Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ мақолаи Темуршоҳи Файзалиро бо номи «Восеъ аз Ховалинг чӣ тафовут дорад? Натиҷагирӣ аз иштироки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии навоҳии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон дар Олимпиадаи ҷумҳуриявии хонандагон дар соли хониши 2014 — 2015» («Садои мардум», 11 ноябри соли 2015 таҳти №152(3453) бо иштироки директорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ дар маҷлиси назоратии назди мудири шуъба (24 ноябри соли 2015) мавриди баррасӣ қарор дод.
Зикр гардид, ки эродҳо ва масъалагузории муаллифи мақола бамавқеъ аст. Аз ин рӯ, Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ҷавони назди шуъба, директорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумии ноҳия вазифадор гардиданд, ки ин мушкилотро бартараф намуда, хонандагони боистеъдодро ҳаматарафа ба даври вилоятии озмунҳои фаннӣ омода намоянд, то ин ки дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявии солҳои оянда ширкат варзида, тавонанд ҷойҳои намоёнро сазовор гарданд.
Ҳоло даври ноҳиявии озмунҳои фаннӣ ҷамъбаст гардид ва омодагиҳои хонандагон ба даври вилоятии озмунҳои фаннӣ зери назорати қатъии шуъбаи маориф қарор дорад. Қобили зикр аст, ки дар се моҳи соли хониши 2015-2016 хонандаи синфи 9-уми гимназияи №1 Назарзодаи Аминҷон дар озмуни ҷумҳуриявии «Тирамоҳи заррин» иштирок карда, ҷойи дуюм ва Саидҷони Файзулло — хонандаи синфи 11-уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28 дар озмуни вилоятии «Мо бахтнома дорем» ҷойи сеюмро ишғол намуданд.
Сироҷиддин Гурезов, мудири шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ