16 декабри соли 2015 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.
Доир ба рӯзномаи ҷаласа бо дарбаргирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:
1. Дар бораи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати байналмилалии истеҳсолии Чжунгтсай Моҳир Семент» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли семент, гаҷкартон ва халта дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон
2. Дар бораи Созишнома оид ба пешниҳоди кафолат ба лоиҳаи «Кам намудани талафоти неруи барқ дар вилояти Суғд» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд
3. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015»
4. Дар бораи Шартнома оид ба шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
5. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
6. Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
7. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»
8. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда»
9. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
10. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
11. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
12. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
13. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона»
14. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
15. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳисоботи роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба иҷрои сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015»
16. Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқи сохтор, рӯйхати вазифаҳо ва сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016».
РАИС: — Ба муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем.
Дар бораи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати байналмилалии истеҳсолии Чжунгтсай Моҳир Семент» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли семент, гаҷкартон ва халта дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон сухан ба муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Лочин Нусратулло дода мешавад.
ФАЙЗУЛЛОЗОДА Лочин Нусратулло: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати байналмилалии истеҳсолии Чжунгтсай Моҳир Семент» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли семент, гаҷкартон ва халта дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон бо қарори Ҳукумати кишвар маъқул дониста шуда, аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расидааст.
Мутобиқи ин ҳуҷҷат сармоягузор мақсад дорад дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон корхонаҳои истеҳсоли семент бо иқтидори 1,2 млн. тонна дар як сол, гаҷкартон бо иқтидори 1 млн. метри мураббаъ дар як сол ва халтаҳои семент бо иқтидори 80 млн. дона дар як солро бунёд карда, барои татбиқи онҳо зиёда аз 145 млн. доллари ИМА сармоягузорӣ намояд.
Истеҳсолоти зикршуда бо истифода аз технологияҳои пешқадам ва риояи талаботи экологӣ бунёд гашта, барои 800 нафар кормандони маҳаллӣ ҷойҳои нави корӣ ташкил мекунад. Дар баробари ин, дар коргоҳи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва варақаҳои гаҷӣ ташкили 230 ҷойи корӣ пешбинӣ шуда, дар як — якуним соли оянда ба фаъолият оғоз хоҳанд кард.
Бояд зикр кард, ки сармоягузор бо мақсади дастгирии соҳаҳои маориф ва тандурустӣ дар деҳоти «Даҳана»-и ноҳияи Ёвон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 640 хонандаро бо маблағи умумии 13 млн. сомонӣ бунёд карда истодааст, ки айни замон сохтмони бинои асосӣ анҷом ёфта, корҳо дар дохили бино идома дорад.
Инчунин ду автомашинаи «Ёрии таъҷилӣ»-и муосири тамғаи «Ford» ба маблағи умумии 600 ҳазор сомонӣ ба Беморхонаи марказии вилояти Хатлон ва Беморхонаи ноҳияи Ёвон пешниҳод шудааст.
Амалишавии созишномаи мазкур ба рушди иқтисодӣ- иҷтимоӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ ва содиротӣ, ғанӣ гардонидани Буҷети давлатӣ, ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ, воридоти техника ва технологияи нав ба кишвар, мусоидат хоҳад кард.
Бо дарназардошти нукоти зикргардида аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қарори пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоев Олимҷон дода мешавад.
Олимҷон БОБОЕВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати байналмилалии истеҳсолии Чжунгтсай Моҳир Семент» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли семент, гаҷкартон ва халта дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон 4 августи соли 2015 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст ва аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааcт.
Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 декабри соли 2015 таҳти № 402 Созишномаи мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Созишномаи мазкур бо мақсади таъмини иҷрои муқаррароти банди 29.1 моддаи 29-уми созишномаи мазкур, қисми 4 моддаи 2-юми Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 6 ва қисми 2 моддаи 13-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ» таҳия шудааст.
ҶДММ «Ширкати байналмилалии Чжунгтсай Моҳир Семент» мақсад дорад дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон корхонаи сементбарорӣ бо иқтидори истеҳсолии 1,2 млн. тонна дар як сол, корхонаи истеҳсоли гаҷкартон бо иқтидори истеҳсолии 1 млн. метри мураббаъ дар як сол ва коргоҳи истеҳсоли халтаҳои семент бо иқтидори истеҳсолии 80 млн. дона дар як солро бунёд карда, барои татбиқи онҳо зиёда аз 145 млн. доллари ИМА сармоягузорӣ намояд.
Татбиқи Созишномаи мазкур ба воридоти техника ва технологияи муосир, бунёди инфрасохтори замонавӣ, ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ бо маҳсулоти саноатӣ, воридоти маблағ ба Буҷети давлатӣ, бунёди рақобати солим дар соҳа ва ташкили ҷойҳои нави корӣ мусоидат хоҳад кард.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкардаи худ Созишномаи зикргардидаро ҷонибдорӣ намуданд.
Рӯзи 10 декабри соли 2015 дар ҷаласаи васеи кумита бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи мазкур мавриди баррасӣ қарор дода ва тасдиқи он мувофиқи мақсад шуморида шуд.
Созишномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад.
Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намуда, ба тарафдории он овоз диҳед.
Доир ба тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.
РАИС: — Дар бораи Созишнома оид ба пешниҳоди кафолат ба лоиҳаи «Кам намудани талафоти неруи барқ дар вилояти Суғд» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд сухан ба муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Ҷамшед Абдураҳмон дода мешавад.
Ҷамшед КАРИМЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Яке аз масъалаи муҳиме, ки пурра то имрӯз ҳалли худро наёфтааст, ин пеш аз ҳама, пурра таъмин гардидани аҳолии кишвар бо қувваи барқ ба ҳисоб меравад. Талабот ба қувваи барқ аз сабаби набудани газ ва дигар манбаъҳои гармидиҳанда бемайлон меафзояд ва қудрати шабакаҳои тақсимотии барқ, ки 30 — 40 сол пештар тарҳёбӣ гардидаанд, барои интиқоли ҳаҷми воқеии имрӯзаи истифодаи барқ намерасад.
Инчунин ҳисобкунакҳои барқӣ аз ҷиҳати техникӣ ба талаботи имрӯза ҷавобгӯй набуда, фарсуда шудаанд. Набудани низоми ҳисоботи автоматикӣ, дахолати инсон ба кори системаҳои ҳисобот ва напардохтани ҳаққи барқи истифодашуда ба зиёд гардидани талафоти техникӣ ва тиҷоратии барқ оварда расонидааст, ки дар соли 2014 он тақрибан 22 фоизи ҳаҷми умумии барқи истеҳсолгардидаро ташкил намудааст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли масъалаҳои зикргардида тамоми имкониятҳои мавҷударо истифода бурда, татбиқи ислоҳоти заруриро дар ин самт амалӣ намуда истодааст.
Аз ҷумла айни замон ҷиҳати кам намудани талафоти неруи барқ бо Бонки Умумиҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд лоиҳаҳои «Кам намудани талафоти нерӯи барқ», «Кам намудани талафоти неру дар вилояти Суғд» ва «Ҷорӣ намудани системаи ҳисоби яклухти интиқоли неруи барқ ва беҳдошти шабакаҳои интиқоли барқ» татбиқ гардида истодаанд.
Муҳтарам вакилон, имрӯз ба муҳокимаи шумо Созишнома оид ба пешниҳоди кафолат ба лоиҳаи «Кам намудани талафоти неруи барқ дар вилояти Суғд» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бoнки Аврупоии Таҷдид ва Рушд пешниҳод гардидааст.
Барои татбиқи лоиҳаи мазкур моҳи июни соли 2011 Созишномаи қарзӣ байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар ҳаҷми 7,0 млн. евро ва Созишномаи қарзӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки сармоягузории аврупо дар ҳаҷми 7,0 млн. евро ва соли 2012 созишномаҳои грантӣ дар ҳаҷми 7,0 млн. евро ба имзо расонида шудааст, ки созишномаҳои номбурда моҳи январи соли 2013 аз ҷониби шумо, муҳтарам вакилон, тасдиқ шудаанд .
Дар маҷмӯъ, маблағи умумии лоиҳаи мазкур 21,0 млн. евроро ташкил медиҳад.
Бояд зикр намуд, ки дар доираи созишномаи қарзӣ байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафолатдиҳандаи қарз баромад намуда, маблағҳои қарзӣ бевосита ба ШСХК «Барқи Тоҷик» дода шудааст ва хизматрасонии қарз низ ба уҳдаи ШСХК «Барқи Тоҷик» вогузор шудааст.
Мақсади лоиҳа ин кам намудани талафоти техникӣ ва тиҷоратии неруи барқ тавассути қисман таҷдид намудани шабакаҳои барқӣ, бакордарории системаи баҳисобгирии биллингӣ ва инчунин насбу васли ҳисобкунакҳои барқии электронӣ мебошад.
Дар доираи ин лоиҳа насби зиёда аз 97000 адад ҳисобгиракҳои интеллектуалии электронӣ барои нуқтаҳои ҳисобӣ ва техникӣ, зиёда аз 3500 адад трансформаторҳои ҷараён, зиёда аз 200 адад трансформаторҳои шиддат, системаи гирифтани нишондоди ҳисобгиракҳо, системаи биллингӣ, 1400 адад сутуни оҳану бетонӣ, зиёда аз 450 адад қуттиҳои воридотии шиддати 0,4 кВ ва қисман таҷдиди хатҳои барқӣ, кабелу ноқилҳои буриши гуногун ба нақша гирифта шудааст.
Татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2011 оғоз ёфта, то соли 2017 идома хоҳад ёфт.
Қобили зикр аст, ки лоиҳаи мазкур ба беҳтар гардидани вазъи иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд ва беҳтар намудани сифат ва шароити зиндагии аҳолии ин минтақа мусоидат менамояд.
Боварӣ дорем, ки бо амалӣ шудани лоиҳаи мазкур иқтидори энергетикии кишвар, алалхусус иқтидори энергетикии вилояти Суғд хеле афзуда, таъминоти соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ва сокинони шаҳру ноҳияҳоро бо неруи барқ боз ҳам беҳтар мегардонад.
Бинобар ин, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Созишномаи кафолатии пешниҳодгардидаро дастгирӣ ва тасдиқ намоед.
РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Муҳиддиниён Пӯлод Муҳиддин дода мешавад.
МУҲИДДИНИЁН Пӯлод Муҳиддин: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромиқадр!
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тасдиқи Созишнома оид ба пешниҳоди кафолат ба лоиҳаи «Кам намудани талафоти неруи барқ дар вилояти Суғд» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, ки 10 июни соли 2011 ба имзо расидааст, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Мақсади лоиҳа, ин кам намудани талафоти техникӣ ва тиҷоратии неруи барқ тавассути қисман таҷдиди шабакаҳои барқӣ, бакордарории системаи баҳисобгирии биллингӣ ва инчунин насбу васли ҳисобгиракҳои барқии электронӣ мебошад.
Лоиҳа аз таҳвил ва насбу васли зиёда аз 97000 ҳисобгиракҳои барқии электронӣ, системаи гирифтани нишондодҳои ҳисобгиракҳо ва қисман барқарорсозии шабакаҳои барқӣ барои шаҳри Хуҷанд ва атрофи он иборат аст. Инчунин лоиҳа таҷдиди қисмати шабакаҳои барқӣ ба воситаи иваз намудани як қисми хатҳои ҳавоӣ ва зеризаминии интиқоли барқ, сохтмони зеристгоҳи «Ваҳдат» (Нагорная) 110/10 кВ ва якчанд истгоҳҳои трансформаторро пешбинӣ менамояд.
Дар доираи лоиҳа, инчунин насбу васл ва ба истифодадиҳии системаи пурраи худкор (автоматикӣ) дар шаҳри Хуҷанд ва як қисми ноҳияи Бобоҷон Ғафуров пешбинӣ шудааст. Системаи дар доираи лоиҳа насбу васлшаванда, бо тарзи автоматӣ баҳисобгирии қувваи барқ, танзими бори шабакаҳо ва иқтидорҳои истифодашаванда, шаклҳои гуногуни қабули пардохт (аз ҷумла пешпардохт) бе иштироки нозирон ва назоратчиёнро иҷро менамояд.
Пеш аз насб намудани ҳисобгиракҳо системаи биллингӣ ба кор омода карда шуда, ҳар як ҳисобгираки насбкардашаванда ба системаи нав, пас аз пардохти пурраи қарз аз тарафи муштарӣ, пайваст карда мешавад. Ҳисобгиракҳо дорои муҳри электронӣ ва дафтари қайди ҳодиса ва рӯйдодҳо мебошанд.
Дар назар дошта шудааст, ки зиёда аз 80 фоизи нозирони фурӯши барқи ин минтақа бо ба кор даровардани ин система аз кор ихтисор мешаванд.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳояшон тасдиқ намудани Созишнома оид ба пешниҳоди кафолат ба лоиҳаи «Кам намудани талафоти неруи барқ дар вилояти Суғд» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушдро ҷонибдорӣ намуданд.
Кумитаи масъул рӯзи 1 декабри соли 2015 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи татбиқи лоиҳаи «Кам намудани талафоти неру» ва муовини менеҷери генералии лоиҳа тасдиқ намудани Созишнома оид ба пешниҳоди кафолат ба лоиҳаи «Кам намудани талафоти неруи барқ дар вилояти Суғд» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушдро мавриди баррасӣ қарор дод.
Созишномаи грантии мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад.
Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки тасдиқи Созишномаи мазкурро тарафдорӣ намоед.
Дар бораи тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.
РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» сухан ба муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Ҷамшед Абдураҳмон дода мешавад.
Ҷамшед КАРИМЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ба муҳокимаи шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2015 таҳти №711 ҷонибдорӣ шудааст, пешниҳод гардидааст.
Лоиҳаи қонуни мазкур барои таъмини фаъолияти муътадили ҶСК «НБО-и Сангтӯда-1» дар асоси банди 2-юми «Номгӯи шартҳои зарурӣ барои фаъолияти муътадили ҶСК «НБО-и Сангтӯда-1», ки қисми таркибии Протоколи ҷаласаи 13-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ байни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2015 ба ҳисоб меравад ва ҷиҳати иҷрои супориши Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2015 таҳти № 21871 (21-8) таҳия шудааст.
Зикр бояд кард, ки қарзҳои ҶСК «НБО-и Сангтӯда-1» дар назди буҷет аз рӯи андозҳо асосан аз ҳисоби маблағҳои нопардохтаи ҳаққи истифодаи неруи барқ аз ҷониби ШСХК «Барқи Тоҷик»- харидори ягонаи барқи истеҳсолнамудаи ҶСК «НБО-и Сангтӯда-1» ба вуҷуд омадааст ва ҳангоми қабул гардидани лоиҳаи Қонуни мазкур дар соли ҷорӣ ба бақияпулиҳои андози ҶСК «НБО-и Сангтӯда-1», ки аз ҳисоби таҳвили қувваи барқ ба ШСХК «Барқи Тоҷик» ба вуҷуд омадааст, фоизҳо барои сари вақт пардохт нагардидани андозҳо ҳисоб карда намешаванд.
Бояд тазаккур дод, ки муқаррароти мазкур дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» низ пешбинӣ шудааст.
Аз ин лиҳоз, аз шумо, муҳтарам вакилон, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ кунед.
РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Ҷобирзода Тоҳир Гул дода мешавад.
ҶОБИРЗОДА Тоҳир Гул: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ !
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Бояд зикр кард, ки харидори ягонаи барқи истеҳсолнамудаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқии обии Сангтӯда-1» ин Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, қарзҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Сангтӯда-1» дар назди буҷет аз рӯи андозҳо асосан аз ҳисоби маблағҳои нопардохтаи ҳаққи истифодаи неруи барқ аз ҷониби ШСХК «Барқи Тоҷик» ба вуҷуд омадааст.
Аз рӯи санадҳои муқоисавӣ маблағи қарзи Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» дар назди Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Сангтӯда — 1» ба ҳолати 1 сентябри соли 2015-ум 493,5 млн. сомонӣ ва қарзи «Неругоҳи барқи обии Сангтӯда — 1» дар назди буҷет аз рӯи андозҳо 30,7 млн. сомониро ташкил медиҳад.
Дар давоми соли 2015 ба қарзҳои нопардохтаи ҶСК «НБО-и Сангтӯда-1» аз рӯи андозҳо бе дарназардошти моҳҳои ноябр ва декабр ба маблағи 5374,7 ҳазор сомонӣ фоизҳо ҳисоб шудааст.
Бинобар ин, дар лоиҳаи қонуни мазкур пешниҳод мешавад, ки дар соли 2015 ба маблағи қарзи андозҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Сангтӯда — 1», ки аз ҳисоби таҳвили қувваи барқ ба Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ба вуҷуд омадааст, фоизҳои тибқи модди 73-юми Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида, ҳисоб карда намешаванд.
Лоиҳаи қонуни зикргардидаро ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуданд.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.
Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи Қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, ба тарафдории он овоз диҳед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: — Дар бораи Шартнома оид ба шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон сухан ба муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоҳидӣ Низомиддин Шамсиддинзода дода мешавад.
ЗОҲИДӢ Низомиддин Шамсиддинзода: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Ба баррасии шумо лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқи Шартнома оид ба шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон» пешниҳод мегардад.
Боиси зикр аст, ки роҳандозии муносибатҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон дар фазои мутақобилан судманд ҷараён гирифта, ҷавобгӯи манфиатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии дуҷониба мебошад. Тоҷикистону Қазоқистон дар бисёр масъалаҳои муҳими байналмилалию минтақавӣ мавқеи яксон дошта, ҷонибдори ҳамгироии бештару фарогир мебошанд.
Бояд ёдовар шуд, ки Шартномаи мазкур зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 сентябри соли 2015 ба имзо расида, муқаррароти он робитаҳои ду кишвари дӯстро ба сатҳи сифатан нав мебарорад.
Шартномаи мазкур аз 13 модда иборат буда, муқаррароти моддаҳои он ба тақвияти ҳамкориҳо дар самтҳои зерини калидӣ нигаронида шудаанд:
- таъмин ва таҳкими амнияти миллӣ ва минтақавӣ, сулҳу субот;
- мубориза бо чолишҳо ва таҳдидҳои нави амниятӣ;
- рушди ҳамкориҳои ҳарбӣ, ҳарбӣ — техникӣ;
- рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои энергетика ва нақлиёт;
- тавсеа ва таъмиқи ҳамкориҳои тиҷоратӣ — иқтисодӣ, илмӣ — техникӣ;
- ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ.
Қисми хотимавии Шартномаи мазкур масъалаҳои ворид намудани тағйиру иловаҳо, тартиби эътибор пайдо намудан ва қатъ гардидани Шартномаро ба танзим медарорад.
Ба имзо расидани Шартнома оид ба шарикии стратегӣ бо Ҷумҳурии Қазоқистон аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Қазоқистон сол аз сол густариш ёфта истодаанд. Қобили зикр аст, ки гардиши савдои хориҷӣ байни Тоҷикистону Қазоқистон дар моҳи январ – сентябри соли ҷорӣ 506 млн. доллари ИМА-ро ташкил намуд, ки он 16 фоизи ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷиро ташкил медиҳад.
Бо дарназардошти нукоти зикргардида, аз шумо муҳтарам ваилони Маҷлиси намояндагон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки тасдиқи Шартнома оид ба шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон ҷонибдорӣ карда шавад.
РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Салимзода Олим дода мешавад.
Олим САЛИМЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ !
Шартнома оид ба шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон, ки 14 сентябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Шартнома аз 13 модда иборат буда, бо дарназардошти умумиятҳои таърихӣ ва фарҳангии халқҳои ин ду кишвар, робитаҳои анъанавии дӯстона миёни онҳо ва таҳкими минбаъдаи равобити мутақобилаи судманд барои кишварҳои бо ҳам дӯсти Тоҷикистон ва Қазоқистон ба имзо расидааст.
Санади мазкур Шартномаи байналмилалии байнидавлатӣ буда, тасдиқи он ба рушди ҳамкориҳо ва шарикии стратегии давлатҳои Тоҷикистону Қазоқистон роҳи васеъ мекушояд.
Санаи 4 декабри соли 2015 бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ҷаласаи васеи кумитаи масъул барпо гашт. Иштирокчиёни ҷаласа тасдиқи Шартнома оид ба шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистонро ҷонибдорӣ намуданд.
Шартнома ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.
Аз шумо, вакилони гиромӣ , хоҳиш мешавад барои тасдиқи Шартнома овоз диҳед.
Дар бораи тасдиқи Шартномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.
Ҷумъахон НАБОТОВ, Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум». Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ
(Идома дар шумораи оянда)