Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ноиби президенти Бонки Умумиҷаҳонӣ Сирил Мюллер

№151 (3452) 09.11.2015

11792189_923241884412665_150419190132632276_oНуҳуми ноябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ноиби президенти Бонки Умумиҷаҳонӣ Сирил Мюллерро, ки бо нахустин сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

 Дар мулоқот доираи васеи масъалаҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои муштараки Тоҷикистон бо Бонки Умумиҷаҳонӣ баррасӣ гардид.

Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат Сирил Мюллерро барои ба вазифаи пурмасъулият — ноиби президенти бонк таъин шуданаш табрик намуда, вохӯрии имрӯзаро иқдоми муҳим дар таҳкими ҳамкорӣ байни Тоҷикистон бо ин ташкилоти бонуфузи молиявӣ арзёбӣ кард.

Сарвари давлат таъкид намуд, ки «Мо ба фаъолияти Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон баҳои баланд медиҳем, зеро дастгирии онро дар самтҳои гуногуни рушд, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои энергетика, инфрасохтор, кишоварзӣ, дастгирии Буҷети давлатӣ, соҳаҳои иҷтимоӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнок эҳсос менамоем».

Сирил Мюллер аз вохӯрӣ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори хушнудӣ карда, аз ҷумла таъкид дошт: «Мо аз мушкилоту эҳтиёҷоти Тоҷикистон, аз ҷумла хисороте, ки дар натиҷаи рух додани офатҳои табиӣ ба вуҷуд омад, хуб огоҳӣ дорем ва Бонки Умумиҷаҳонӣ омода аст, ки ҳамкории худро бо кишвари шумо тавсеа бахшад».

Зимни мулоқот доир ба роҳҳои татбиқи босамари Стратегияи нави ҳамкории Бонки Умумиҷаҳонӣ бо Тоҷикистон барои солҳои 2015-2018, ки ҷудо намудани 250 миллион доллари амрикоиро асосан дар шакли грант дар назар дорад, гуфтугӯйи созанда сурат гирифт.

Таваҷҷуҳи асосӣ ба ҷалби сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон, ҷудо кардани қарзҳои имтиёзнок, грантҳо, кумакҳои техникӣ, ҳамкорӣ дар самти амалисозии лоиҳаҳои хурду бузург, нақлиёт, идораи давлатӣ ва сиёсати иқтисодӣ, обтаъминкунӣ, бахшҳои хусусӣ, тандурустӣ, маориф ва ҳифзи иҷтимоӣ равона карда шуд.

Таҳияи лоиҳаҳои пешгирикунандаи офатҳои табиӣ, ҷалби маблағҳои иловагӣ барои барқарорсозӣ ва соҳилбандии дарёҳои Тоҷикистон зарур шумурда шуд. Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба татбиқи лоиҳаи хатти барқи CASA-1000 ва дигар лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ сурат гирифт.

Зимни гуфтугӯйи пурмуҳтаво ҷонибҳо ҳавасмандии худро баҳри таҳкиму густариши бештари ҳамкориҳо таъкид намуданд.

www.president.tj