Дар комилтарин намоишҳо ҳамаи иҷрокунандагон нақшҳоро хеле аъло бозӣ мекунанд. Фарқ карда намешавад, ки ҳунарпеша дар иҷрои нақши асосӣ банд аст ё дар нақши хурд. Ҳама баҳри ифодаи як нияту мақсад дар саҳна хизмат мекунанд.
Пешқадамтарин ҳайати эҷодии ҷумҳурӣ Муассисаи давлатии «Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ» соли 1941 (давраи гул-гулшукуфиаш) дар баъзе намоишномаҳо ба ин дараҷа расида буд. Ҳоло ин гуна бартариҳо ба мушоҳида намерасанд, вале хуб иҷро намудани нақшҳои хурдҳаҷм аз байн нарафтааст. Чунин ҳунарпешагон ёфт мешаванд.
Яке аз онҳо Аловуддин Абдуллоев аст. Ӯ шуъбаи актёрии собиқ Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода (ҳоло Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода)-ро хатм намуда, дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа кор мекунад. Ӯро рӯзҳои Ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ — «Парасту» дар пойтахти кишвар якчанд бор дида будам. Нақшҳои иҷронамудаи ин ҳунарвари ҷавону соҳибистеъдод зуд таваҷҷуҳамро ҷалб намуд. Истеъдоди хоса дорад. Бори аввал ҳунарнамоиашро соли 1990 дар Ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ -«Парасту», ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид ва коргардон Барзу Абдураззоқов намоиши таҳиякардааш — «Антигона» (асари Ж.Ануй)-ро нишон дод, дидам. Аловуддин дар он нақши хурдакаки яке аз посбонҳоро иҷро намуда, эҷодкориашро пурра зоҳир кард. Симои офаридааш дорои хулқу хӯи мушаххас буд. Шоҳ Креонтии сахтгир ин посбонро мепурсид, ки чӣ тавр ҷиянаш Антигона шабона рустӣ пайдо шуда, ба болои ҷасади беҷони бародараш Полиник хок пошидааст. Забони посбон дар иҷрои Аловуддин Абдуллоев назди шоҳ аз тарсу ваҳм мегирад, ба ҳаяҷон меояд, мушоҳидаҳояшро батартиб нақл карда наметавонад, дудила мешавад. Назди мо як одами одиву гӯлу нодон, басо хира тасвир ёфт, ки ба ҳокими худ итоаткору содиқ асту вазифаашро ҳалол иҷро намудааст, вале вақти пурсиш дасту по гум кардааст. Ҳунарвар симои шахси тарсончаки ноуҳдабароро табиӣ иҷро карда тавонист.
Баъди ҳафт сол ман боз бо ин ҳунарпеша вохӯрдам, ки ӯ хеле пеш рафта буд. Ин дафъа Театри мусиқӣ – мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа дар Ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ — «Парасту» намоишномаи аз рӯи мазҳакаи драманависи асри XVII Ж. Б Молйер «Найрангҳои Скапен» таҳиянамудаашро овард. Ин асар пештар дар саҳнаи тоҷик гузошта шуда буд. Вале ҳозир таровати тоза пайдо кардааст. Онро худи Аловуддин Абдуллоев дар саҳна гузошта, нақши асосӣ Скапенро аҷиб бозӣ кардааст. Намоишномаи офаридаи ҳунарпеша ҳамчун як бозёфт барои мо гардид ва ҳамаро мафтун намуд. Ороиши намоиш, либосҳои он тахминӣ буданд. Тамоми таваҷҷуҳи коргардон ба ифодаи мазмуни спектакл равона буд. Спектакл тамошобоб буд. Дар он ҳатто аз саҳна гузашта рафтани ду духтар дар хотир нақш мебаст. Чизҳои беҷон — курсӣ, асо, халта ва ҳоказо низ дар рафти намоиш «зинда» гардида, фаъолона иштирок доштанд ва муҳити хандаро барпо месохтанд. Бори гарони намоишро худи иҷрокунандаи нақши Скапен — Аловуддин Абдуллоев бар дӯш дошт. Ҳамаи воқеаҳо дар атрофи ӯ сар мезананд. Тамоми вуҷуди ҳунарпеша ба ҳаракат даромада, гӯё забон пайдо кардаанд. Скапен дар иҷрои Аловуддин ҷавони табиатан зирак ва доно буда, душвориҳоро паси сар мекунад. Ӯ хӯҷаинҳои бадавлати камақлро оқилона фиреб дода, ба ду ҷавони ошиқ кумак мерасонад. Тавассути бозии шавқовари ӯ намоишномаи мазкур муваффақият пайдо намуда, таваҷҷуҳи тамошобинонро ба худ ҷалб кард.
Боз як намоиши ин театр, ки дар «Парасту» нишон дода шуду ба мардум писанд омад, «Оршин мололон» мебошад. Спектакл аз ҷиҳати ҳунари коргардонӣ камбудиҳои зиёде дошт. Режиссёр асари ҷовидонии Узеир Ҳоҷибековро бо сабку услуби нав ба саҳна гузоштааст. Ӯ иштирокчиёни намоишномаро рӯ ба рӯи тамошобинон ҷойгир намуда, ба хандондани бинандагон афзалият додааст. Ороиши спектакл, дастаи навозандагон басо хоксорона буд. Сарфи назар аз ин омилҳо, мусиқии хуби оҳангсози озарӣ ва бозии хуби баъзе иҷрокунандагон, хусусан Аловуддин Абдуллоев, комёбии спектаклро таъмин намуд.
Айни замон телевизиони тоҷик дар симои ин ҳунарпешаи ҳамакора беҳтарин иҷрокунандаи нақшҳои хурдҳаҷмро дарёфтааст. Дар ҳақиқат, Аловуддин Абдуллоев тавассути саҳначаҳояш оҳиста-оҳиста театри як актёри мумтозро ба вуҷуд овард. Вай анъанаи марҳум Маҳмудҷон Воҳидовро барқарор намуд, театри худро таъсис дод. Устоди нақшҳои хурдҳаҷм буданашро тавассути офаридани хулқу атвори гуногуни мардум тасдиқ кард. Дар кирдору рафтор, имову ишора, ҳаракат, тарзи суханронӣ, либоспӯшӣ, сифатҳои ба қаҳрамон хосро ба даст оварда, бо ин эҷодкориаш фардияти образро таъмин намуд. Ҳангоми занонро тасвир намудан либоси занона пӯшад ҳам, мард буданашро пинҳон намедорад, қаҳрамонашро масхара намекунад. Вале бо ду- се васила нозу карашмаи бонуеро инъикос намуда, ба симои офаридааш ҷозибае ато менамояд. Тамошобин аз бозии ӯ ҳазар накарда, диданашро идома медиҳад.
Дар замоне ки аксари ҳунарпешагон побанди намоишҳои сусти коргардонҳои камҳунаранд, худ мустақилона ҷустуҷӯйро ба роҳ монда, роҳҳои наву образофариро меёбад. Аловуддин Абдуллоев як қатор нақшҳои хурдҳаҷмро аҷиб иҷро намуда, мактаби худро ба вуҷуд овардааст.
Ҳунарпешаи дӯстдоштаи мардум Аловуддин Абдуллоев ҳоло ҷавон ва дар айни камолоти эҷодист. Ба ӯ умри дарозу комёбиҳои тозаи эҷодӣ ва навоварӣ орзумандем.
Низом НУРҶОНОВ, доктори илмҳои санъатшиносӣ