҳоро дилпур гардонд, ки пистаҳо пурра месабзанд. Соли 2010 ҷангалпарварони хоҷагӣ дар майдони 300 гектар замин пистазори нав бунёд намуда буданд. Алҳол ниҳолакони писта аз 25 то 50 сантиметр қад кашида, хуб нашъунамо мекунанд.
Таҷрибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол нишон медиҳад, ки рӯзномаву маҷаллаҳо ва телевизиону радио ҳамчун яке аз воситаҳои асосии таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеа метавонанд ба ҳалли мушкилоти мавҷуда фаъолона мусоидат намоянд.
Эмомалӣ Раҳмон