Барқияи тасаллият

№167(3468) 07.12.2015

Ҳафтуми декабри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Муҳтарам Илҳом Ҳайдарович!

Хабари сӯхтор дар платформаи нафти «Гюнешли» дар баҳри Хазар, ки боиси талафоти одамон гардид, моро андӯҳгин кард.

Хоҳишмандам, ҷаноби Президент, тасаллияти самимии мардум ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуда, изҳори ҳамдардии моро ба пайвандону наздикони ҳалокшудагон расонед».

 www.president.tj