Ҷаласаи васеи кории раиси шаҳри Душанбе

№156-158 (3457-3459) 20.11.2015

16 ноябри соли 2015 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи васеи корӣ баргузор гардид. 

Дар ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев бо дарназардошти таҳлили муроҷиатҳои сокинон бо телефонҳои навбатдории шабонарӯзӣ аз вазъи таъминоти шаҳр бо неруи барқ изҳори нигаронӣ намуда, гуфт, ки омодагиҳои Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе» — зерсохтори ШСХК «Барқи Тоҷик» ба мавсими тирамоҳу зимистони имсола эътимоднок нестанд ва ногузир аст, ки ҷамъияти мазкур дар ин самт чораҳои муассиртар андешад ва аз прокуратураи шаҳр хоҳиш  кард, ки ҳолати воқеии омодагии ин ниҳоди хизматрасон дар шаҳри Душанберо баҳри ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон мавриди санҷиш қарор диҳад.

Раиси шаҳр ҳамчунин масъалаҳои вазъи хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ, субҳгоҳон пешгирӣ намудани тамбашавии воситаҳои нақлиёт дар хатсайрҳо, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷдиди назар кардани оғози соатҳои дарсӣ дар коллеҷу муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ки шурӯъ аз 16 ноябри соли 2015 минбаъд соати 730 дақиқа муқаррар карда шудааст, ба риштаи таҳлил кашид. Дар робита  ба ин, Маҳмадсаид Убайдуллоев супориш дод, ки ҳамарӯза нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятии коммуналӣ ва хусусӣ аз соати 550 дақиқа дар хатсайрҳо ба фаъолият оғоз намоянд ва ин раванд пайваста аз ҷониби комиссияҳои ҷамъиятии созмондодаи шаҳрӣ ва дигар институтҳои шаҳрвандӣ назорат бурда шавад.

Дар иртибот ба ин мавзӯъ, иловатан дастур дода шуд, ки фаъолияти нақлиёти хатсайрҳои аз кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ убуркунанда баҳри хизматрасонӣ ба кормандон ва муштариёни «Ҳунаристон»-и Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» зери назорат қарор гирад.

Ҳамзамон Маҳмадсаид Убайдуллоев бо дахли масъалаҳои заминистифодабарӣ ва дар асоси Нақшаи генералӣ вусъат додани раванди сохтмони иншооти тибқи қарорҳои марбутаи Раиси шаҳр бунёдшаванда таваҷҷуҳи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе, Сарраёсати меъморию шаҳрсозӣ ва Кумитаи идораи замини шаҳри Душанберо ҷалб намуда, таъкид кард, ки дар ҷойҳо ва тавассути воситаҳои ахбори оммаи шаҳрӣ ба аҳолӣ ҳадафҳои пайгиркунандаи  Қарори Раиси шаҳри Душанбе таҳти № 483-1 аз 28 октябри соли 2015 «Дар  бораи  мавқуф гузоштани баррасии масъалаҳои ҷудо кардани қитъаҳои замин барои сохтмон дар ҳудуди маҳалҳои аҳолинишини шаҳри Душанбе» дуруст фаҳмонда шавад. Ба раисони ноҳияҳо дастур дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор иҷрои бемайлони қарори Раиси шаҳри Душанбе «Оид ба танзими фаъолият ва истифодабарии ҷойҳои ҷамъиятӣ дар шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе»-ро таъмин созанд.

Ҳамзамон масъулин вазифадор карда шуданд, ки баҳри пешгирӣ аз сохтмонҳои худсаронаю ғайриқонунӣ аз ҷониби шахсони воқеию ҳуқуқӣ дар 1111 гектар заминҳои бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти  № 386 аз 7 апрели соли 2003 аз истифодаи ноҳияи Рӯдакӣ гирифта, ба ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе воридгардида ва 2381 гектар қитъаи замини тибқи Қарори Совети Вазирони РСС Тоҷикистон таҳти № 382 аз 30 декабри соли 1983 барои васеъкунии ҳудуди қисматҳои ҷанубӣ ва шарқии шаҳри Душанбе пешбинигардида, ки барои истифодабарии муваққатӣ, бе ҳуқуқи сохтмонҳои капиталӣ ва шинонидани дарахтони дарозумр, ба ноҳияҳои атрофи пойтахт вобаста карда шудаанд, чораҳои мушаххас андешанд.

Инчунин Раиси шаҳр дар ҷаласа таваҷҷуҳи масъулини соҳа ва раисони ноҳияҳоро ба масъалаҳои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани наҳру селпартоҳои марзгузари шаҳр,  барориши саривақтии партовҳои сахти маишӣ, риояи ҳатмии муқаррароти қонунгузорӣ оид ба манъи нигаҳдошту парвариши чорвои хурду калон аз ҷониби сокинон, ғановати бозори истеъмолӣ ва иҷрои нақшаҳои захираи маҳсулот дар бозорҳои коммуналӣ, амалисозии барномаҳои пешбинигардида оид ба дастгирии соҳибкорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани интизоми меҳнат дар ташкилоту идораҳо, ҳалли ҳар чӣ бештари мушкилоти сокинон, ҳолати зиддисӯхтории бинову иншоотҳо ва назорати фаъолияти камераҳои мушоҳидавӣ дар онҳо, омодагии муассисаҳои иҷтимоӣ ва дар маҷмӯъ шаҳр ба мавсими зимистонгузаронӣ ва татбиқи нақшаҳо  оид ба таҷлили сазовори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намуда, ба мутасаддиён  дастуру ҳидоятҳои мушаххас дод.

 Ш. САИДОВ