Ҳаштуми декабри соли 2015 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар робита бо заминларзаи ҳафтуми декабр бо раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед ва раисони ҳашт шаҳру ноҳияи вилоят — Хоруғ, Мурғоб, Шуғнон, Роштқалъа, Ишкошим, Рӯшон, Ванҷ ва Дарвоз суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Ба раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳои вилоят супориш дода шуд, ки аз аҳволи аҳолии осебдида пайваста бохабар бошанд ва барои ба ҷойҳои зисти муваққатӣ кӯчонидан, бо маводи озуқаворию сарулибос ва ёрии тиббӣ таъмин намудани онҳо чораҳои таъхирнопазир андешанд.
Худи ҳамон рӯз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси комиссияи ҳукуматӣ Азим Иброҳим дастур дод, ки рафти бартарафсозии оқибатҳои заминларзаро таҳти назорати доимӣ қарор диҳанд.
Таъкид гардид, ки комиссияи ҳукуматӣ фавран ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар карда, рафти корҳоро таҳти назорати бевосита гирад.
Супориш дода шуд, ки фавран ситодҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ оид ба кумакрасонӣ ба мардуми осебдида таъсис дода шаванд ва таъкид гардид, ки комиссияи ҳукуматӣ ва ситодҳо шабурӯз фаъол бошанд.
www.president.tj