Аз байн бурдани равандҳои номатлуби ҷомеаи ҷаҳонии имрӯза назорати ҷиддиро тақозо дорад. Барои амалисозии мақсадҳои нопок рӯз то рӯз кӯшишҳо зиёдтар шуда истодаанд. Ба душманон бодиққаттар муносибат бояд кард, зеро онҳое, ки бо ҷараёнҳои носозгор наздикӣ доранд ва зери ақидаҳои бегона мондаанд, худ аллакай ҷинояткори тайёранд. Ақидаҳои бегона онҳоро маҷбур ва уҳдадор месозад, ки бимиранду чанд тани дигарро аз ҳаёт маҳрум кунанд ва бо ҳамин садоқати худро ба созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ, амсоли «Давлати исломӣ» нишон бидиҳанд.
Зимнан, агар бо далели андаке ҳам бошад, исбот шудааст, ки ақидаҳои зиддибашарии «Давлати исломӣ» ҳанӯз чанде қабл аз ҷониби мамолики манфиатхоҳ ба хотири миёни мусалмонон тафриқа андохтан тавлид шудаанд ва ин ҳама зери таъсири бевоситаи аҷнабиён сурат гирифтаву зидди ислом равона шудааст. Ба ин маънӣ муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ»-ро шабеҳи «давлати иблисӣ» ва «ҳокимияти шайтон» хонда, зикр намуд, ки «ДИИШ ҳеҷ рабте ба ислом, ба Муҳаммад (с), ба Аллоҳ ва ба китоби муқаддаси Қуръон надорад».
Касе, ки ба «Давлати исломӣ» пайваст, ҷинояткор асту ногузир муртакиби ҷазо мегардад ва ин аъмоли эшон тамоми наслҳоро ҳушдор медиҳад. Дар рафтори чунин нафарон чизе, ки дархӯри замон бошад, мавҷуд нест. Онҳо барои ифшо нашудани нақшаҳои аз азал хоинона ва разилонаи «Давлати исломӣ» даъво пеш меоранд, ки «Давлати исломӣ» ба пешрафти ислом оварда мерасонад. Ҳол он ки сиёсисозии исломи ноб хатари наве барои ҷомеаи муосир ва боиси набарди дигаре дар кишварҳои Ховари Миёна шудааст.
Таассуфангез аст, ки аз ҷумлаи шаҳрвандони мо низ хайрхоҳони ДИИШ-ро пайдо кардан мумкин аст. Чанде пеш ҳафт нафар аз ин гуна афроди хештанношинос, ба монанди М.Абдуллоев, Р. Худойбердиев, И. Шафиев, Х. Тошев, Ф. Шейхмуродов, А. Умаров ва Б. Гадоев бо далели боло кардани парчами «Давлати исломӣ» дар ноҳияи Шаҳритуз боздошт гардиданд. Додгоҳи вилояти Хатлон ин ҳафт нафарро барои ҳамкорӣ бо гурӯҳи тундгарои «Давлати исломӣ» аз 7 то 27 сол равонаи зиндон кард. Ҳамчунин онҳо барои «иштирок дар иттиҳодияҳои ҷиноӣ», «даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Тоҷикистон», «ҷалби шаҳрвандон ба амалиёти ҷангӣ дар қаламрави кишварҳои дигар» айбдор шудаанд. Акнун онҳо сар ба девор мезананд, аммо дигар фоида надорад. Онҳо гумроҳ шудаанд. Вале дидаву дониста худро ба доми бало афкандан аз нодониву гумроҳист.
Чунин нафарон бояд донанд, ки бо нияти бад касе ба мурод намерасад. Ақидаҳо ва ҷараёнҳои ба инсоният бегона зуд аз байн мераванд ва мақсади хиёнаткоронаи эшон ноком мемонад.
Рустам РАҲИМОВ