Сергей Степашин: «Мавқеи Тоҷикистонро ба Владимир Путин хоҳам расонд»

№48 (3033) 19.04.2013

Дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Палатаи ҳисоби Федератсияи Россия Сергей Степашин, ки дар фазои ҳусни тафоҳум сурат гирифт, як қатор масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Россия баррасӣ гардид.

Сергей Степашин пас аз мулоқот бо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури намояндагони воситаҳои ахбори омма аз натиҷаҳои аудити пойгоҳи низомии Федератсияи  Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ ва ба ҷониби Тоҷикистон барои муҳайё намудани шароити мукаммали будубош барои ин пойгоҳ арзи сипос кард.

Ба иттилои номбурда, татбиқи нақшаи стратегии ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои ҳарбиву техникӣ, тақвияти ҳамкориҳо дар бахшҳои гуманитарӣ, бахусус ҳамкорӣ дар бахши маориф, баррасии дурнамо ва вазъи кунунии Афғонистон, аз мавзуоти меҳварии ин мулоқот буданд.

Сергей Степашин аз сатҳи ҳамкориҳои ҳарбиву амниятии ду кишвар арзи қаноатмандӣ карда, таъкид дошт, ки мавқеи Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҳар гуна зуҳуроти номатлуби минтақа басо назаррас аст.

-Бо назардошти ҳамаи ин, ман мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун як кишвари дӯст ва шарики стратегии Россия ба Президенти он Владимир Владимирович Путин хоҳам расонд,- илова намуд Сергей Степашин.

 

АМИТ «Ховар»