- Ба хотири иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба эҳё намудани ҳунарҳои миллии ниёгон, бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон, дастгирӣ ва рушди қолинбофию сӯзанидӯзӣ дар шаҳраку деҳоти ноҳия мулоқоту вохӯриҳо бо бонувони ҳунарманд гузаронида шуданд. Дар натиҷа, даҳ нафар занон бо лоиҳаҳои худ дар озмуни вилоятӣ, ки дар асоси қарори раиси вилояти Суғд аз 16 феврали соли 2015 таҳти №79 «Оид ба таъсиси грантҳо барои дастгирӣ ва рушди ҳунарҳои дастӣ ва меҳнати хонагӣ дар соли 2015» доир шуд, ширкат варзиданд. Иштирокчии озмун- сокини шаҳраки Нов Наргис Уматқулова ғолиб ва соҳиби даҳ ҳазор сомонӣ гардид,-мегӯяд мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен Инобат Холмуродова.
Ба хотири иҷрои нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва банди 5-и Барномаи давлатии «Тайёр кардани мутахассисон аз ҳисоби занон ва мусоидат ба шуғли онҳо барои солҳои 2012-2015» ва ҷиҳати эҳё намудани ҳунарҳои миллии ниёгон, корҳои хонагӣ, дарёфти беҳтарин ҳунармандони ҳунарҳои дастии қолинбофию сӯзанидӯзӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон дар тарабхонаи «Гулрез» дар мавзӯи «Ман ҳастам» озмун доир намудем, ки дар он аз ҳафт шаҳраку деҳоти ноҳия 24 нафар бонувони ҳунарманд иштирок карданд.
дар он муовини якуми раиси ноҳия иштирок ва суханронӣ карда, минҷумла гуфт, ки занону духтарони тоҷик аз замонҳои қадим дар хонаҳо бо дӯхтани сӯзаниву гулдӯзӣ, зардӯзиву қолинбофӣ машғул шуда, рӯзгорашонро пеш мебурданд. Беҳдошти вазъи иқтисодиву иҷтимоии кишвар аз ҳар як оила ибтидо мегирад. Агар дар оила заминаи воқеии некуаҳволӣ мавҷуд бошад, имкони баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум низ бештар мегардад. Паҳлуи дигари эҳёи ҳунарҳои миллӣ ин дар тинати ҷавонон тарбия кардани эҳсоси меҳнатдӯстиву ватанпарварист.
Баъдан, ҳайати ҳакамон ба маҳсули заҳмати иштирокдорони озмун баҳогузорӣ карданд. Дар натиҷа, бонувони ҳунарманд Мафтуна Мамадқулова аз деҳоти «Куруш» соҳиби ҷойи якум, Онахон Эшонова аз деҳоти «Тағояк» сазовори ҷойи дуюм, Салима Ҷӯраева аз шаҳраки Нов сазовори ҷойи сеюм дониста шуданд.
Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»