Парчамдорию парчамбардории миллати мо, ки рамзи иттиҳоду пирӯзиҳост, таърихи чандҳазорсола дорад. Роҳи пурифтихори Парчами осмонбӯси имрӯзаамон аз пешбанди чармини Коваи оҳангар (Дирафши коваёнӣ) оғоз гардидааст.
Нақши нахустпарчами мо - «Дирафши коваёнӣ»-ро дар муттаҳидсозию ғалабаи табақаи мазлум бар золим Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ хеле барҷаста тасвир кардааст.
Эҳтиром ба Парчам аз ибтидо сар карда, ҳамвора дар қалбҳои мардуми сарбаланди мо маскан гирифтааст. Ҳамин буд, ки дар адабиёти навини мо аксарияти адибони тоҷик чун ифодаи эътимоду эътиқод ба Парчам шеърҳо ва маҷмӯаҳои эҷодии хешро зери унвонҳои «Ливои зафар», «Байрақи музаффарият», «Парчами сулҳ» ва амсоли инҳо ба табъ мерасониданд.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳуму моҳияти хосаро дар худ таҷассум менамояд. Он, аз як тараф, идомаи мантиқии нахустин Парчам дар таърихи инсоният бошад, аз ҷониби дигар, ифодагари соҳибистиқлолии комили давлат ва таҷассумгари ояндаи дурахшони миллати тоҷик аст.
Дар матни Суруди Миллӣ низ ин нукта равшану возеҳ баён гардидааст:
Зи дурии замонаҳо расидаем,
Ба зери Парчами ту саф кашидаем, кашидаем.
Устод Гулназар дар ҷойи дигар бо шукргузорӣ, нишоту ғуруру армон ва ишора ба рангҳои пур аз маънию маром чунин фармудааст:
Парчами армони тоҷик,
Шуълаи имони тоҷик.
Оташи виҷдони тоҷик,
Сар зада аз ҷони тоҷик.
Рӯи ман чун рӯи ту сурх,
Бахти ман чун ту сафед аст.
Умри ман мисли ту сарсабз,
Ҷонам аз ту пурумед аст.
Имрӯз мардуми кишвари азизамон дар арафаи ҷашнгирии Иди фархундаву муборак — Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Баҳри таҷлили бошукӯҳи ин иди воқеан умумихалқӣ дар тамоми гӯшаву канори мамлакат омодагии ҳамаҷонибаю тадбирҳои муносиб андешида шуда истодаанд. Чунончӣ, дар доираи тайёрӣ ба истиқболи сазовори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор чорабиниҳои идона баргузор карда шуд.
Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию сиёсӣ, тақвият бахшидан ба раванди тарбияи ватандӯстию хештаншиносӣ, ҳисси баланди миллӣ ва эҳтирому арҷгузорӣ ба рамзҳои давлатдорӣ дар муассисаҳои таълимӣ дар мавзӯъҳои «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — рамзи соҳибистиқлолии кишвар», «Парчам — рамзи давлатдорист» ва ғайра семинару мизҳои мудаввар доир карда шуданд.
Дар ҷараёни тайёрӣ ба ҷашн дар марказ ва ҳамаи минтақаҳои кишвар чорабиниҳои варзишӣ баргузор гардиданд. Ҳамчунин ба ин муносибат рӯзи 14 ноябр зери унвони «Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистони азизам!» дар Муассисаи давлатии илмии марказии «Боғи Ирам» бо иштироки доираи васеи шаҳрвандон санъаткорони шинохтаи ҷумҳурӣ барномаи консертии бошукӯҳ баргузор намуданд.
Дар рӯзи ҷашни Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — 24 ноябр дар пойтахти кишварамон бо иштироки 35 ҳазор нафар ҷавонону донишҷӯён зери шиори «Парчамат тобанда бод, эй Тоҷикистони азиз!» роҳпаймоӣ баргузор хоҳад шуд.
Ҳамчунин дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ доир мегардад.
Чунин чорабиниҳои идона, аз ҷумла сайругашти оммавӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар назар аст. Хулоса, имрӯзҳо мардуми шарифи Тоҷикистонро рӯҳияи волои идона ва ҳисси ифтихори давлатдорию парчамдорӣ фаро гирифтааст.
Дар ин рӯзи хурраму фархунда беихтиёр чунин суханони фаромӯшнашуданӣ ва дуои неки Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотир меоянд, ки ҳанӯз даҳ сол муқаддам ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (8 сентябри соли 2005) иброз намуда буданд: «Бигузор Парчами истиқлолият асрҳои аср ба сари мамлакати куҳанбунёду номдор ва озоди тоҷик парафшон бошад».
Саттор УМАРОВ, «Садои мардум»