Пирӯзиат муборак, эй Пешвои миллат,
Мебош ҷовидона фардонамои миллат.
Ҷон кандани Ватанро дидаву хун гиристӣ,
Танҳо кафи Ту овард оби бақои миллат.
Хасми лаъин бинмуд ҷангу ситеза барпо,
Сад шукр, ки Ту кардӣ дафъи балои миллат.
Чун Рустами расида баҳри наҷоти Бежан,
Занҷирҳо кушодӣ аз дасту пои миллат.
Аз лаҳзаи валодат будӣ бузургзода,
Яъне, зи рӯзи аввал будӣ даҳои миллат.
Моро зи бенавоӣ сӯи наво Ту бурдӣ,
Дар рӯи хон ниҳодӣ нуқлу навои миллат.
Бар насли наврасида додӣ чароғи иршод,
Шод аст, шод аз Ту, рӯҳи ниёи миллат.
Эй кош, ҷовидона мисли ливои хуршед,
Дар гунбади саодат рахшад Ливои миллат.
Шоҳи хуҷастапайро, ҳамаслу хеши Кайро,
Омад ба фатҳи тоза дасти дуои миллат.
Хайринисо Юсуфӣ