Дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Ховалинг ба ифтихори 80 — солагии таъсиси рӯзномаи ноҳиявии «Ҳақиқати Ховалинг» ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Раиси ноҳия Мирзозода Нурулло Абдулҳай дар таманниёти табрикии хеш зикр намуд, ки рӯзнома тӯли 80 сол таҳти номҳои «Болшевики Ховалинг», «Коммунисти Ховалинг», «Оинаи рӯз» ва «Ҳақиқати Ховалинг» таҷассумгари воқеии ҳаёти сокинони ин ноҳияи бостонӣ буд.
Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Маҷидзода Ҷӯрахон Зоир, директори КВД КТН «Шарқи озод»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоилзода Ёқуб Борон ва шоир Яъқуби Ҳикматулло ба сухан баромада, ҳайати эҷодии рӯзнома ва ҳаводорони онро табрику таҳният гуфтанд.
Дар ҷамъомади тантанавӣ табрикоти вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Орумбекзода ва як қатор адибону шахсони маъруфи кишвар қироат гардид. Кормандони рӯзнома ва хабарнигорони ҷамоавии он аз ҷониби ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявию вилоятӣ ва ноҳиявӣ бо ифтихорномаю туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
Темуршоҳи Файзалӣ, «Садои мардум»