Исо Раҳим
Илҳом аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар паёмат сад ба сад ҷон омадаст,
Хомаат аз нури Яздон омадаст.
Дар замини гирди гардон омадаст.
Ин паём аз осмони дил расид,
Осмони дил куҷо мушкил расид,
Шоҳ Исмоилро ҳосил расид,
Ин ҳама бо нури имон омадаст.
Тоҷики дарёдилу дарёнигаҳ,
Поктар гардад чу дарё раҳ ба раҳ,
Чашмае аз кӯҳсорон омадаст,
Дар тани ин сарзамин ҷон омадаст.
Мекушояд зиндагӣ дарҳои нав,
Тоҷикистон мешавад дунёи нав,
Халқро ваҳдат кунад яктои нав,
Як забону як дилу як рои нав,
Ин хабар аз шоҳ Раҳмон омадаст.
Шарқро Роғун мунаввар мекунад,
Ҳамнишини моҳу ахтар мекунад,
Шодмонӣ хонаву дар мекунад,
Боз тоҷик тоҷ бар сар мекунад,
Ҳури парчам нурборон омадаст.
Тоҷикистон нур берун мекашад,
Вахш доман то ба ҳомун мекашад,
Сад Бухоро сар ба гардун мекашад,
Оҳҳоро душмани дун мекашад,
Ин ҳама дар мавҷи Вахшон омадаст.