Бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи Созишномаи байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой гурӯҳи кории ҳукуматӣ таҳти роҳбарии муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед ба ноҳияи Мухтори Синзян -Уйғури Ҷумҳурии Халқии Хитой сафар кард.
Мақсади асосии ин сафар таҳкиму густариши ҳамкорӣ ва муносибатҳои байниҳамдигарӣ мебошад. Ифтитоҳи шоҳроҳи байналмилалии Душанбе — Кӯлоб — Хоруғ -Қошғар тавассути гузаргоҳи Кулма ба баланд шудани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони ВМКБ, такони ҷиддӣ бахшид.
Созишномаи дахлдор байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой доир ба ин масъала соли 2011 ба имзо расида буд.
Бо дарназардошти вазъи иқлим ва паст фаромадани ҳарорати ҳаво, гузаргоҳ аз моҳи декабр то моҳи апрел тибқи реҷаи муайяншуда фаъолият менамояд. Барои беҳтар ба роҳ мондани мубодилаи байниҳамдигарии маҳсулоти зудвайроншаванда дар гузаргоҳи Кулма «равзанаи сабз» ба фаъолият шурӯъ мекунад.
Ба хотири тақвият бахшидани ҳамкориҳо бо губернатори Қошғар Фарҳод Рӯзӣ ва дигар шахсони расмӣ вохӯриҳо доир гардиданд, ки дар онҳо масъалаи ҳамкориҳои дуҷонибаи сохторҳои дахлдор дар доираи протоколҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Қошғар ва Хоруғ, музофоти Тошқӯрғон ва ноҳияи Мурғоб баррасӣ шуданд.
ҷонибҳо оид ба тавсеа бахшидани ҳамкории иқтисодӣ, савдо, омӯзиши таҷрибаи ҳамдигар дар соҳаҳои тандурустӣ ва илму маориф ба мувофиқа расиданд.
Аз ҷониби Шодихон Ҷамшед ва губернатори Қошғар Фарҳод Рӯзӣ протоколҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла оид ба фаъолияти гузаргоҳ ба имзо расиданд.
Ш. Шоҳқосимов, «Садои мардум»