Деҳқонони зафарманду ҳимматбаланди шаҳри Турсунзода нақшаи ҷамъоварии пахтаро иҷро карданд. Ҳосили умумии ҷамъовардаи деҳқонон 3765 тоннаро ташкил намуд, ки ба 102,7 фоизи нақша баробар аст.
Сардори раёсати кишоварзии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода Ҳомидҷон Амирзода зимни суҳбат бо хабарнигори рӯзнома аз хусуси комёбиҳои бадастовардаи заркорони шаҳр ҳарф зада, минҷумла изҳор дошт, ки пахтакорон барои соҳиб шудан ба натиҷаҳои шоён аз аввали сол камари ҳиммат бастанд. Дар майдони 1800 гектар чигити навъҳои «Дӯстӣ» ва «Намангон-77» бо риояи ҳама талаботи агротехникӣ сари вақт кишт шуд. Тадбирҳои фаровонҳосилӣ, аз ҷумла ягонакунӣ, коркарди байни қаторҳо, ғизодиҳӣ, обмонӣ сари вақт ва бо сифати баланд ҷараён гирифта, омили муҳими фаровонҳосилӣ гардид.
Ҷамъоварии пахта низ муташаккилона оғоз ёфт. Деҳқонон баҳри беталаф ҷамъ овардани ҳосили бо арақи ҷабин расонидаашон ҷаҳд намуданд. Нақшаи ҷамъоварии пахта бояд хеле барвақт иҷро мешуд, вале боронгарии вақтҳои охир ба кори деҳқонон халал ворид сохт.
Беҳуда деҳқонони шаҳри моро «устодони пахта» ном намебаранд. Бо хуб шудани вазъи ҳаво, зарофарон тамоми кӯшишу ғайраташонро баҳри ғунучини ҳосил сарф карда, иҷрои нақшаро таъмин намуданд. Мехоҳам ин ҷо аз натиҷаҳои шоёни ибрати деҳқонони хоҷагии деҳқонии «Агросаноат», ҶДММ «Агросаноат», ҶСК «Ҳақиқат», ҶДММ «Экспресс», корхонаи иҷоравии «Кенҷа Назиров» ва як қатор хоҷагиҳои дигар ёдовар шавам, ки иҷрои нақшаҳои базиммадоштаашонро ба андозаи аз 118 то 154 фоиз таъмин карданд. Ҳосилнокӣ дар як қатор хоҷагиҳо 25 — 30 сентнерро аз ҳар як гектар ташкил дод.
Ҳавасмандии деҳқонон дар маъракаи ҷамъоварии ҳосил хуб буд. Онҳо барои ҳар як кило пахтаи ғундоштаашон аз 50 дирам то як сомонӣ дастмузд гирифта, ба кумаки ҳашарчиён ниёз надоштанд.
- Ҳоло барои деҳқонон давраи нави масъулиятнок – тозакунии заминҳо аз ғӯзапоя шурӯъ гардида, майдони холишуда барои шудгор омода мешавад. Шудгори сари вақту хушсифат яке аз омилҳои асосии заминагузорӣ ба ҳосили фаровони соли минбаъда маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, дар тамоми хоҷагиҳои кишоварзӣ бо дарки ин масъала кор вусъати тоза мегирад, — гуфт дар поёни суҳбат Ҳомидҷон Амирзода.
Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум»