- мегӯяд раиси ноҳияи Ванҷ Давлатбибӣ Раҷабова
- Ноҳияи Ванҷ аз ҷумлаи ноҳияҳоест, ки ҳамеша дар маъракаҳои муҳими сиёсӣ, аз ҷумла обунашавӣ ба рӯзномаву маҷаллаҳои даврӣ пешсаф аст. Мардуми ноҳия завқи баланди маърифатпарварӣ дошта, нисбат ба адабиёт, санъат ва рӯзномаю маҷалла шавқашон беандоза аст, — иброз намуд зимни суҳбат бо хабарнигори рӯзнома раиси ноҳияи Ванҷ Давлатбибӣ Раҷабова.
- Ман дар оилаи маърифатпарвар камол ёфтаам. Падарам ҳамеша таъкид мекард, ки агар хоҳӣ одами босавод бошиву аз рӯйдодҳои олам бохабар гардӣ, матбуоти давриро мутолиа намо. Он вақтҳо матбуоти даврӣ мисли имрӯз хеле зиёд буд ва мардум ба он шавқу ҳаваси беандоза дошт. Бо тамоми рӯйдодҳои олам мо аз воситаҳои ахбори омма ошно мешудем. Дар саҳифаҳои онвақтаи рӯзномаҳо очерку лавҳа аз ҳаёти пешқадамони истеҳсолот зиёд чоп мешуд. Мо ҳар шумораи рӯзномаро бесаброна интизорӣ мекашидем. Дар ҷамоатҳои деҳот паҳнкунандагони матбуот, мухбирони коргару деҳқон низ зиёд буданд. Ба ҷуз ин, обунашавӣ ҳам маҷбурӣ буд.
Имрӯз он давра нест. Ҳар шаҳрванд ба кадом рӯзномае хоҳад, обуна мешавад. Аз ҳама пеш ӯ он рӯзномаеро ихтиёр мекунад, ки ба дардаш мехӯрад ва дар ҳалли ин ё он масъалаи зиндагӣ кумакрасони ӯ мебошад. Ҳамасола мардуми ноҳия ба ҳама рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ обуна мешаванд. Онҳо дар навбати аввал рӯзномаи дӯстдоштаи худ «Садои мардум»- ро интихоб мекунанд, зеро онро садои дили худ мешуморанд. Албатта, ин сабаб дорад:
Дар саҳифаҳои ин рӯзнома ҳар як навиди дар ноҳия баамаломада, чӣ хурд бошад, чӣ бузург, инъикос меёбад. Агар хонандагон дар ёд дошта бошанд, онҳо аз кору фаъолияти зани нексиришт, соҳибкор Васила Ғафурова маҳз ба воситаи рӯзномаи «Садои мардум» ошноӣ пайдо карданд. Имрӯз аз дастранҷи ин зани соҳибкор, ки аз ангат, чормағз ва дигар гиёҳҳои шифобахши табиати Ванҷ дорую дармон тайёр мекунад, тамоми мардуми ҷумҳурӣ ва берун аз он ҳам огоҳӣ пайдо кардаанд. Сехи коркарди равғани ангат имрӯз овозадор буда, мизоҷонаш аз кишварҳои Федератсияи Россия , Полша, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон зуд- зуд ба наздаш омада, маҳсули дасташро харидорӣ мекунанд. Ё худ рӯзнома аз маркази сайёҳии «Рухом», ки бо ташаббуси соҳибкор Муфарраҳ Муҳаббатов сохта шудааст, маводеро чоп кард ва дар натиҷа имсол сайёҳони ватанию хориҷӣ ба ин макон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карданд. Оянда шояд ин мавзеъ яке аз ҷойҳои беҳтарини сайёҳӣ гардад. Хулоса, рӯзномаи «Садои мардум» ба ҳар як навгонии Ванҷи пурганҷ таваҷҷуҳи зиёд дорад. Аниқтараш, алоқаи рӯзнома бо мардум хеле зиёд аст.
- Сабаби дигари таваҷҷуҳи мардуми мо ба ин рӯзнома он аст, ки мардум бо фаъолияти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Чумҳурии Тоҷикистон бевосита шинос мешаванд, ба онҳо ҳамчун намояндаи мардум баҳо медиҳанд. Ин ҳама боис гардид, ки сокинони ноҳияи Ванҷ аз ҳама бештар ба 250 нусха рӯзномаи «Садои мардум» обуна шудаанд. Ман аминам, ин ҳадди охирин нест, зеро обунашавӣ дар ноҳия идома дорад, — иброз дошт раиси ноҳияи Ванҷ Давлатбибӣ Раҷабова.
Шоҳтолиби ШОҲҚОСИМ, «Садои мардум»