Тафсири кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

№156-158 (3457-3459) 20.11.2015

Маҳкам Маҳмудзода

Бахтиёр Худоёрзода

 (идома аз шумораҳои гузашта)

Моддаи 73.     Гирифтани кӯдак бе маҳрум кардани падару модар аз ҳуқуқи падару модарӣ

1. Суд метавонад бо дарназардошти манфиати кӯдак дар бораи гирифтани кӯдак аз падару модар (яке аз онҳо) бе маҳрум кардани онҳо аз ҳуқуқи падару модарӣ (маҳдуд кардани ҳуқуқи падару модарӣ) ҳалнома қабул намояд.

2. Гирифтани кӯдак бе маҳрум кардани падару модар аз ҳуқуқи падару модарӣ дар ҳолате мумкин аст, ки агар бо падару модар (яке аз онҳо) гузоштани кӯдак ба сабабҳои аз онҳо новобаста (дар асари ноқисии рӯҳӣ ё дигар бемории кӯҳна, шароити вазнин ва ғайра) барои кӯдаки ноболиғ хатарнок бошад.

Гирифтани кӯдак инчунин дар ҳолате мумкин аст, ки агар гузоштани кӯдак бо падару модар (яке аз онҳо) ба сабаби бадрафториашон барои кӯдак хатарнок буда, вале барои маҳрум кардани падару модар (яке аз онхо) аз ҳуқуқи падару модарӣ асоси кофӣ вуҷуд надорад. Агар падару модар (яке аз онҳо) дар давоми шаш моҳи баъди аз ҷониби суд гирифтани кӯдак рафтори худро ислоҳ накунанд, мақомоти васояту парасторӣ вазифадоранд, ки дар хусуси аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум кардани ӯ даъво пешниҳод намоянд. Мақомоти васоят ва парасторӣ ҳуқуқ доранд ба манфиати кӯдак то гузаштани ин муҳлат дар мавриди маҳрум кардани падару модар (яке аз онҳо) аз ҳуқуқи падару модарӣ даъво пешниҳод кунанд.

3. Даъво дар хусуси гирифтани кӯдак аз тарафи мақомоту муассисаҳои давлатие, ки қонун вазифаи ҳимояи ҳуқуқи кӯдакони ноболиғро ба зиммаашон гузоштааст (қисми 1 моддаи 70 ҳамин Кодекс), муассисаҳои тарбиявӣ, тиббӣ, муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар муассисаҳо, хешовандони наздики кӯдак, инчунин прокурор пешниҳод шуда метавонад.

4. Парвандаҳо оид ба маҳдуд кардани ҳуқуқи падару модарӣ бо иштироки прокурор ва мақомоти васояту парасторӣ баррасӣ мешаванд.

5. Ҳангоми баррасии парванда оиди маҳдуд кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ суд масъалаи барои кӯдак аз падару модар (яке аз онҳо) ситонидани алиментро ҳал мекунад.

6. Суд вазифадор аст, ки дар муҳлати 3 рӯзи баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи судӣ оид ба маҳдуд кардани ҳуқуқи падарию модарӣ, иқтибоси онро ба мақомоти сабти ҳолати шаҳрвандии ҷои ба қайдгирии давлатии таваллуди кӯдак фиристад.

Падару модаре, ки вазифаҳои худро оид ба тарбияи кӯдак иҷро намекунанд, бар зарари манфиати кӯдак рафтор мекунанд. Чунки дар ин маврид ба саломатии кӯдак, шахсияти ӯ, тарбияи вай зарар таҳдид мекунад. Баҳри ҳимояи манфиати кӯдак суд дар бораи гирифтани кӯдак аз падару модар (яке аз онҳо) яъне маҳдуд кардани ҳуқуқи падару модарӣ метавонад ҳалнома барорад. Дар ин маврид кӯдак хилофи иродаи падару модар (яке аз онҳо) гирифта шуда, барои тарбия ба мақомоти васояту парасторӣ дода мешавад. Ҳангоми маҳдуд кардани ҳуқуқи падару модарӣ муносибатҳои ҳуқуқии байни падару модар ва фарзандашон боқӣ мемонад, лекин падару модар ҳуқуқи дар оянда тарбия кардан ва якҷоя бо кӯдак зиндагӣ карданро аз даст медиҳанд. Ба ин нигоҳ накарда, бе иштироки падару модар тақдири кӯдак ҳал карда намешавад.

Маҳдуд кардани ҳуқуқи падару модарӣ танҳо нисбати падару модар татбиқ мегардад. Аз ин рӯ, ин чора нисбати шахси ба фарзандхондӣ гирифта, васӣ, парастор татбиқ намешавад.

Қисми дуюми моддаи 73 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати асоси умумии маҳдуд кардани ҳуқуқи падару модарӣ бо падару модар (яке аз онҳо) хатарнок будани гузоштани кӯдак нишон дода шудааст. Аммо қонунгузор мафҳуми хатарро муайян накардааст. Дар адабиёти ҳуқуқӣ зери маънои хатарнок будан барои кӯдак муҳити оилавие фаҳмида мешавад, ки дар он барои кӯдак ба таври реалӣ ба ҳаёт, шахсият ва тарбияи ӯ таҳдид расонидани ҳаргуна зарар ҷой дорад.

Вобаста ба рафтори падару модар (яке аз онҳо), ки дар натиҷаи он бо онҳо гузоштани кӯдакон барои охирин (кӯдакон) хатарнок будан қонунгузор ду ҳолатро пешбинӣ кардааст. Дар ҳолати аввал дар рафтори падару модар (яке аз онҳо) ҷой доштани гуноҳ дида намешавад. Яъне, мавҷудияти шароити хатарнок барои тарбияи кӯдак дар оила аз иродаи падару модар (яке аз онҳо) вобастагӣ надорад. Падару модар имконияти иҷро кардани уҳдадориҳои падару модариашонро надоранд. Дар ин маврид ҳангоми мавҷуд будани касалии рӯҳӣ, нуқсонҳои ҷисмонӣ, камақлӣ, бемории кӯҳна дар оила нигоҳ доштани кӯдак бар зарари манфиатҳои ӯ мебошад ва бинобар иҷро карда натавонистани уҳдадориҳояшон аз падару модар (яке аз онҳо) кӯдакон гирифта мешаванд. Агар падару модар (яке аз онҳо) дар асари бемории рӯҳӣ ё камақлӣ мутобиқи моддаи 30 КГ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳалномаи суд ғайри қобили амал эътироф шуда бошад, он гоҳ манфиати кӯдакон ҳамчун бе парастории падару модар монда ҳифз карда мешавад. Пас табиист, ки нисбати чунин падару модар маҳдудкунии ҳуқуқи падару модарӣ татбиқ намегардад. Қонунгузор ба шумораи ҳолатҳои аз иродаи падару модар вобаста набуда шароити вазнинро дохил карда, бо ин шумораи онро маҳдуд насохтааст. Шароити вазнин дар оила муҳити хатарнокро барои тарбияи кӯдак ба вуҷуд меорад. Хусусан чунин шароити вазнин ҳангоми дар оилаи падарандар ё модарандар зиндагӣ кардани кӯдак ҷой дошта метавонад.

Ҳолати дуюме, ки қонунгузор пешбинӣ кардааст, ба кирдори гунаҳгоронаи падару модар (яке аз онҳо) вобастагӣ дорад. Дар ин маврид падару модар иҷро кардани уҳдадориашонро оид ба тарбияи кӯдак иҷро кардан намехоҳанд. Яъне, банди 2 қисми 2 моддаи 73 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бадрафтории падару модарро (яке аз онҳо) ҳамчун сарчашмаи хатарнок барои тарбияи кӯдак эътироф кардааст. Аммо чунин бадрафторӣ дар ҳар ҳолати мушаххас барои аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум кардани падару модари кӯдак асосӣ кофӣ шуда наметавонад. Бадрафтории падару модар (яке аз онҳо) дар оила вобаста ба синну соли ҳар як кӯдак хатарнокӣ меорад. Барои кӯдаки хурдсол иҷро накардани вазифа оид ба таъмини ӯ аз ҷониби падару модар (яке аз онҳо) хавфнок аст, чунки хурдсол қобилияти таъмин кардани эҳтиёҷоти худро тамоман надорад, ё ин ки дар иҳотаи майзадагон тарбия ёфтани кӯдак, аз ҷониби падару модар (яке аз онҳо) ҷалб кардани кӯдак ба оворагардӣ, гадоӣ ва дигар рафторҳои зиддиҷамъиятӣ ба тарбияи ӯ хатарнок аст. Дар ин мавридҳо рафтори падару модар (яке аз онҳо) гунаҳгорона аст ва ба таври ҳақиқӣ таҳдиди ба манфиатҳои кӯдак расонидани зарар аз эҳтимол дур нест. Қонунгузор барои ин рафтор ҳуқуқи падару модарро (яке аз онҳоро) маҳдуд намуда ин чораро ҳамчун чораи пешгиркунанада татбиқ менамояд. Агар дар муддати шаш моҳи пас аз ба қувваи қонунӣ даромадани ҳалнома оид ба маҳдуд кардани ҳуқуқи падару модарӣ падару модар (яке аз онҳо) бадрафтории худро ислоҳ накунад, мақомоти васояту парасторӣ вазифадор аст дар бораи аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум кардани онҳо ба суд даъво пешниҳод намояд. Баҳри ҳимояи манфиатҳои кӯдак дар мавриде, ки падару модар (яке аз онҳо) пас аз маҳдуд кардани ҳуқуқи падару модарӣ нисбати кӯдак боз ҳам бепарвоёнатар ва бадтар рафтор намоянд, мақомоти васояту парасторӣ то гузаштани муҳлати номбурда ҳуқуқ дорад дар бораи аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум кардани падару модар (яке аз онҳо) ба суд даъво пешниҳод намояд.

Қисми 3 моддаи 73 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон доираи тахминии шахсонеро, ки ҳуқуқи даъвои оид ба гирифтани кӯдак ба суд пешниҳод карданро доранд муайян кардааст. Дар КоНО Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки пеш амал мекард, ин масъала ба низом дароварда нашуда буд. Кодекси оилаи амалкунанда ба шумораи даъвогарон оид ба гирифтани кӯдак, ки ҳуқуқи муроҷиат кардан ба судро доранд, мақомоти салоҳияташон бо ҳимояи манфиатҳои кӯдак вобастабуда (муассисаҳои томактабӣ, мактаб-интернатҳо ва ғайра) хешу табори наздики кӯдак (бобою бибӣ, бародарон ва хоҳарон) ва прокурорро дохил кардааст. Даъвои номбурда танҳо нисбати падару модар (яке аз онҳо), ки бо онҳо гузоштани кӯдак хатарнок аст, ба суди ҷои истиқомати онҳо пешниҳод карда мешавад.

Дар баррасии парвандаҳо оид ба маҳдуд кардани ҳуқуқи падару модарӣ иштироки прокурор ва мақомоти васояту парасторӣ ҳатмист. Зарурати иштироки прокурорро қонунгузор дар он мебинад, ки тарбия ва ғамхорӣ ба кӯдак уҳдадории конститутсионии падару модар, маҳдудкунии ҳуқуқи падару модарӣ яке аз шаклҳои ҳуқуқи конститутсионии шаҳрванд аст ва инчунин ҳимояи манфиатҳои кӯдак ҷой дорад, ки он низ аз рӯи талаботи Конститутсия таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат аст.

Ҳангоми баррасии парвандаҳо оид ба маҳдуд кардани ҳуқуқи падару модарӣ қонунгузор бо дарназардошти ҳуқуқи кӯдак ба таъминот ба масъалаи рӯёнидани алимент аз падару модар ба фоидаи кӯдак эътибор додааст. Қонунгузор дар ин маврид ба боқӣ мондани уҳдадории падару модар (яке аз онҳо) марбут ба супоридани алимент эътибор додааст. Яъне, ҳалли ин масъала дар ҳар як ҳолати мушаххас ба салоҳияти суд дода шудааст. Суд ҳуқуқ дорад, ки ҳангоми баррасии парванда оид ба маҳдуд кардани ҳуқуқи падару модарӣ якбора дар ҳалнома масъалаи ба фоидаи кӯдак аз падару модар рӯёнидани алиментро ҳал намояд.

(Давом дорад)