Рӯзнома ба пешрафти корамон кумак мерасонад, -мегӯяд раиси шаҳри Роғун Шарифзода Шариф Файз

№156-158 (3457-3459) 20.11.2015

Шарифзода Шариф

Шаҳри Роғун ҳар сол дар маъракаи обуна ба рӯзномаю маҷаллаҳои кишвар аз ҷумлаи пешсафон аст.

-Дар ҳар давра ва дар ҳар як ҷомеа огоҳии мардум аз рӯйдодҳои дохилу хориҷ, доштани маълумот оид ба раванди таҳаввулоту дигаргуниҳо боиси ширкати фаъоли онҳо дар рушду такомул ва беҳбудии зиндагӣ мегардад. Бо дарназардошти ин омил сокинони шаҳри Роғун ба воситаҳои ахбори омма таваҷҷуҳи доимӣ доранд. Яке аз сабабҳои ҳар сол дар маъракаи обуна фаъолона ширкат кардан ва ҷамъбасти муваффақонаи он низ дарки ҳамин нукта аст,- гуфт ба хабарнигорамон раиси шаҳри Роғун Шарифзода Шариф Файз ва афзуд:

-Мо дар ҷаласаҳои корӣ моҳият ва мақсади обуна ба рӯзномаю маҷаллаҳоро мефаҳмонем. Дар робита ба ин, кормандони мақомоту сохторҳои  ноҳия зимни фаъолияти ҳамарӯза ва суҳбату мулоқотҳо бо мардум  мубодилаи афкор мекунанд.  Дар натиҷа,  сокинони шаҳр ба 16 номгӯй рӯзномаю маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ ба миқдори 4364 нусха обуна шуданд. Тазаккур бояд дод, ки рӯзномаи «Садои мардум» аз нашрияҳои дӯстдоштаи сокинони шаҳр мебошад, зеро он манбаи асосии маълумоти ҳуқуқӣ, қонуну қарорҳои қабулшуда, инъикоскунандаи ҳаёти рӯзмарраи кишвар аст. Маҳз тавассути нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мо аз рӯйдодҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, фаъолияти вакилони мардумӣ огоҳӣ пайдо карда, матни пурраи қарору қонунҳои қабулшударо дастрас менамоем, ки ин барои пешбурди фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва дигар сохторҳо муҳим ва зарур мебошад.

Раиси шаҳр ҳамзамон аз он изҳори хушнудӣ кард, ки рӯзномаи «Садои мардум» бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, корхонаю ташкилотҳо ва ҷамоату хоҷагиҳои шаҳр ҳамкории доимӣ дорад ва мунтазам хабарнигорони рӯзнома аз минтақа  мавод ба табъ расонида, комёбиҳои заҳматкашони шаҳрро муаррифӣ менамоянд.

-Фаъолии ташкилоту идора, муассисаву корхона ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар маъракаи обуна гувоҳи он аст, ки мардуми шаҳри Роғун  сиёсати бунёдкорона ва созандаи Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд ва азми саҳмгузории бештар дар пешрафту шукуфоии Ватани азизамонро доранд,- иброз намуд дар фарҷом  Шарифзода Шариф Файз.

 Б. КАРИМЗОДА,«Садои мардум»