«Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, маҳаллӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллиро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд».
(Моддаи 14-уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ роҳи бебозгашти эъмори давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи адолатпарварро интихоб намуд ва дар ин роҳ пайваста қадамҳои ҷиддӣ ва устувор гузошта истодааст. Барои ноил гардидан ба ин мақсад дар фазои ҳуқуқии кишвар аз рӯзҳои аввал тағйироти ҷиддӣ ба амал омад. Қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1994) гувоҳи ин гуфтаҳост. Нақши Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баёнгари иродаи халқи Тоҷикистон мебошад, дар ин самт беандоза муҳим аст. Дар он заминаҳои ҳуқуқӣ оид ба ташкил намудану фаъолияти ҳокимияти давлатӣ, аз қабили институти президентӣ, парламент, суди мустақил ва дар маҷмӯъ таъмини амнияту оромӣ ва ташаккули ҷомеаи адолатпарвар таҷассум ёфтаанд.
Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, таҷассумгари ормонҳои давлатдории миллӣ мебошад.
Агар ба таври умумӣ нигарем, он маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқие мебошад, ки аз як тараф, муносибатҳои ҷамъиятии байни инсон ва ҷамъият, аз тарафи дигар, байни инсон ва давлат, инчунин асосҳои ташкил ва фаъолияти худи давлатро танзим менамояд.
Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун падидаи давлатӣ-ҳуқуқӣ ин нуктаро ҳамчун мақсади асосии худ қарор дода, дар меъёрҳои худ волотарин идеяҳои инсондӯстонаро инъикос ва мустаҳкам намудааст. Вобаста ба он ки Конститутсия дар низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи роҳбарикунанда, хусусияти амали бевоситаро доро мебошад, муқаррароти он оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон низ асосҳои бунёдии дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ташкил медиҳанд.
Азбаски мақсади асосии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон эъмори давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи адолатпарвар мебошад, қариб дар ҳамаи меъёрҳои он идеяҳои инсондӯстона таҷассуми худро ёфтаанд. Дебочаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қисмати муқаддимавии он ҳисоб мешавад, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф мекунад.
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон арзиши олӣ эълон шуда, шинохти тамоми арзишҳои дигарро дар доираи манфиат ва манзалати он имконнопазир мегардонад. Ҳеҷ як манфиат, неъмат ва боигарӣ аз инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ боло буда наметавонад. Ҳама чиз дар давлат ва ҷомеа барои қонеъ гардонидани талаботи инсон равона шудааст.
Конститутсия инсонро дар маркази ҳама гуна манфиатҳо қарор дода, ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии онро дахлнопазир эълон мекунад. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътирофу риоя ва ҳифз намудани давлат ҳамчун яке аз асосҳои сохтори конститутсионии Тоҷикистон муайян шудааст. Аз ин ҷост, ки калонтарин боби Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст. Он 34 моддаро дар бар гирифта, зиёда аз сеяки ҳаҷми умумии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.
Аз меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ки инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он меҳвари асосиест, ки ҳама гуна фаъолият бояд атрофи он мутамарказ бошад. Исботи ин гуфтаҳо меъёри моддаи 14-уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки бо мазмуни зайл омадааст: «Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, маҳаллӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллиро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд».
Бояд гуфт, ки дар замони муосир ҳангоми таҳлили вазъи риояи ҳуқуқи инсон, пеш аз ҳама, қонунгузории он кишвар таҳлил мегардад. Обрӯю мартабаи давлатҳо дар муносибатҳои байналмилалӣ бештар вақт ба он вобаста мебошад, ки то кадом дараҷа ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро бо қонунҳои миллӣ эътирофу риоя мекунанд ва кафолат медиҳанд. Аз ин лиҳоз, дар сатҳи конститутсионӣ мустаҳкам намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон аҳамияти махсус дорад. Якчанд механизм ва воситаҳо оид ба муайян кардани мувофиқати вазъи риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ба стандартҳои байналмилалӣ ва баҳодиҳии онҳо дар доираи ташкилотҳои бонуфуз фаъолият мекунанд. Яке аз талаботи асосии чунин баҳодиҳиҳо ин меъёрҳои Конститутсия мебошад. Бояд гуфт, ки дар ин ҷода Ҷумҳурии Тоҷикистон ба туфайли мавқеи Конститутсия оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва муносибати арзишӣ доштан ба онҳо муваффақ ва пешсаф ҳам ҳаст. Далели ин гуфтаҳо аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ ҳамчун яке аз конститутсияҳои беҳтарин эътироф шудани он мебошад.
Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ва вазифаҳои инсон ва шаҳрвандро мақсад ва мазмуни фаъолияти ҳамаи мақомоти давлатӣ эълон намуда, моҳиятан масъулияти таъмини онҳоро ба зиммаи ҳокимияти судӣ мегузорад.
Аз ин ҷост, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба суд ҳамчун воситаи асосии таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таҳкимбахши ҷомеаи адолатпарвар аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад ва аз ҳамин хотир аст, ки дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳокимияти судӣ боби алоҳида бахшида шудааст. Дар ин замина, Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон принсипҳои асосии таъмини адолати судиро мустаҳкам кардааст, ки мустақилият ва беғаразии судяҳо, итоат танҳо ба Конститутсия ва қонунҳо, баробарии ҳама дар назди қонун ва суд, дар асоси мубоҳиса ва баробарии тарафҳо ба амал баровардани адолати судӣ аз ҷумлаи онҳоанд.
Бояд зикр кард, ки бо мақсади таҳким бахшидани ҳокимияти судӣ, ҳамчун василаи бунёди ҷомеаи адолатпарвар, дар кишвар давра ба давра Барномаи ислоҳоти судӣ — ҳуқуқӣ қабул гардида, амалӣ шуда истодааст.
Барномаҳои ислоҳоти судӣ — ҳуқуқӣ натиҷаи сиёсати ҳуқуқии давлат буда, ба таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ ва дигар сохторҳо равона карда шудааст, ки мақсад аз онҳо баланд бардоштани самаранокии ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи манфиатҳои қонунии ҷомеа ва давлат мебошад.
Тибқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба шоҳаҳои қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад. Аз ин бармеояд, ки дар амалисозии ҳокимияти давлатӣ нақши ҳокимияти судӣ низ хеле калон аст. Аммо салоҳияти асосии ҳокимияти судӣ ин ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад, зеро маъмултарин роҳи ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд маҳз ҳимояи судии онҳо ба шумор меравад.
Ҳамин тариқ, таҳкими давлати ҳуқуқбунёд, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, бунёди ҷомеаи адолатпарвар мақсади асосии фаъолияти ҳокимияти судӣ ба шумор меравад ва дар ин роҳ судяҳо ва кормандони дастгоҳи судии кишвар донишу малака ва истеъдоди худро баҳри амалӣ гардонидани мақсадҳои волои милливу давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дареғ нахоҳанд дошт. Бо ин мақсад ҳокимияти судӣ бо дигар ниҳод ва сохторҳои давлатӣ ҳамкории судмандро минбаъд боз ҳам ҷоннок хоҳад кард.
Шермуҳаммад ШОҲИЁН, Раиси Суди ОлииҶумҳурии Тоҷикистон