Номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ИМРӮЗ ВАҚТИ ҚАВЛУ АМАЛ АСТ

№49 (3034) 22.04.2013

-мегӯяд номзад аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар интихоботи миёнадаврӣ аз ҳавзаи интихоботии Восеъ № 39 Зайнудин Сафаров

 

МУАРРИФИНОМА

ЗайнудинСафаровПлакатЗайнудин Сафаров 10 январи соли 1956 дар деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик таваллуд шудааст.

Ӯ соли 1973 мактаби миёнаи рақами 8-уми ноҳияи мазкур, соли 1980 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро бо ихтисоси зооинженер, соли 1991 Донишкадаи шаҳри Тошканд (бо дипломи аъло) ва соли 2010 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм кардааст.

Зайнудин Сафаров солҳои 1973- 1974 дар вазифаи коргари совхози «Кангурт» — и собиқ ноҳияи Совет (ҳоло Темурмалик), солҳои 1974-1975 муҳандиси идораи пиллахушккунии ноҳияи мазкур, солҳои 1976-1977 ва 1980-1981 зоотехники Иттиҳодияи зотпарварии ноҳияи Восеъ, солҳои 1981-1983 инструктор, котиби шуъбаи мактубҳо, котиби дуюми Кумитаи комсомоли собиқ ноҳияи Совет, солҳои 1983-1987 котиби аввали Кумитаи комсомоли ноҳияи Ховалинг, солҳои 1987-1988 инструктори шуъбаи хоҷагии қишлоқ ва саноати хӯроквории Кумитаи Ҳизби коммунисти собиқ вилояти Кӯлоб, солҳои 1988-1989 мудири шуъбаи хоҷагии қишлоқи Кумитаи Ҳизби коммунисти ноҳияи Ховалинг, солҳои 1991-1992 инструктори шуъбаи комплекси агросаноатии Кумитаи Ҳизби коммунисти собиқ вилояти Кӯлоб, солҳои 1992-1994 мудири шуъбаи амволи давлатии Ҳукумати ноҳияи Ховалинг, солҳои 1994-1996 ҷонишини директори генералии Ҷамъияти саҳомии Кангурт, солҳои 1996-2000 мушовири калони Кумитаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати аграрӣ, озуқа ва шуғли аҳолӣ, солҳои 2000-2001 сармутахассиси шуъбаи комплекси агросаноатии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2001-2006 муовини аввали директори Агентии таъмини амволи махсуси назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2006-2009 раиси Кумитаи иҷроияи Душанбегии Ҳизби аграрии Тоҷикистон, солҳои 2009-2010 муовини директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз соли 2010 то соли 2013 ба сифати муовини аввали директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Оиладор, соҳиби се фарзанд.

Зайнудин Сафаров дар конференсияи Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар интихоботи миёнадаврии ҳавзаи интихоботии Восеъ №39 ҳамчун номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шудааст.

Хабарнигори рӯзнома бо Зайнудин Сафаров оид ба барномаи пешазитихоботӣ ва чигунагии ҷараёни вохӯриҳояш бо интихобкунандагон мусоҳиба орост.

 

- Шарҳи ҳолатон бозгӯйи он аст, шумо барои дастёб шудани ваколати намояндагӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба дигар номзадҳо имконияти бештар доред. Ба мушоҳидаву андешаи мо розӣ ҳастед?

- Бале. Агар чунин намебуд, иштирокчиёни конференсияи Ҳизби аграрии Тоҷикистон ин масъулиятро ба дӯши ман намегузоштанд. Ҳашт сол инҷониб узви ин ҳизб ҳастам ва барои ҳизби мо ва шахсан барои ман ҳамчун зодаи ҳамин ҳавза, хуб аён аст, ки интихобкунандагони ҳавзаи интихоботии Восеъ №39 мавқеи ҳизби моро ҳамеша дастгирӣ мекунанд. Ҳавзаи интихоботии Восеъ №39 як қисмати ноҳияи Восеъ ва ҳудудҳои ноҳияҳои Темурмалику Балҷувонро пурра дар бар мегирад. Вакили собиқи ҳавза дар Маҷлиси намояндагон Рустам Латипов, ки иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Восеъ таъин гардиданд, дар интихоботи моҳи феврали соли 2010 аз ҷониби интихобкунандагони ҳавзаи мазкур хуб дастгирӣ ёфта буданд. Боварӣ дорам, ки интихобкунандагони ҳавза ин навбат низ дар интихоботи миёнадаврӣ, мисли дафъаи гузашта, аз номзади Ҳизби аграрии Тоҷикистон пуштибонӣ мекунанд.

- Албатта, сабқате, ки имрӯз миёни чор нафари шумо, номзадҳои ҳавза, ҷараён дорад, аз бисёр ҷиҳат ба сатҳи маърифатнокии интихобкунандагон вобаста аст. Худ шоҳид ҳастед, ки интихобкунандаи имрӯза, дигар чун интихобкунандагони солҳои қаблӣ, ба калӯшу собун ниёз надорад. Ӯ хуб медонад, ки ҳимояи манфиатҳои вай дар Маҷлиси намояндагони кишвар вазифаи аслии вакил ҳасту бас. Ҳоло барои аз тарафи интихобкунандагон ҷонибдорӣ пайдо кардан барномаи хуби амалишавандаи пешазинтихоботӣ лозим аст. Оё шумо чунин барнома доред?

- Бе ҳадафу бе чунин барнома ба майдон баромадану бо интихобкунандаи худ рӯ ба рӯ шудан маъно надорад. Ҳадаф ва мавқеи ман ҳамчун номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин саҳмгузорӣ дар роҳи таъмини зиндагии арзанда барои ҳар шаҳрванди Тоҷикистони азиз, ба хотири рушди босуботи иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварамон аст. Самтҳои асосии барномаи пешазинтихоботии банда, пеш аз ҳама, аз Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби аграрии Тоҷикистон сарчашма гирифта, мақсади он тавассути иштироки фаъолона дар фаъолияти қонунгузорӣ, мусоидат ба амалӣ гаштани волоияти қонун дар ҷомеа, таҳкими асосҳои давлати демократию ҳуқуқбунёд, ҳифзи озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар заминаи дастёбӣ ба рушди устувори иқдисодии кишвар ва ислоҳоти пайгиронаи низоми ҳифзи иҷтимоӣ, боз ҳам беҳтар гардидани зиндагии мардуми Тоҷикистон мебошад. Дар сурати пирӯз гаштан ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданам ҳадафҳои зеринро асоси фаъолият қарор медиҳам: Дар самти иқтисодӣ ин ноил шудан ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти ғизоӣ», назорати давлатии нархҳои мавод ва хизматрасониҳои бахшҳои асосии иқтисодиёт, бахусус комплекси сӯзишворӣ ва таҷдиди системаи андозбандӣ бо мақсади барангезонидани ҳавасмандӣ ҷиҳати рушду нумуи истеҳсолоти кишоварзӣ мебошад. Дар сиёсати аграрӣ бошад, ин тағйирнопазирии ҳуқуқҳои деҳқон барои интихоби озод ва мустақили хоҷагидорӣ, эҳёи истеҳсолоти бузурги кишоварзию комплекси агросаноатӣ, таҷдиди сиёсати қарздиҳӣ дар соҳаи кишоварзӣ, кам кардани андозҳо барои молистеҳсолкунандагони агросаноатӣ ва андозситонии имтиёзнок барои дастгирӣ ва таъмини даромади устувори кишоварзӣ, пешниҳод ва қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қатъиян манъ кардани истифодаи заминҳои кишоварзӣ ба дигар мақсадҳо», истифодаи самараноки заминҳои таъиноти кишоварзӣ ва ниҳоят таблиғи мафкураи нигаҳдории табиат ва рушди маърифати экологӣ аз ҳадафҳои банда аст. Дар самти иҷтимоиёт, сиёсати ҷавонон ва дигар самтҳои муҳими ҳаёт ният дорам, ки дар таъмини ҳифзи иҷтимоии ашхоси камбизоат, маъюбон, нафақагирон, пешбарии ҷавонон ба вазифаҳои интихобию мартабаҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва дастгирии давлатии оилаҳои ҷавон мусоидат намоям. Нуктаҳои мазкур танҳо номгуйи мухтасарест аз барномаи пешазинтихоботии ман.

- Мо бо барномаи пешазинтихоботии шумо ошно шудем ва воқеан ҳам дар он ба бисёр паҳлуҳои ҳаёти имрӯзаи ҷомеа ишораҳо рафтааст. Дар робита ба ин пурсиданиам, ки зимни вохӯриҳо интихобкунандагон аз барномаи шумо чӣ гуна истиқбол намуданд?

- Дар ибтидои суҳбат зикр намудед, ки интихобкунандаи имрӯза аз интихобкунандаи солҳои қаблӣ хеле тафовут дорад.Ба мушоҳидаи шахсии ман низ маърифати ҳуқуқии интихобкунандаҳо хеле боло рафтааст.Акнун онҳо аз назария дида, амалияро бештар ҷонибдорию дастгирӣ мекунанд, яъне имрӯз сухани хушку холӣ ба касе лозим нест. Аз сухан то амал бошад, фарсахҳо роҳ аст. Албатта, тай кардани ин роҳ кори саҳлу осон нест. Имрӯз замони қавлу амал аст. Қавлу амал бошад, сифати мардони банангу номус ва ҳақиқист. Ман худро бидуни худнамойӣ, мансуби ҳамин гуна ашхос меҳисобам. Дар сурати аз ҷониби интихобкунандагони ҳавза ҷонибдорӣ пайдо карданам тамоми донишу неруи дар ихтиёр доштаамро сарфи иҷрои пурраи барномаи пешазинтихоботии хеш ҳоҳам кард.

Дар вохӯрию мулоқотҳои баргузоршуда интихобкунандагон хеле фаъол буданд ва аксари онҳо берун аз муҳтавои барномаҳои мо-номзадҳо низ суолу ҷавоб мекарданд, ки чунин муносибат боиси қаноатмандии мо гардид. Махсусан вохӯриҳои якҷояи мо, номзадҳо, бо омӯзгорони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 1, 7, 11, 14 ва 50- уми ноҳияи Восеъ хеле хотирмон сурат гирифтанд. Мо ба масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ, бахусус раиси ҳавзаи интихоботӣ Муҳаммадёр Давлатёров изҳори миннатдорӣ мекунем, ки барои мо шароити хуби вохӯриҳоро бо интихобкунандагон фароҳам овардаанд.

- Тавре дар ҷараёни вохӯриҳо бо интихобкунандагон мушоҳида кардем, интихобкунандагони мо ҷонибдори раванди гуногунандешианд. Пас дар ин маврид андешаҳои шуморо ҳамчун номзад аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон оид ба сиёсати аграрӣ донистан мехостем.

- Моро зарур аст, ки дар қиёси стратегияи пешгирифтаи ҷаҳони муосир ба ояндаи кишоварзии Тоҷикистон дурбинона ва эҷодкорона назар афканем.Онро бо азбаркунии дастовардҳои илмию техникӣ, ҷорӣ намудани технологияи навтарину ба иқтисодиёти бозор рақобатпазир ва таъсирбахш эҳё намоем.

Ҳизби аграрии Тоҷикистон тадбирҳои барои барқарор ва рушди соҳа андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дигар ҳизбҳоро ҷонибдорӣ менамояд. Дар навбати аввал ду омил: яке пайваста тадбирандешӣ оид ба ҷорӣ намудани дастгирии давлатии соҳа ва дигаре қадршиносии замин ва оқилона истифодабарии он, чун тадбирҳои судманд ба назар мерасанд. Заҳмати деҳқон ва илми деҳқонӣ комилан дар ҳифзу ҳимояи Давлат ва Ҳукумат қарор гирифтанаш ба мақсад мувофиқ аст. Воқеан ҳам дар кишварҳои олам оид ба оқилона истифода бурдани захираҳои обу замин барномаҳои махсуси иқтисодӣ ба тасвиб мерасанд, зеро амнияти ғизойӣ ба қисми таркибии амнияти миллӣ маҳсуб аст. Дар ниҳоят, ибтидо ва интиҳои амнияти миллату давлат, аз ҷумла аз истифодаи замину оби он маншаъ мегирад.

-Ҳамчун номзад ба интихобкунандагони хеш чӣ хоҳишу таманниёте доред?

- Хоҳиш дорам, ки интихобкунандагон то рӯзи интихобот, яъне то 5-уми май, фаъолияти гузаштаву имрӯзаи мо, номзадҳоро, ҳамаҷониба таҳлилу таҳқиқ карда, дар интихобот фаъолона ширкат варзанд.Ҳамаи мо, номзадҳо, пайвандону фарзандони ҳамин ҳавзаи интихоботием ва табиист, ки ҳар яки мо орзую ормони пирӯз шудан дорем ва тақдири ин пирӯзӣ танҳо ба мавқеи интихобкунандагони азиз вобаста аст…

 

Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ,

 «Садои мардум»