«Ҳақиқати Суғд» нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 85- сола шуд. Бахшида ба ин 15 декабри соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии «Театри вилоятии мусиқӣ- мазҳакавии ба номи К. Хуҷандӣ» бо иштироки намояндагони Вазорати фарҳанги ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, аҳли қалам, устодону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят чорабинӣ баргузор гардид.
Муовини раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ аз номи роҳбарияти вилоят кормандони рӯзнома, мухбирони ҷамоатӣ ва хонандагони рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд»-ро бо ин санаи фархунда муборакбод намуда, ба сармуҳаррири рӯзнома, рӯзноманигори шинохта Мухтори Абдуллоҳ туҳфаи таъсисдодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят — бастаи муҷаҳҳази компютери замонавиро тақдим кард.
Ба рӯзноманигорон Файзулло Атохоҷаев, Тавҳида Ҷӯраева, Нодир Турсунов ва Маъруфҷон Ҳомидов Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят супорида шуд.
Намояндаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Садри Умар ба кормандони рӯзнома Гулҷаҳон Маҳкамова, Рафоат Муъминова, Сурайё Ҳакимова, Ғафур Аминов, Маъмура Самадова ва Шоира Салимова нишонҳои Аълочии матбуоти Тоҷикистон ва Аълочии фарҳанги Тоҷикистонро тақдим намуд.
Ҳайати кормандони рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд»-ро раиси бахши вилоятии Иттифоқи нависандагон, Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод, раиси бахши вилоятии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Илҳоми Ҷамолиён, шоир Саидамин Ҷило табрик гуфта, оид ба фаъолияти рӯзнома ва қаламкашони он суханҳои нек гуфтанд.
Алҳол рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» бо теъдоди 7 ҳазор нусха ҳафтае се маротиба чоп мешавад.
Дар охири ҷашн устодони санъати вилоят бо барномаи дилангези консертӣ табъи ҳозиронро болида сохтанд.
Абдувосит Салимзода, «Садои мардум»