Ҳамроҳи роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Тоҷикобод Тоҳирҷон Устоев вориди бинои ҷамоати деҳоти «Ширинчашма» гардидем. Моро котиби ҷамоат Маҳмадмӯсо Мазоқов пешвоз гирифт ва боодобона арз кард, ки раиса дар деҳаи ҳамсоя бо занон вохӯрӣ дорад ва баъди анҷом додани суҳбат меояд. Мо ҳамроҳи котиби ҷамоат то омадани раиси Ҷамоати деҳоти «Ширинчашма» Ғафурова Шуълабибӣ Кулуловна бо фаъолияти маъмурият шинос шудем, ба муассисаҳои фарҳангӣ — фароғатӣ ва муассисаи таълимию беморхонаи минтақавӣ рафтем.
Деҳоти «Ширинчашма» 17 июли соли 2003 ташкил шудааст ва аз шаш деҳа иборат мебошад. Дар ин деҳаҳо 634 оила, ҷамъ 4296 нафар зиндагӣ мекунанд. Дар ҳудуди деҳот ду муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, се муассисаи таҳсилоти умумии ибтидоӣ, ду интернати наздимактабӣ, як беморхонаи минтақавӣ, як бунгоҳи тиббӣ, як китобхона, як хоҷагии деҳқонии коллективӣ, 248 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ, се ширкат, як нуқтаи пахши барномаҳои телевизионӣ, ду нуқтаи пахши мавҷи телефонҳои мобилӣ, 11 фурӯшгоҳ, як устохонаи оҳангарӣ, як устохонаи коркарди чӯб ва панҷ осиёи барқӣ фаъолият мекунанд.
Ман дар як деҳоти дурдасти кӯҳистон бинои зебо, шароити мусоид ва бо таҷҳизоти ташхисӣ таъмин будани беморхонаи минтақавиро тамошо мекардаму дар ҳайрат мемондам.
- Раиса зани оқилу кордон аст,- гӯё андешаҳои маро пай бурда, садо баланд мекунад Тоҳирҷон Устоев. – Барои ба мақсад расидан мардона талош меварзад. Ноумед намешавад. Аз он ки на ҳамеша баъзе аз масъулин суханашро ба эътибор мегиранд, намеранҷад. Кӯшиш мекунад, ки ҳақиқати ҳолро ба самъи онҳо расонад. Масалан, вақте ки бо соҳибкорон оид ба вазъи беморхонаи минтақавӣ суҳбат кард, соҳибкорон Аминҷон Шарифов, Эмом Исмонов, Абдулҳафиз Исмонов боз чанд нафари дигар розӣ шуданд, ки дар таъмири беморхона саҳм гузоранд. Ҳамин тариқ, беморхона таъмир шуд. Имрӯз на танҳо сокинони деҳоти «Ширинчашма», балки беморон аз дигар деҳаҳо, ҳатто аз ноҳияҳои ҳамсоя барои табобат ба ин ҷо меоянд.
Ба истифода додани чойхона — фароғатгоҳ дар деҳаи Ширинчашма бо дастгирии сокинони деҳа ва соҳибкорон, кашидани хатти оби нӯшокӣ аз масофаи ҳашт километр бо маблағи 40 ҳазор сомонӣ аз ҷониби соҳибкор Азим Иброҳимов, бунёди бинои маъмурӣ бо дастгирӣ ва маблағгузории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, бунёди интернати наздимактабӣ аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ, сохтмони интернати наздимактабӣ бо маблағгузории Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Америка ва дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ, таъмири роҳи мошингард аз маркази ноҳия то маркази деҳот ва ғайра аз қабили корҳое мебошанд, ки бо талош ва кӯшишҳои пайвастаи раиси Ҷамоати деҳоти «Ширинчашма» Ғафурова Шуълабибӣ амалӣ шудаанд.
Мо баъди ошноӣ бо муассисаҳои фарҳангӣ, маориф ва тандурустӣ бо раиси ҷамоат вохӯрдем. Ӯ баъди вохӯрӣ омадани моро шунида мунтазир истодааст.
- Агар хабар медоштам, шуморо интизор намекардам,- узромез гуфт раиса. – Ҳар ҳафта як рӯзро барои вохӯрӣ бо занон ҷудо кардаем. Дар атрофи танзими расму оин, масъулияти падару модар, мақоми зан дар оила ва ҷомеа, ҷалби духтарон ба таҳсил ва таълими духтарон бо онҳо суҳбат мекунем.
- Ҳеҷ гап нашудааст, раиса, -ҳалимона посух дод Тоҳирҷон Устоев. — Ман хабарнигори рӯзномаи дӯстдоштаамонро бо дастовардҳои шумо шинос кардам.
- Имрӯз ҷаласаи вакилони ҷамоат тибқи нақша баргузор мегардад,- гуфт раиса, агар хоҳиш дошта бошед, метавонед ширкат варзед. Иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро мавриди баррасӣ қарор доданием. Ин масъала дар ин рӯзҳо хеле муҳим аст. Пӯшида нест, ки ҷавонони бетаҷриба аз ҳама бештару пештар ба доми фиреби каҷрафторон меафтанд. Ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ҳамроҳ шудани ҷавонон ҷомеаи имрӯзаро ба ташвиш овардааст.
- Дар деҳоти шумо теъдоди чунин фиребхӯрдаҳо чанд нафаранд?- мепурсам аз раиси ҷамоат.
- Шукри Худованд, ки то имрӯз ягон нафар ба қайд гирифта нашудааст, аммо сухан дар бораи ҷавонони ҷумҳурӣ меравад. Ман, пеш аз ҳама, модар ҳастам ва намехоҳам, ки ба пойи як фарзанди тоҷик хоре халад. Дарди фарзанд барои тамоми модарони тоҷик мушкил аст. Ба ҳамин хотир корҳои фаҳмондадиҳиро хуб ба роҳ монданием, то ҷавонони мо дар рӯҳияи созандагию ободкорӣ ба камол расанду фақат дар хизмати халқу Ватани азизамон бошанд.
Ман замоне дар деҳа фаъолияти меҳнатиамро оғоз кардам, ки як нафар зан — депутати Совети Олии Иттифоқи Ҷумҳуриҳои Советии Сотсиалистӣ -шодравон Сониябибӣ Муҳаббатова қатори мардон мардона заҳмат мекашид. Ин зани зебо ҳар гоҳ савори аспи саманд барои назорати кори чорводорон мебаромад, мо бо ҳавас ба ӯ менигаристем. Ҷасорату сухандонӣ, заҳматкашию ҷонфидоиҳояш барои ободии Ватан моро мафтун мегардонд. Хушбахтона, ҳамроҳи ӯ кор кардам ва аз таҷрибаи вай, аз мактаби роҳбариаш баҳра бурдам. Шукрона, ки имрӯз шумораи занони соҳибтаҳсилоту фаъол дар ҳудуди деҳоти мо хеле афзудааст. Истиқлолият барои мо чунин шароитро фароҳам овард. Хоса, баъди он ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа тадбирҳои зарурӣ андешид. Мо — занҳо аз ғамхориҳои Сарвари давлат ҳамеша ёд мекунему сипосгузорем.
Дар бозгашт ба маркази ноҳия ман дар атрофи суханҳои раиси Ҷамоати деҳоти «Ширинчашма» андеша мекардам. Аз он хурсанд будам, ки дар як деҳоти дурдаст зани тоҷик роҳбарии ҷамоати номдореро ба уҳда дорад. Ҳамдиёронаш бо эҳтирому ифтихор номашро ба забон мегиранд.
Бале, занони соҳибтаҳсилот метавонанд дар баробари мардон барои ободии Тоҷикистони азиз саҳми арзанда гузоранд. Ободии оила аз зан – модар аст, пас ободии ҷомеа низ аз бисёр ҷиҳат ба ӯ вобаста аст. Шодравон Лоиқ Шералӣ беҳуда нафармудааст:
Дару девори ҷаҳон худ дару девори зан аст,
Кори дунё ҳама дар пайравии кори зан аст.
Нест ҷуз бори хас он бор, ки мардон бикашанд,
Ғами дунёи наву куҳна ҳама бори зан аст.
Диловари МИРЗО, «Садои мардум»