Аниси кунҷи танҳоӣ

Китобхонҳо зиёд шудаанд

№168-170 (3469-3471) 10.12.2015

Безимени-1 (копия) копия 2Тоҷикон аз қадимулайём одате доранд, ки китобро чун муъҷиза таги сари тифл дар гаҳвора мегузоранд. Яъне, тифл дар хона танҳо нест, балки ҳамроҳу муҳофизи тавоно бо ӯст. Пешиниёни ин миллати соҳибтамаддун дар баробари хазинадор китобдорро низ азиз мешумурданд.

Шукрона, ки мо насли хушбахти имрӯз шоҳиди сохтмони китобхонаи азим будем, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти кишвари азизамон бунёд гардид. Имрӯз аз ҳар гӯшаву канори мамлакат иттилоъ меояд, ки дар фалон ноҳия китобхонаи нав кушода шуд.

Бо ибтикори раиси ноҳияи Тоҷикобод Ализода Ҳусейн Хоҷамир соли 2013 дар маркази ноҳия бинои зебои китобхона сохта шуд. Бино ҷавобгӯйи замон буда, бо тамоми таҷҳизоти муосир таъмин мебошад. Директори китобхона Савринисо Ҳомидова, ки таҷрибаи 14 — солаи корӣ дорад, барои ҷалби хонандагон, хоса насли наврас, чорабиниҳои зиёд мегузаронад. Фонди китобхона 9445 нусха китобро дар бар мегирад.

- Чанд сол пештар дар ҳудуди деҳа хонандагон ангуштшумор буданд. Шукр, сол то сол сафи китобхонҳо зиёд шуда истодааст, — иброз дошт ӯ.

- Ман чил соли умрамро ба китобдорӣ бахшидам. Замони шӯравӣ мардум зиёд китоб мехонданд. Як китоб даст ба даст мегашт, — ба суҳбат ҳамроҳ мешавад китобдори китобхонаи марказӣ Г. Ҳоҷиев.

- Дар доираи фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон» конфронси адабӣ — мусиқӣ ташкил кардем, — мегӯяд директори китобхонаҳои назди бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод Парвина Холова.

Парвина Холова дастпарвари собиқ Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода (ҳоло Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода) мебошад. Тариқи квотаи президентӣ ба донишкада дохил шуда, онро соли 2012 бо ихтисоси китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ хатм намуда, ба зодгоҳаш баргашт.

- Тибқи дастуру супоришҳо барои ҷалби хонандагон тамоми чораҳоро меандешем. Барои харидорӣ намудани китобҳои тозанашр мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ҳар сол дар доираи имконоти худ маблағ ҷудо менамояд.

Китоб бузургтарин неъмат аст. Нутқ аз хондани китоб бурро мешавад, ғалати имлоӣ ислоҳ мегардаду ҷаҳонбинӣ васеъ, — мегӯяд Парвина Холова.

Дар ноҳия 14 китобхона фаъолият дорад ва фонди умумии ин махзанҳо 35759 нусхаро ташкил медиҳад. Китобдорон, баробари иҷрои вазифаи худ, дар корҳои тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳӣ оид ба масоили гуногун байни аҳолӣ саҳм мегузоранд. Бо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия робитаи ҳамешагӣ доранд ва бо мақсади ҷалби хонандагон ба китобхонӣ якҷо чорабиниҳои зиёди фарҳангӣ мегузаронанд. Хуб мебуд, ки дар ҳар як деҳа китобхона бунёд гардад ва дар паҳлуи китобхона қироатхона бошад, то дӯстдорони китоб тавонанд фориғ аз кор дар қироатхона нишаста, баробари китоб аз рӯзнома ва маҷаллаҳо низ баҳра баранд.

- Боварӣ дорем, ки сафи хонандагони китобхонаҳо дар ноҳияи Тоҷикобод сол то сол зиёд мешавад, — гуфтанд дар фарҷом ҳамсуҳбатонам.

Диловари МИРЗО, «Садои мардум». Суратгир М. РИЗВОНОВ