Сокинони ноҳияи Ҷиргатол ҳар сол дар маъракаи обуна фаъолона ширкат меварзанд. Мардум медонанд, ки маҳз рӯзнома метавонад онҳоро бо ҳаёти ҳаррӯзаи кишвар ва олам ошно созад.
Хурсандиовар аст, ки солҳои охир мардуми одӣ низ рӯ ба рӯзномахонӣ овардаанд. Дар маъракаи обуна барои соли 2016 сокинони ноҳия хеле фаъол буданд. Ҳар нафар ба дафтари кории кормандони почта ба он хотир ворид мегардид, ки ба рӯзнома ва маҷаллаи дӯстдоштаи худ обуна шавад.
Ба андешаи мо, чунин ривоҷ гирифтани кор дар маъракаи обуна натиҷаи фаъолияти тарғиботии кормандони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷиргатол мебошад. Маҳз онҳо дар вохӯрию маҷлисҳо ба сокинони ноҳия аҳамият ва мавқеи рӯзномаву маҷаллаҳоро дар тарбияи маънавии инсон ба мардум мефаҳмониданд.
- Рӯзномаи «Садои мардум» аз зумраи он нашрияҳоест, ки дар инъикоси рӯзгори сокинони ноҳияи мо фаъол аст. Соли 2015 дар ин нашрия вобаста ба дастоварду комёбиҳо ва мушкилоти мавҷуда беш аз 25 мақолаи хурду калон ба табъ расидааст. Маҳз ба воситаи ин рӯзнома сокинони ҷумҳурӣ тавонистанд, ки бо рӯзгори мардуми мо ошноии бештар пайдо намоянд. Чунин муносибати нашрия бо сокинони як ноҳияи дурдасти кишвар тавонист муҳаббати мардуми моро нисбат ба рӯзнома ва кормандони он зиёд гардонад. Анъана шудааст, ки тамоми вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ба рӯзномаи «Садои мардум» обуна шаванд. Дар ҳама ҳолат мо аз саҳифаҳои нашрияи «Садои мардум» барои ҳалли тамоми масъалаҳои мубрам ҷавоб меёбем, — гуфт дар суҳбат раиси ноҳияи Ҷиргатол Умедхоҷаи Зоир.
Ноҳияи Ҷиргатол дар маъракаи обуна қатори пешсафон қарор дорад ва барои соли 2016 сокинони ноҳия ба 5420 нусха рӯзнома ва маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ обуна шудаанд. Имрӯз ҳам обуна дар ноҳия идома дорад ва мо бовар дорем, ки то охири сол сафи муштариён боз ҳам бештар мегардад.
- Ширкати густурдаи ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва корхонаҳои ҳудуди ноҳия аз он гувоҳӣ медиҳад, ки мардуми ноҳияи Ҷиргатол сиёсати бунёдкоронаи Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро дар ҳама самт ҷонибдорӣ менамоянд ва дар рушди мамлакат саҳмгузоранд, — гуфт дар хатми суҳбат Умедхоҷаи Зоир.
Диловари МИРЗО, «Садои мардум»