15 апрел Рӯзи илми тоҷик буд

Заминаи рушди илм дар Бадахшон мустаҳкам аст

№48 (3033) 19.04.2013

Мусоҳибаи хабарнигори рӯзнома бо Оғоназар АҚНАЗАРОВ, академик, раиси бахши Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар ВМКБ

-Дар солҳои соҳибистиқлолӣ баҳри рушди илм дар Бадахшон чӣ гуна замина фароҳам оварда шуд?

-Дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои рушди илми муосири тоҷик дар Бадахшон заминаи мустаҳкам гузошта шуд. Кушодашавии Донишгоҳи давлатӣ дар шаҳри Хоруғ ва Институти улуми инсонии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтани хобгоҳҳо барои донишҷӯён ва бинои корӣ барои кормандони илм, пурзӯр намудани базаи моддӣ — техникии рушди илм, баланд бардоштани музди меҳнати олимон, зиёд намудани маблағгузории давлатии соҳаи илм мисоли чунин ғамхориҳои Президенти мамлакат, ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон барои рушди илм дар Бадахшон мебошанд.

Дар бист соли охир дар Институти биологии Помир панҷ рисолаи докторӣ ва нуҳ рисолаи номзадӣ, дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи М. Назаршоев шаш рисолаи докторӣ ва 42 рисолаи номзадӣ, дар Институти  улуми  инсонӣ се  рисолаи докторӣ ва 14 рисолаи номзадӣ ҳимоя карда шуд ва ҳоло дар ин муассисаҳо даҳҳо аспирантон ва унвонҷӯйҳо  дар арафаи дифои рисолаҳои илмӣ қарор доранд.

Ҳоло дар вилоят шаш муассиса – Институти биологии Помир ба номи Х. Юсуфбеков, Институти улуми инсонӣ ба номи Б. Искандаров, Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи М. Назаршоев, пойгоҳи кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти такмили ихтисоси касбии муаллимон, Барномаи «Помир — Чақалтой» ва Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ба тадқиқоти илмӣ машғуланд. Инчунин бо кӯмаки Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷоннок намудани фаъолияти расадхонаи «Шурбулоқ» дар ноҳияи Мурғоб мадди назар аст.

-Самтҳои асосии тадқиқоти озмун ба кадом масъалаҳо нигаронида шудааст?

-Самтҳои асосии тадқиқотҳои Институти биологии Помир омӯзиши ҳаматарафаи захираҳои биологии ҳудуди вилоят ва муайян намудани роҳҳои оқилона истифода бурдани онҳо мебошад.  Барои иҷро намудани ин вазифа дар институт 46 нафар корманди илм, аз он ҷумла 4 нафар доктори илм, 12 нафар номзади илм ва 8 нафар аспиранту унвонҷӯй машғули корҳои тадқиқотианд. Дар институт аз рӯйи шаш мавзуи илмӣ, ки аз қайди давлатӣ гузаштаанд, дар соҳаи физиология ва биохимияи растаниҳо, мевапарварӣ, генетикаю селексияи растаниҳо, муайян намудани захираи растаниҳои хӯрокаи чорво ва растаниҳои шифобахш, гуногуннамудии олами набототу ҳайвонот кори илмӣ сурат мегирад.

Дар лабораторияи генетикаю селексияи растаниҳо доир ба ҷамъкунӣ ва нигоҳдории генофонди нодири зироатҳои кишоварзӣ — гандум, ҷав, ҷавдор тадқиқотҳои зарурӣ гузаронида мешавад. Яке аз хизматҳои шоёни кормандони лаборатория он аст, ки бо кӯшишу ғайрати онҳо тухмии навъҳои гандуми «Бобилло»,  «Сафедак»,  «Сурххӯша» ва дигар навъҳои селексияи мардумӣ аз несту нобудшавӣ наҷот ёфтанд. Ҳоло дар ҳудуди вилоят тухмии ин навъҳоро танҳо аз ин лаборатория  дастрас кардан мумкин асту халос. Кормандони  лаборатория эҳтиёҷоти хоҷагиҳои фермериро ба ҳисоб гирифта, ҳар сол дар участкаҳои тухмипарварӣ даҳҳо тонна тухми хушсифати гандум, ҷавдор ва картошка истеҳсол мекунанд. Соли гузашта онҳо зиёда аз даҳ тонна тухмии ғалладона  ва 11 тонна картошкаи тухмӣ тайёр намуданд. Онҳо инчунин навъҳои нави гандуму картошка,  ки ташкилотҳои байналмилалӣ аз мамлакатҳои хориҷаи дуру наздик  барои озмоиш ба Бадахшон ворид мекунанд, ҳамаҷониба омӯхта, навъҳои серҳосил ва ба шароити кӯҳистон  мутобиқро барои кишт дар шароити Бадахшон тавсия мекунанд.

Яке аз падидаҳои нав дар фаъолияти ин озмоишгоҳ коркарди технологияи истеҳсоли тухми беҷурми картошка аз тухми ботаникии он мебошад. Ин усули ҳозиразамони биотехнологӣ гирифтани кулӯлаҳои аз ҳар ҷиҳат беҷурмро таъмин мекунад, ки онҳо дорои ҳосили баланд ва хушсифати картошка мебошанд.  Соли гузашта бо истифода аз ин усул аввалин маротиба 3,5 тонна тухмии картошкаи беҷурм ба даст оварда шуд.  Тадқиқот дар ин самт ҳоло идома дорад.

-Дастовардҳои Боғи набототи Помир чӣ гуна мебошанд?

-Боғи набототи Помир  яке  аз боғҳои калонтарини Осиёи  Марказӣ буда, дар он ҳоло зиёда аз чор ҳазор намуд ва зернамуди растаниҳо аз Аврупо, Осиё ва Америкаи Шимолӣ гирд оварда шудаанд. Яке аз дастоварди ин коллектив он аст, ки ба мушкилиҳои мавҷудаи иқтисодӣ нигоҳ накарда, бо кӯшиши доимии онҳо коллексияи нодири боғ аз хушкшавӣ раҳойӣ ёфт.  Дар солҳои соҳибистиқлолӣ коллексияи боғи наботот бо кӯмаки боғҳои набототи давлатҳои хориҷаи дуру наздик боз бештар шуд.  Бо  кӯмаки Боғи марказии ботаникии Федератсияи  Россия (ш. Москва) даҳҳо навъҳои нави гулҳои яксолаю бисёрсола  гулгаштҳои Боғи набототи Бадахшонро оро медиҳанд.

Олимони институт захираи табиии гиёҳҳои шифобахшро дар ноҳияҳои вилоят муайян карда, доир ба парвариш ва тайёр кардани ниҳолчаҳои гиёҳҳои шифобахш тавсияномаҳои махсус чоп намуданд.  Исбот шудааст, ки дар ҳудуди вилоят зиёда аз 900 намуди гиёҳ мавҷуд аст.

Муассисаҳои илмии Бадахшон бо муассисаҳои бонуфузи дунё — Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи аграрии Оренбург, Пажӯҳишгоҳи физиологии растаниҳои Москва, Пажӯҳишгоҳи   набототшиносии Санкт – Петербург, Институти ситология ва генетикаи Академияи илмҳои Федератсияи  Россияи шаҳри Новосибирск, боғҳои набототи Федератсияи Россия,  Қазоқистон,  Қирғизистон, Олмон, бо хазинаҳои бонуфузи байналмилалӣ — Фонди Оғохон, «Bioversity international», «The Christensen Fund»,  барномаи ELLONA, барномаи Север -  Юг ва ғайра алоқаи зич доранд.

Олимони ВМКБ ба ояндаи дурахшони рушди илм боварии калон доранд.  Ин боварӣ ба он асос ёфтааст, ки Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят рушди илмро ҷонибдорӣ  мекунанд ва барои соҳаи илм шароити мусоид фароҳам меоваранд. Мо, олимони вилоят, вазифаи худро дар таъмини инкишофи минбаъдаи илму техника, баланд бардоштани иқтисодиёт, маданият ва сатҳи зиндагии мардум мебинем.

 

Ш.ШОҲҚОСИМ,

«Садои мардум»