Вохӯриҳои номзадҳо бо интихобкунандагон

№48 (3033) 19.04.2013

Вохӯриҳои номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон дар интихоботи миёнадаврии ҳавзаи интихоботии Восеъ № 39 ба ҷойи вакили хориҷшуда идома дорад. Ҳавзаи интихоботии Восеъ № 39 як қисмати ноҳияи Восеъ, ноҳияҳои  Темурмалик ва Балҷувони вилояти Хатлонро пурра дар бар гирифта, дар он чор нафар номзад ба қайд гирифта шудаанд.

Номзадҳо Зайниддин Сафаров аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон, Ибодулло Нематов аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Раҷаби Мирзо ва Ҷурабек Қурбонов ба таври худпешбарӣ, барои соҳиб шудан ба ваколати вакилӣ дар Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, миёни ҳам талош меварзанд.

- Мо барои вохӯриҳои номзадҳо ҳама шароити ташкилию ҳукуқиро  фароҳам овардаем,- иброз намуд зимни суҳбат раиси ҳавзаи интихоботии Восеъ № 39 Муҳаммадёр Давлатёров.

 

Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ,

«Садои мардум»