Тоҷикистон ва ҷаҳон

ИДМ: Ҳамзистии осоишта барои ҳамаи давлатҳо зарур аст

№152 (3453) 11.11.2015

Сиюми октябри соли 2015 дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ доир гардид. Ин чорабинӣ бори дигар нишон дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таҳкими дӯстӣ ва ҳамкориҳои самарабахш миёни давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мавқеи устувор дорад ва ҳамеша саъю талош мекунад.

Ин нуктаро дар арафаи ҷаласаи мазкур зимни брифинги матбуотӣ сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулфайз Атоӣ махсус таъкид карда, аз ҷумла чунин гуфт: «Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи ИДМ ҳамчун созмони минтақавӣ ба мустаҳкам намудани муносибатҳои дӯстона байни давлатҳои иштирокдор дар асоси принсипҳои эҳтироми якдигар, татбиқи самтҳои асосии ҳамкории иқтисодӣ дар асоси устувори ҳуқуқӣ ва механизмҳои бавуҷудовардашудаи ҳамкориҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд». Дар брифинг роҷеъ ба таърихи ташкилёбии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил маълумоти муфассал дода шуд ва мо хонандагони арҷмандро ба мухтасари он шинос мекунем.

Бо мақсади ҳалли масъалаҳои муҳимтарин дар давраи ташкилёбии давлатҳои мустақил, ҳифзи равобити таърихӣ моҳи декабри соли 1991 Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  созмон дода шуд. Ҳаштуми декабри соли 1991 роҳбарони Ҷумҳурии Беларус, Федератсияи Россия  ва Украина Созишнома дар бораи созмон додани Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба имзо расониданд. Бисту якуми декабри соли 1991 дар шаҳри Алмаато сарони ёздаҳ давлати мустақил (ғайр аз давлатҳои назди Балтика ва Ҷумҳурии Гурҷистон, ки соли 1993 узви ИДМ шуд) Протоколро ба ин Созишнома имзо намуданд ва таъкид доштанд, ки Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Молдова, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Украина дар асоси баробарҳуқуқӣ  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро таъсис доданд.

22 январи соли 1993 дар Минск дар Саммити ИДМ Оинномаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қабул гардид. Онро Украина ва Ҷумҳурии Туркманистон, бо вуҷуди давлатҳои созмондиҳандаи ИДМ ба шумор рафтанашон, имзо накарданд. 26 августи соли 2005 Ҷумҳурии Туркманистон изҳор намуд, ки дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба ҳайси узви ассотсиатсиявӣ иштирок хоҳад кард. 24 марти соли 1994 аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ ба Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мақоми нозирӣ дар СММ дода шуд. Аз ҷониби мақомоти доимоамалкунандаи маъмурӣ ва ҳамоҳангсози ИДМ – Кумитаи иҷроия дар шаҳри Минск ва шуъбаи он дар шаҳри  Москва таъсис дода шуд.

Дар Саммити ИДМ дар шаҳри Душанбе 5 октябри соли 2007 Консепсияи рушди ояндаи ИДМ ва Нақшаи чорабиниҳои асосӣ оид ба татбиқи  он тасдиқ шуданд, ки онро ҳама давлатҳои иштирокдор, ғайр аз Ҷумҳурии Гурҷистон ва Туркманистон, ба имзо расонданд.

- Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи аввали ташкили Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил узви комилҳуқуқи он буда, ду ҳазор санади дар доираи ИДМ қабулшударо  ба имзо расонидааст,- гуфт Абдулфайз Атоӣ.

Бояд тазаккур дод, ки дар фаъолияти бисёрҷониба миёни мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷанбаи гуманитарӣ нақши муҳимро  мебозад. Дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо моҳи майи соли 2006 дар шаҳри Душанбе Бунёди байнидавлатии ҳамкории гуманитарӣ созмон дода шуд. Аз 13 ҷаласаи муштараки Шӯрои ҳамоҳангсозии гуманитарӣ ва Идораи Бунёди байнидавлатии ҳамкории гуманитарӣ ду ҷаласаи он дар Душанбе баргузор шуд.

Дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон таври мунтазам  ҷаласаҳои мақомоти олии оинномавии ИДМ баргузор мегарданд.

Соли 2013, ки чун соли таҷлил аз 20 — умин солгарди таъсисёбии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, соли хотирмон буд, ба раёсати Тоҷикистон рост омад. Тоҷикистон ҳамчун кишвари раисикунанда Консепсияи раёсати худро, ки он татбиқи ҳадафҳои консептуалӣ ва стратегии рушди ИДМ-ро инъикос мекард, таҳия намуд.

Даҳуми октябри соли 2014 бо Қарори Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ шаҳри Кӯлоб дар соли 2015 пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон шуд.

Соли ҷорӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулияти гузаронидани ҷаласаи ҷамъбастии Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои иштирокдори ИДМ-ро ба дӯш гирифт, ки он сиюми октябр дар шаҳри Душанбе  баргузор гардид. Зимни баргузории ҷаласа ва суҳбату мулоқотҳо сарони ҳукуматҳои ИДМ сатҳи баланди ташкилии ин ҳамоиши бонуфузро таъкид карданд. Ҷаласаи дар шаҳри Душанбе баргузоршуда барои сарони ҳукуматҳои ИДМ имкон фароҳам овард, ки бори дигар ба ҳам омада, роҷеъ ба масоили муҳим суҳбат ва роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷударо пайдо намоянд. Рӯзномаи ҷаласа беш аз 30 масъалаи муҳимро дар бар гирифт. Зимни баррасии ин масъалаҳо ширкаткунандагони ҳамоиш таъкид намуданд, ки имрӯз таҳкими дӯстӣ ва ҳамзистии осоишта аз ҳарвақта дида муҳим аст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни пазироӣ ва мулоқот бо сарони ҳукуматҳои кишварҳои иштирокчии ИДМ чунин таъкид дошт: «Ба андешаи мо, дар баробари нигоҳ доштани робитаҳои гуногунпаҳлу, ИДМ рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва амниятиро бояд чун самти афзалиятноки фаъолияти  минбаъдаи худ муайян намояд».

Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли оянда 25-сола мешавад. ИДМ дар доираи манфиати давлатҳои аъзо кору фаъолият мекунад. ҳар кишваре, ки дар танҳоӣ зиндагӣ мекунад ва мехоҳад ба чизе муваффақ шавад, ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ мегардад. Беҳуда мутафаккирони бузурги мо ҳамдигарфаҳмӣ ва инсондӯстиро тарғиб накардаанд.

Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»