Нимаи дуюми рӯзи 27 октябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории худ ҳамзамон Варзишгоҳи марказии ноҳияи Ҳисорро ифтитоҳ намуд.
Дар назди варзишгоҳ Сарвари давлатро сокинони ноҳия ва варзишгарон самимона истиқбол гирифтанд.
Тавре иттилоъ дода шуд, варзишгоҳ дорои 20 ҳазор ҷойи нишаст буда, бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст. Корҳои сохтмонӣ, тибқи лоиҳа, асосан аз тарафи ширкату мутахассисони ватанӣ ба сомон расонида шудааст.
Варзишгоҳи марказии ноҳияи Ҳисор бо маблағи бештар аз 42 миллион сомонӣ бунёд гардида, дорои шароити мусоид барои баргузории мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ, машқу тамрин ва кору фаъолият мебошад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи варзишгоҳи боҳашаматро барои рушди варзиш ва солимии ҷомеа дар мамлакат муҳим арзёбӣ намуд. Минбаъд дар ин ҷо мусобиқаҳои сатҳи баланд аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш доир мешавад ва ҳамзамон ҷавонону наврасони ноҳия ба тамрин машғул шуда, малакаи варзишии худро баланд мебардоранд.
Варзишгоҳ дар масоҳати 20 гектар бунёд ёфта, дар атрофаш гулу буттаҳои ороишӣ ва сояафкан шинонида шудааст. Дар ин иншооти муҳим, аз ҷумла утоқҳои корӣ барои доварон, ҷой барои истироҳат ва муолиҷаи варзишгарон, синфхонаи техникӣ, толор барои гузаронидани конфронси матбуотӣ, ҷойи либоскашӣ, ҳаммом ва дигар шароити мусоид мавҷуд мебошад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи варзишгоҳи марказӣ дар чорабинии сатҳи баланд, ки ба муносибати Ҷашни 3000-солагии Ҳисор доир гардид, иштирок ва суханронӣ намуд. Президенти мамлакат зимни суханронӣ нахуст ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун ва варзишгоҳи замонавиро, ки ба муносибати 3000-солагии Ҳисор бунёд ёфтаанд, туҳфаи арзандаи Ҳукумати мамлакат барои мардуми Ҳисори шодмон ва кулли Тоҷикистон маънидод намуд.
Сипас, бо иштироки аҳли ҳунар барномаи мукаммали театрикунонидашуда пешниҳод карда шуд, ки басо рангину диданӣ буд.
www.president.tj