Тавре мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод хабар дод, дар ноҳия ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳти раёсати прокурори ноҳия Абдураҳмонзода Мирзошоҳ Сафаралӣ баргузор гардид, ки дар он мудирони шуъбаҳо, бахшҳо, раисон ва муҳандис — заминсозони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту корхонаҳо, раисони маҳаллаҳо, имом — хатибони масҷидҳо ва роҳбарони муассисаҳои таълимию тандурустии ноҳия иштирок доштанд.
Дар ҷаласа ду масъала — «Ҳолати истифодабарии замин дар соли 2014 ва 10 моҳи соли 2015 оид ба истифодаи қитъаи заминҳои наздиҳавлигӣ аз тарафи шаҳрвандон» ва «Ҳодисаҳои худкушӣ дар соли 2015 ва роҳҳои пешгирии он» мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Оид ба масъалаи якум ёрдамчии калони прокурори ноҳия Фурқат Абдуқаюмзода ва вобаста ба масъалаи дуюм муфаттиши прокуратура Исмоилҷон Усмонзода суханронӣ карданд. Аз рӯи масъалаҳои зикргардида муовини раиси ноҳия Заррина Абдуллозода, раиси кумитаи заминсозии ноҳия Илёс Ҳайдарзода, раиси шаҳраки Зафаробод Маҳбуба Усмонова, раисони ҷамоатҳои деҳоти «Меҳнатобод» ва Ҷомӣ Зариф Шукуров, Нӯъмон Усмонов ва дигар шахсони масъул фикру мулоҳизаҳои худро баён доштанд.
Мутасаддиён бори дигар вазифадор гардиданд, ки оид ба истифодаи оқилонаи замин, аз гардиши кишоварзӣ берун намондани он, истифодаи самараноки қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, аз ҷумла худкушӣ, чораю тадбирҳои муассир андешанд.
Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»