Гусели ихтиёриён ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ

№49 (3034) 22.04.2013

Маъракаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, аз ҷумла дар шаҳри Исфара, муташаккилона идома дорад.

Чуноне котиби матбуотии раиси шаҳри Исфара Иқбол Тешаев иттилоъ дод, ба наздикӣ 50 нафар даъватшавандаҳои ҳудуди шаҳр, ки аз онҳо 35 нафарашон ихтиёрӣ, барои хизмати Модар Ватан – омада буданд, ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуданд.

- Маъракаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар ҷамоатҳои деҳоти «Навгилем», «Кӯлканд» ва «Чилгазӣ» хуб ба роҳ монда шудааст, — гуфт Иқбол Тешаев.

Бояд зикр намуд, ки дар ҷараёни маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷрои нақша дар шаҳри Исфара даҳ рӯз қабл аз анҷоми маърака таъмин гардида буд.

 

М. АБДУЛЛО, «Садои мардум»