Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо намояндаи Бонки Рушди Осиё

№49 (3034) 22.04.2013

Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо намояндаи Бонки Рушди Осиё дар Тоҷикистон Си Си Йу, ки бо сафари корӣ ба вилоят омад, мулоқот намуд.

Дар мулоқот аз густариши муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкориҳои босамар бо Бонки Рушди Осиё таъкид гардид ва ҷонибҳо оид ба тавсеаи ҳамкорӣ дар самти рушди соҳибкорӣ, солимгардонии фаъолияти шабакаҳои обрасонии ноҳияҳои Ашт, Мастчоҳ ва Зафаробод, бобати амалишаваии лоиҳаи таъминоти неруи барқи ноҳияи Ашт мубодилаи судманд намуданд.

Намояндаи Бонки Рушди Осиё зимни сафари корӣ аз Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», осорхонаи вилоятӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии вилоят ва корхонаи муштараки «Ҷавонӣ»-и шаҳри Хуҷанд дидан кард.

 

Мухтори АБДУЛЛО,

«Садои мардум»