Даст доштани ҲНИТ дар терроризм исбот шуд

№159 (3460) 24.11.2015

26 октябри соли ҷорӣ аз тариқи шабакаҳои давлатии Тоҷикистон гузориши махсуси бахши робита бо ҷомеаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон пахш гардид, ки даст доштани ҲНИТ-ро дар терроризм исбот намуд. Ин гузориш ба даст доштани ҲНИТ дар ташкили табаддулоти Ҳоҷӣ Ҳалим ва дар он бо супориши падараш иштирок доштани  Руҳуллоҳ Тиллозодаписари калонии Муҳиддин Кабирӣ нигаронида шуда буд.

Тибқи гузориш ин нафар бо супориши падараш ба Абдуҳалим Назарзода- муовини собиқи вазири мудофиа, ки ташкилкунандаи нооромиҳои моҳи сентябр буд, як миллиону 200 ҳазор доллари ИМА-ро бурда мерасонад.  Тавре аз ин гузориш ба аксари мардуми Тоҷикистон маълум шуд, нафароне, ки худро ҳомӣ ва пайрави дини ислом мешуморанд, аслан дар фикри амалӣ сохтани мақсадҳои нопок ва дарёфти манфиатҳои худу хешу таборашонанд. Ба ҳамагон маълум аст, ки ислом аслан ниёз ба ҳизб ва ҳимоятгар надорад, аммо солҳои зиёд дар миқёси Тоҷикистон  як гурӯҳ зери парчами ислом бо суиистифода аз арзишҳои фардии инсонҳо мехоҳанд маблағ ва сарват ҷамъоварӣ  кунанд ва соҳиби қудрат гарданд. Ҳодисаи чанд сол пеш рухдода — нафареро аз беэҳтиётӣ тавассути мошини сабукрави шахсиаш маҷрӯҳ кардани Руҳулло Тиллозода  ҳанӯз ҳам аз хотири мардум фаромӯш нашудааст. Он замон писари Кабирӣ он қадар «нозпарвар» буд, ки ҳатто баъди чанд рӯз ӯро мақомот раҳо намуда буданд. Албатта, он вақт вакили парламент будани М. Кабирӣ ба ин ҳодиса таъсири мусбат расонид. Ёдовар шудани ин ҳодиса ба он хотир аст, ки Кабириву писараш маҳз аз мақомот бояд розӣ бошанд, ки ҳамон замон ӯро ба маҳкама накашиданд.

Вақте ронандаи шахсӣ шавҳари хоҳар, роҳбари корхонаи сохтмонӣ писари амма, сардори шуъбаи кадрҳо бародари ҳамсар аст, чӣ гуна мешавад, ки дигаронро ба хешутаборчигӣ гунаҳгор ҳисобид? Ин гапро бояд касе гӯяд, ки худаш дар ҳалқаи хешу наздикон «ғӯта назада» бошад». Ҳамин тарзи  ташкили кор дар ҳамаи бахшҳои ҲНИТ мавҷуд буд, зеро аз тарафи роҳбари он дар атрофи худ ҷамъ намудани наздиконаш  барои хешутаборчигӣ дар дохили ҳизб замина гузошта буд.

Баъд аз пахши ин гузориш дарҳол Муҳиддин Кабирӣ ба он вокуниш нишон дода, худро боз ҳам бегуноҳ тавсиф намуд.  Ин вокуниши  М. Кабирӣ ва писараш Руҳулло Тиллозода бо унвони  «Мухиддин Кабири и его сын опровергли очередные обвинения властей Таджикистана» дар сайти  «Tajinfo» паҳн гардид. Баъдтар ин мусоҳибаро ҷонибдор ва мухлиси Кабирӣ Саидюнуси Истаравшанӣ бо номи «Вокуниши Кабирӣ ва писараш ба иттиҳомҳои ахири мақомот алайҳи онҳо» ба тоҷикӣ баргардон намуда, дар «веблог» — и худ интишор дод. Ин вокуниш боз ҳам як навъ худтаблиғкунии роҳбари ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъшудаи ҲНИТ аст.

М. Кабирӣ  ба саволи мусоҳибаш, ки «чаро мақомот аз вокуниш ва аксуламали ҷомеаи ҷаҳонӣ дар баробари ин иқдомҳои зидди демукротик намеҳаросанд?» чунин ҷавоб додааст: «Мутаассифона, имрӯз Тоҷикистон ба унвони як кишвари зебои кӯҳистонӣ, вале бо як давлати фосид ва ваҳшӣ ва мардуме дар ҳолати тарсу ҳарос шинохта мешавад. Наслҳои оянда бояд бисёр талош кунанд, то ин нангро аз пешонии миллат бардоранд ва вазъро тағйир бидиҳанд». Ин ҷаноб мардумро ба гумроҳӣ мебарад, зеро касе дар Тоҷикистон бо тарсу ҳарос зиндагӣ надорад. Танҳо касоне дар ҳаросанд, ки ягон ҷиноят содир кардаанд ё роҳи нодурусти зиндагиро пеш гирифтаанд. Баъдан, кӣ ба М. Кабирӣ ваколат ё иҷозат додааст, ки «нанги миллат»-ро муайян ва шарҳу тавзеҳ намояд?! Истифодаи калимаи нанг низ далели он аст, ки М. Кабирӣ мехоҳад бо арзишҳои фитрии инсонӣ, ки дар давраи миллатсозӣ бояд дар ҳадди эътидол бошанд, даст мезанад ва бо роҳи «давлати фосид ва ваҳшӣ» номидани Тоҷикистон мехоҳад мавриди таваҷҷуҳи донорҳои «хориҷиаш бошад». Воқеан, асрорангез аст, Кабириву атрофиёни ӯ ин қадар корхонаҳои хусусиву маблағҳои бисёрро бо кадом роҳ ба даст овардаанд? Ё падарашон ба онҳо мерос гузошта буд? Шояд барои соҳиби ин гуна маблағҳои ҳангуфт шудани Кабириву ҲНИТ грантҳои кишварҳои исломӣ барои таблиғ ва васеъ намудани ҷомеаи исломӣ ё «дӯстон»-и дигари кишвари мо даст дошта бошанд? Инро вақт ва тафтишоти мақомот муайян хоҳад кард.

Писари М. Кабирӣ — Руҳуллоҳ Тиллозода дар мусоҳибааш зикр кардааст, ки «Барои ҳамагон рӯшан аст, ки тамоми ин ҳодисаҳо тарроҳишуда буданд. Ҳадафи аслӣ аз ин саҳнасозиҳо бадном ва сиёҳ кардани чеҳраи ҲНИТ ва падари ман буд, то баҳонае пайдо шавад барои мақомот, ки аз як рақиби ҷиддӣ ва асосии худ аз саҳнаи сиёсии Тоҷикистон халос шаванд».  Ин дурӯғи маҳз аст, ки «барои ҳамагон рӯшан аст». Аслан ма

рдум дигар на ба ҲНИТ таваҷҷуҳ дораду на ба ҷонибдорони ӯ. Сониян, ҲНИТ «ҳеҷ вақт рақиби ҷиддӣ ва асосӣ» барои Ҳукумат набудааст. Агар ҲНИТ рақиби сазовор мебуд, бояд ба арзишҳои инсонсолорӣ, зиндагидӯстдорӣ, эътимод ба ояндаи равшан ба саҳнаи сиёсат меомад, на бо дӯзаху охирату ваъдаи нася ва тарсонидани инсоният!

Аз ин вокуниши М. Кабириву писараш Руҳулло Тиллозода чунин бардошт намудан мумкин аст, ки М. Кабирӣ ва атрофиёнаш ҳамеша дар хидмати хоҷагони аҷнабӣ будаанд ва барои ҳадафи худ омодаанд аз баҳри арзишҳои миллӣ низ гузаранд, зеро дар ислом миллат ва манфиати миллӣ мавҷуд нест. Дар қонунҳои ислом, ки аслан бар пояи суннатҳо сохта шудаанд, ҳамеша бартарият ба миллати араб дода мешавад. Ин омил боиси рушд накардани худшиносии миллӣ дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон гардидааст.

Солеҳ КАБИРОВ