Роҳбарияти Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба созандагиву бунёдкорӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд ва ин раванд мунтазам густариш ёфта истодааст. Пас аз расидан ба Ваҳдати миллӣ шароити созгор барои равнақ бахшидани бунёдкориву созандагӣ муҳайё карда шуд. Бо ҷидду ҷаҳди Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даҳҳо корхонаву коргоҳҳо, неругоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ, марказҳои барқу гармидиҳӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ва дигар иншооти таъиноти гуногундошта сохта, ба истифода дода шуданд. Хушбахтона, раванди созандагиву ободкорӣ дар кишвар босуръате идома дорад, ки дар муддати кӯтоҳ симои марказҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба таври шинохтанашаванда дигар гардид.
Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон низ таъсисёфтаи замони соҳибистиқлолии кишвар мебошад, ки бо фаъолияти наздик ба бистсолааш дар тарбияи мутахассисони баландихтисос саҳми намоён дорад. Ҳамасола ин муассисаи олии таълимиро садҳо нафар хатм намуда, дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ба фаъолият шурӯъ мекунанд. Донишгоҳ соли 1996 ба фаъолият шурӯъ намудааст. Дар ин муассисаи таҳсилоти олӣ баробари хуб ба роҳ мондани раванди таълим, инчунин корҳои ободкориву бунёдкорӣ бо ҷӯшу хурӯш идома доранд. Айни замон бинои нави таълимии Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон бунёд шуда истодааст, ки баробари ба истифода додани он боз як гӯшаи пойтахти кишвари азизамон Тоҷикистон — шаҳри Душанбе симои тоза мегирад. Тавре дар суҳбат бо мо ректори донишгоҳ — доктори илмҳои филологӣ, профессор Нуралӣ Солеҳов иттилоъ дод, ба сохтмони бинои панҷошёнаи таълимӣ, ки бо меъмории хеле ҷолиб бунёд шуда истодааст, дар ҷашни 15-солагии донишгоҳ (соли 2011) Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санги асос гузошта буданд. Корҳои сохтмонӣ соли 2013 шурӯъ шуда, айни замон босуръат идома доранд ва сохтмончиён кӯшиш карда истодаанд, ки онро то ҷашни 20 — солагии донишгоҳ — сентябри соли 2016 ба истифода диҳанд.
Директори сохтмони бинои таълимии Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон Раҷабалӣ Накҳатов иттилоъ дод, ки маблағи лоиҳавии сохтмони бино 36 миллион сомониро ташкил медиҳад. То имрӯз ба маблағи 27 миллион сомонӣ корҳо анҷом ёфтаанд. Корҳои сохтмониро ширкати сохтмонии ватании ҶДММ «Сур — Саф» иҷро карда истодааст. Ҳамаи кормандони дар ин сохтмон фаъолияткунанда шаҳрвандони Тоҷикистон буда, дар ду баст кор мекунанд.
Ректори Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон Нуралӣ Солеҳов иброз дошт, ки бино пурра аз ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешавад ва туҳфаи ҷашнии Ҷаноби Олӣ, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои устодону донишҷӯёни донишгоҳ аст. Бино аз панҷ ошёна иборат буда, масоҳати он зиёда аз 14 ҳазор метри мураббаъ мебошад ва барои 940 нафар донишҷӯ пешбинӣ шудааст. Инчунин раёсати донишгоҳ низ дар ҳамин бино ҷойгир мешавад. Ҳамсуҳбатам ҳамчунин гуфт, ки донишгоҳ бинои хобгоҳро дар кӯчаи Маяковскийи шаҳри Душанбе таъмири пурра намуда истодааст, ки он ҳам то ҷашни бистсолагии донишгоҳ ба истифода дода мешавад. Дар назар аст, ки дар ин хобгоҳ 250 — 300 нафар донишҷӯйи бо ҷойи хоб ниёздошта ҷой карда шаванд. Инчунин дар дохили хобгоҳ ҷой кардани меҳмонхонаву китобхона ба назар гирифта шудааст.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум». Суратгир А. ИСОЕВ