Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чанде пеш конференсияи ҷумҳуриявиро таҳти унвони «Роҳҳои татбиқи Консепсияи идоракунии рушди маҳал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баргузор намуд.
Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати давлатиро дар самти идоракунии маҳал, мушаххасгардонии вазифаю ваколатҳо байни мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин ҳамоҳангсозии тадбирҳо оид ба таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои маҷмӯии рушди иҷтимоию иқтисодии воҳидҳои марзию маъмурӣ татбиқ менамояд. Консепсияи мавриди назар 11 июли соли ҷорӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 522 тасдиқ гардида, асосҳои ташкилию методологиро дар сатҳи маҳал фароҳам оварда, ба татбиқи самараноки ҳуҷҷатҳои стратегии қаблан қабулнамудаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар бахши танзими вазифаҳо, ташкили сохтори идоракунии маҳал мусоидат менамояд.
Дар кори конференсия зиёда аз 350 нафар намояндаҳои мақомоти марказию маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, корпуси дипломатӣ, созмонҳои байналмилалие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, марказҳои татбиқи лоиҳаҳо, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва соҳибкорон иштирок намуданд. Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии раиси кумитаи мазкур Қосим Роҳбар шурӯъ гардид. Сипас, муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид суханронӣ намуда, аз иқдомоти Ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри рушди маҳал ёдовар шуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки дар заминаи таваҷҷуҳи хосаи Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ин раванд беш аз пеш тавсеа ёфта, таъсиси сохтори нав — Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон идомаи мантиқии ин раванд аст.
Дар натиҷаи чунин иқдомот манотиқи гуногуни кишвар ба пешравиҳои назаррас ноил гардиданд, сатҳу сифати зиндагии мардум беҳтар шуд. Аз он изҳори қаноатмандӣ карда шуд, ки то ин замон тадбирҳои зиёди ҳуқуқӣ ва ташкилӣ ҷиҳати рушди маҳал амалӣ шуда, иқдомоти гуногун аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд ба сомон расонида шудаанд. — Дар маҷмӯъ, тадбирҳои андешидашуда барои рушди устувори минбаъда заминаҳои меъёрии ҳуқуқиро фароҳам оварда, фаъолиятро дар ин самт ҷоннок намуданд,- гуфт номбурда.
Маърӯзаҳои раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар — «Татбиқи босифати «Консепсияи идоракунии рушди маҳал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» асоси баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии мамлакат ва мусоидат ба рушди иқтисодӣ», намояндаи Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид Ғулом Исакзай — «Нақши БРСММ дар такмили низоми идоракунии маҳаллӣ», раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Абдураҳим Холиқзода — «Нақши мақоми қонунгузор ҳамчун танзимкунандаи низоми идоракунии маҳаллӣ», иҷрокунандаи вазифаи директори минтақавии Бонки Умумиҷаҳонӣ Динара Ҷолдошева — «Ҳамкории Бонки Умумиҷаҳонӣ дар тақвияти неруи мақомоти худидоракунии маҳаллӣ», вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода — «Ҳадафҳои такмили идоракунии маҳаллӣ дар «Стратегияи миллии рушд то соли 2030 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадиён - «Ҷорӣ намудани низоми нави маблағгузории функсияҳои худидоракунии маҳаллӣ дар ҷамоатҳо», муовини директори Бонки Рушди Осиё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Буодокфенг Чансоват — «Саҳми Бонки Рушди Осиё дар рушди инфрасохтор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷ. Давлатов — «Усулҳои муосири роҳбарии мақомоти идоракунии маҳаллӣ ва худидоракунии маҳаллӣ», муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лочин Файзуллозода — «Ҷалби кумаки беруна барои татбиқи Консепсияи идоракунии рушди маҳал», муовини якуми раиси ВМКБ Нуралӣ Риоев — «Натиҷаи таъсиси кумитаҳои маҳал дар маркази ВМКБ ва рушди ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ», раиси шаҳри Исфара Зоҳидзода Даврони Абдуқодир — «Истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва болоравии сифати хизматрасониҳои давлатӣ ба аҳолӣ», раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Амруллои Асадулло — «Зарурати тақсимоти марзию маъмурӣ барои мукаммалсозии идоракунӣ», раиси Ҷамоати шаҳраки Ёвони ноҳияи Ёвон Ҳасанзода Қаҳҳорбек — «Таъминоти молиявии мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот – асоси хизматрасонии босамар» ва раиси Ҷамоати деҳоти ба номи К. Исмоили шаҳри Ваҳдат Ҳусниддин Шарипов – «Таҷрибаи лоиҳаи пилотӣ оид ба ваколатҳои идоракунии маҳал нисбати ҳуқуқ ба моликият ва додани моликияти зарурӣ барои таъмини функсияҳои ба онҳо вогузоршуда» хеле ҷолибу пурмуҳтаво буданд ва дар онҳо паҳлуҳои гуногуни масъалаҳои зикршуда мавриди таҳлил қарор гирифтанд. Иштирокдорон зикр намуданд, ки тасдиқ гардидани ҳуҷҷати мазкур дар шароити кунунӣ муҳиму саривақтӣ буда, дар ин замина марҳилаи сифатан нави рушди маҳал шурӯъ мегардад. Дар ин робита, ба он ишора шуд, ки танҳо бо идоракунии самаранок метавон раванди рушди маҳалро тавсеа бахшид.
Ширкаткунандагони чорабинӣ оид ба дигар масъалаҳои дахлдор низ табодули назар ва пешниҳод карданд, ки барои татбиқи консепсияи зикршуда Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти давлатӣ Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Консепсия ва Стратегияи ислоҳоти идоракунии маҳалро омода ва барои тасдиқ пешниҳод намояд. Ҳамрадиф бо иқдоми мазкур, гузаронидани таҳлили ҳуқуқии тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи низоми идоракунии маҳаллии давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ ва тавсеаи ҳамкориҳо байни Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳиму саривақтӣ ҳисобида шуд.
Зикр гардид, ки таҳияи барномаҳо оид ба такмили идоракунии маҳаллӣ вобаста ба баланд бардоштани неруи худидоракунии маҳаллӣ, муайян намудани манбаъҳои дастгирии молиявии функсияҳои идоракунии давлатӣ дар сатҳи маҳал ва худидоракунии маҳаллӣ, муайян намудани механизми бақайдгирӣ ва ба расмият даровардани моликият мувофиқи мақсад мебошад. Таъкид шуд, ки барномаҳои тарбияи кадрҳои идоракунии маҳаллӣ бо иштироки олимону мутахассисони ватанию хориҷӣ таҳия шавад, воситаҳои таълимии электронӣ омода ва семинару машваратҳо марбут ба ин масъала тарҳрезӣ ва амалӣ шаванд.
Иштирокчиёни конференсия барои баланд бардоштани шаффофияти фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, роҳандозии ҳамкории самаранок бо ҷомеаи шаҳрвандӣ изҳори назар намуданд. Зикр гардид, ки дар ин радиф, истифодаи густурдаи технологияҳои иттилотию коммуникатсионӣ дар мақомоти идоракунии давлатӣ барои баланд бардоштани сифат ва самаранокии фаъолияти он муосидат менамояд. Дар маҷмӯъ, ин чорабинӣ далели возеҳи он гардид, ки татбиқи консепсияи мавриди назар ҷиҳати дар сатҳи хуб ва сифати баланд сурат гирифтани фаъолияти Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон такони ҷиддӣ мебахшад.
Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»