Ифтитоҳи Муассисаи томактабии хусусии «Зебунисо» дар шаҳри Душанбе

№167(3468) 07.12.2015

23493048651_1bc8688f6c_oШашуми декабри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Муассисаи томактабии хусусии «Зебунисо»-ро ифтитоҳ намуд.

Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар ин муассисаи наву замонавӣ 7 июни соли 2012 оғоз гардида буд.

Муассисаи мазкур барои 150 нафар дар як баст пешбинӣ гардидааст. Дар он 35 нафар, аз ҷумла мураббияҳо, табибон ва дигар кормандони соҳа, бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд.

Масоҳати умумии муассисаи томактабии хусусӣ 2350 метри мураббаъ буда, барои бунёди он фармоишгар — Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Континент — инвест» 3 миллиону  500 ҳазор сомонӣ сарф кардааст.

Дар Муассисаи томактабии хусусии «Зебунисо» ҳафт утоқ, аз ҷумла синфхонаи таълимӣ барои машғулиятҳои эҷодӣ, ҷойи машқи бадан ва ҳавзи шиноварӣ, ошхона ва бунгоҳи тиббӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар муассиса хонаи махсус бо камераҳои назоратӣ омода шудааст, ки волидон метавонанд ба воситаи он бо ҷараёни таълиму тарбияи фарзандони хеш шинос шаванд.

Муассисаи мазкур дар қисми поёнии ду бинои нави 12 — ошёна ҷойгир аст ва ин бино аз ҷониби сохтмончиёни Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фаровон – сохтмон» бунёд шудааст.

Дар вақти шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия ва истироҳати кӯдакон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба кори сохтмончиён баҳои арзанда дода, ин иқдоми соҳибкорони ватаниро амали хубе барои ободкорию созандагӣ, ба тарбия фаро гирифтани насли оянда ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ маънидод кард.

Президенти мамлакат таъкид намуд, ки барои баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати кӯдакон ҳанӯз аз синни хурдӣ бояд чунин муассисаҳои томактабӣ бештар таъсис дода шаванд.

Кормандони Муассисаи томактабии хусусии «Зебунисо» ва кӯдакони хушиқболи даврони соҳибистиқлолӣ ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои ин туҳфаи арзанда изҳори сипос карданд.

Баъди ифтитоҳи муассиса дар ҳамин ҷо муаррифии лоиҳаҳои дар пойтахт бунёдшаванда доир гардид. Ба Сарвари давлат лоиҳаҳои муассисаҳои типи нави томактабӣ намоиш дода шуд.

www.president.tj