16 ноябри соли 2015 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Баъд аз қабули Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тасдиқи рӯзномаи ҷаласаи Шӯро масъалаҳои рӯзнома мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Масъалаҳои зерини рӯзнома — «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» ва нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2017-2018», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ», «Дар бораи лоиҳаи Барномаи давлатии қарзгирии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018» ва «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ»-ро раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Ш. Раҳимзода, оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ А. Холиқзода, оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Л. Раҷабова, оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Ҷ. Маҷидзода ба баррасии аъзои Шӯро пешниҳод намуда, шарҳ доданд.
Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарназардошти эроду пешниҳодҳои баёнгардида, аз рӯи масъалаҳои мазкур таври алоҳида қарорҳо қабул кард ва ин масъалаҳо ҷиҳати баррасӣ ба ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум пешниҳод гардиданд.
Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи масъалаҳои зерини рӯзнома – «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи лоиҳаи Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016», «Дар бораи Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Маблағгузории иловагӣ барои Лоиҳаи беҳтар намудани хизматрасониҳои тиббӣ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд (гранти №D070-TJ), ки 7 августи соли 2015 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст», «Дар бораи Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Маблағгузории иловагӣ барои Лоиҳаи беҳтар намудани хизматрасониҳои тиббӣ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд (қарзи №5666-TJ), ки 7 августи соли 2015 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст», «Дар бораи Созишнома оид ба маблағгузорӣ (қарзи №5697-TJ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Маблағгузории иловагӣ барои Лоиҳаи дуюми таъмини шуғли аҳолӣ барои рушди устувори кишоварзӣ ва идоракунии захираҳои об», ки 7 августи соли 2015 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст», «Дар бораи Созишнома оид ба маблағгузорӣ (гранти № D081-TJ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Маблағгузории иловагӣ барои Лоиҳаи дуюми таъмини шуғли аҳолӣ барои рушди устувори кишоварзӣ ва идоракунии захираҳои об», ки 7 августи соли 2015 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст», «Дар бораи Созишнома оид ба маблағгузорӣ (қарзи №5702-TJ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ», «Дар бораи Созишнома оид ба маблағгузорӣ (гранти №D082-TJ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ», «Дар хусуси Созишнома оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ дар давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии Евразия» ва «Дар бораи Моддаҳои Созишномаи Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ» таври алоҳида қарорҳо қабул кард ва ин масъалаҳо барои хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин барои пешниҳоди хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуданд.
Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои охирини рӯзнома — «Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» қарорҳо қабул кард.
Ҷумъахон НАБОТОВ, «Садои мардум». Суратгир А. ИСОЕВ