Хабарҳо аз кишвар

№162 (3463) 28.11.2015

Духтарон дар ҷомеа фаъол мегарданд

ДУШАНБЕ. (Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»)   Бо мақсади фаъолгардонии духтарон дар ҷомеа ва дар доираи Барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007 — 2016» соли дуюм аст, ки дар назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон курси омӯзишии «Омода кардани ҷавондухтарон дар идоракунии давлатӣ» фаъолият дорад. Дар курси мазкур донишҷӯдухтарон аз донишгоҳу донишкадаҳои пойтахт ҳафтае як маротиба — рӯзи шанбе иштирок мекунанд. Ба онҳо устодони варзидаи соҳибунвон вобаста ба мавзӯъҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ, этикаи роҳбарӣ ва хизматчии давлатӣ, асосҳои идоракунии ҳайат ва ғайра дарсҳо мегузаронанд.

 Муҷассамаи Восеи қаҳрамон

 ХОВАЛИНГ. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»)Майдони марказӣ, ки дар шафати чилчанорҳои машҳуру силсилачашмаҳои ҷӯшони  он қарор дорад, бо ташаббуси масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия вобаста ба талаботи имрӯзаи меъморӣ тармиму таҷдид гардидааст.  Дар рӯ ба рӯи бинои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг муҷассамаи фарзанди шарафманди миллат — Восеи қаҳрамонро бо диду назари тоза бунёд кардаанд, ки мо дар симо ва нигоҳи ӯ ғурур ва нангу номуси миллиро хеле равшан мушоҳида мекунем.  Маросими пардабардорӣ аз рӯи муҷассамаи Восеъ дар рӯзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он фаъолону сокинони ноҳия ширкат доштанд.

 Вохӯрии муфид

ҚАЙРОҚҚУМ. (Абдувосит САЛИМЗОДА, «Садои мардум») Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи раёсатҳои Хадамоти муҳоҷират, корҳои дохилӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон ва оилаи вилоят  дар Қасри фарҳанги шаҳр вохӯрии судманд баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ фаъолон, раисони шаҳраку деҳот ва кумитаҳои маҳаллаҳо, имом-хатибон, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, миёнаи умумӣ, литсейҳои касбӣ — техникӣ ва волидайни муҳоҷирони меҳнатӣ иштирок намуданд. Намояндагони раёсатҳо оид ба пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро маърӯзаҳо намуданд.

 Содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар

МУЪМИНОБОД. (Темуршоҳи  ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Хоҷагиҳои деҳқонии деҳоти ба номи Нуралишоҳ Назаров ва Шамсиддин Шоҳин дар самти содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар пешсафанд. Деҳоти зикршуда нақшаи солонаи содиротро пеш аз муҳлат ва барзиёд иҷро намуданд. Деҳоти «Деҳибаланд», «Боғгаӣ», «Балхобӣ» ва «Чилдухтарон», ки сокинонашон ба боғдорию  картошкапарварӣ машғуланд, нақшаи содиротро мутаносибан 60 — 90 фоизӣ иҷро кардаанд.

 Кишти тирамоҳӣ ба анҷом мерасад

РОҒУН. (Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум») Деҳқонони хоҷагиҳои кишоварзии шаҳр барои иҷрои пурраи нақшаи кишти тирамоҳӣ талош карда истодаанд. Онҳо азм доранд, ки майдони киштро аз нақшаи пешбинишуда 150 гектар зиёд намоянд. Айни замон дар шаҳр 1067 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дорад, ки ба онҳо 2345 гектар замин вобаста аст.

Тавре сардори шуъбаи кишоварзии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр Кароматулло Мӯсоев иброз дошт, то имрӯз хоҷагиҳои деҳқонӣ дар майдони 900 гектар киштӣ зироатҳои ғалладонагӣ гузаронидаанд. Деҳқонон кӯшиш намуда истодаанд, ки аввалҳои моҳи декабр тибқи нақша дар 1180 гектар бояд кишти такрорӣ гузаронанд.

 Захираи тухмии хушсифати картошка

РАШТ. (Диловари МИРЗО, «Садои мардум»)Картошкапарварони ноҳия аз ҳосили соли равон бадастовардаашон қаноатманд буда, аз имрӯз барои кишти соли оянда тайёрӣ дида истодаанд. Тавре аз суҳбат бо муовини раиси ноҳия Каримҷон Маллаев маълум шуд, деҳқонон аз ҳосили  имсолаи ҷамъоваришуда зиёда 2400 тонна картошкаи тухмӣ захира намудаанд.

- Ҳар сол мо аз сабаби кам будани тухмӣ ба мушкилӣ мувоҷеҳ мешудем. Имсол агар  ба қадри кофӣ сардхона ва анбор медоштем, имконият буд, ки панҷ ҳазор тонна тухмии хушсифатро барои кишти 1000 гектар замин захира намоем, — гуфт мавсуф.

 Дастовардҳо назаррасанд

ШАҲРИСТОН. (Ҳ. НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»)Кишоварзони ноҳия соли равон дар майдони 16 ҳазору 544 гектар, аз ҷумла 13837 гектар ғалладонагиҳо, 832 гектар картошка, 245 гектар сабзавот ва 1528 гектар зироатҳои хӯроки чорво кишт карда, ҳосили фаровон ба даст оварданд. Бино ба гуфти раиси ноҳия Умар Ёқубзода, дар маҷмӯъ кишоварзон ва аҳолии ноҳия 20226 тонна ғалла, 20531 тонна картошка, 1416 тонна сабзавот, 700 тонна меваҷот ва 10862 тонна хӯрока барои чорво ҷамъоварӣ кардаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта хеле зиёд аст.

 Волидон бар зидди терроризм

ЧКАЛОВ. ( Абдувосит САЛИМЗОДА, «Садои мардум») Дар Донишкадаи  кӯҳӣ-металлургии шаҳри Чкалов бо иштироки 320 нафар таҳти унвони «Волидон — бар зидди терроризм» чорабинии маърифатӣ — фарҳангӣ баргузор шуд. Дар назди иштирокдорон намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Чкалов, Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят, шуъбаи муҳоҷирати раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва имом-хатиби масҷиди ҷомеи шаҳри Чкалов дар мавзӯи «Мубориза алайҳи ифротгаройӣ ва терроризму экстремизм» суханронӣ карданд. Пас аз суханрониҳо миёни аҳли толор ва маърӯзакунандагон саволу ҷавоб ва мубодилаи афкор сурат гирифт.

Масъули гӯша Муҳаммад ЗОКИР. Бо мо дар тамос бошед. Телефон: 238-58-91