Ҷаласаи кории Раиси шаҳри Душанбе

№168-170 (3469-3471) 10.12.2015

Ҳафтуми декабри соли 2015 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳолати иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе №488 аз 5 ноябри соли 2015 «Оид ба танзими фаъолият ва истифодабарии ҷойҳои ҷамъиятӣ дар шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе» ва тибқи хулосаи комиссияи босалоҳият бартарафсозии як қатор иншооти ғайриқонунии ба талаботи меъморию сохтмонӣ ҷавобгӯй набударо мавриди баррасӣ қарор дод. Бояд гуфт, ки дар заминаи иншооти ба талаботи муқарраргардида ҷавобгӯй таъсиси ҷойҳои нави корӣ бо ташкил намудани  ҳунарҳои мардумӣ, корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, ҷойгиркунонии нозирони минтақавии милиса ва кормандони мақомоти амният, хадамоти шабакаҳои гармидиҳӣ, оташнишонӣ ва  марказҳои омӯзиши технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ, муассисаҳои варзишӣ, фарҳангию фароғатӣ, маорифу тандурустӣ роҳандозӣ мешавад.

Раиси шаҳр баҳри тақвият ва тавсеаи фаъолияти муттасили сохторҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, густариши ҳамкориҳои судманд бо сокинон ва аҳли ҷамоатчигии маҳаллаҳо, ҳимояи бемайлони арзишҳои миллӣ ва таҳкими эҳсоси худшиносию меҳанпарастӣ супоришҳои мушаххас дода, роҳбарони аввали сохторҳои марбутаро вазифадор намуд, ки раванди татбиқи қарори мазкурро  зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.

Баҳри таҳкими тадбирҳои амниятӣ  ва таъмини риояи тартиботи ҷамъиятӣ дар шаҳр дастур дода шуд, ки фаъолияти камераҳои мушоҳидавӣ ва истифодаи дастгоҳҳои ташхискунандаи асбобҳои металлӣ дар тамоми нуқтаҳои сернуфуси хизматрасонии аҳолӣ зери назорати қатъии сохторҳои дахлдор  қарор дода шаванд.

Ҳамзамон Маҳмадсаид Убайдуллоев оид ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳр сухан ронда, аз фаъолияти комиссияҳои марбутаи шаҳрию ноҳиявӣ ва мақомоти худфаъолияти ҷамъиятии шаҳраку маҳаллаҳо изҳори нигаронӣ намуда, супориш дод, ки дар ин самт назоратро алайҳи қонуншиканиҳои ҷойдошта дар тамоми сатҳҳо пурзӯр намоянд ва кирдорҳои қонунпоймолкунӣ зимни баргузории маъракаҳо тавассути Муассисаи давлатии «Телевизиони Пойтахт» бе муросокорӣ пешниҳод карда шавад.

Ш. Саидов