Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар соли таърихии 2015 – соли интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, Соли оила, Соли рушди фарҳанг ва гулҳо, идомаи Соли роҳҳои обод бо мақсади татбиқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар самти суръатбахшии истеҳсолот, тараққиёти соҳаҳои хоҷагии халқ, пешбурди ҳама паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангию маънавӣ, равнақи созандагию бунёдкорӣ ва ободонӣ ба дастовардҳои шоён ноил гардидааст.
Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо хабарнигорони рӯзнома аз ҷумла гуфт, ки ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳр баёнгари он мебошанд, ки мардуми шарафманди Хуҷандшаҳр бо ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафт ва шукуфоии давлати соҳибистиқлоламон саҳмгузорӣ менамоянд.
- Дар натиҷаи фаъолияти мунтазам корхонаҳои саноатии шаҳр давоми ёздаҳ моҳи соли 2015 ба маблағи 575,4 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 29,2 фоиз зиёд мебошад, — иброз дошт Раҷаббой Аҳмадзода ва суҳбатро идома дод: — Дар ин давра шумораи корхонаҳои саноатии калону миёна ба 166 адад расиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 15 адад зиёд аст.
Мувофиқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъмини мунтазами корхонаҳо бо неруи барқ, баланд бардоштани музди меҳнат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ворид намудани технологияҳои нав ва истеҳсоли намудҳои нави маҳсулоти саноатӣ кори муайян иҷро шудааст.
Қобили зикр аст, ки санаи 24 марти соли 2015 бо иштироки Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии шимолу шарқии шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсолии ҶДММ «Порсои Хуҷанд» ба фаъолият шурӯъ намуд, ки ба коркарди маҳсулоти ширӣ ва истеҳсоли 15 навъи маҳсулот машғул аст. Дар ин коргоҳ 45 нафар бо ҷойи кор таъмин шуда, музди миёнаи маоши кормандон 807 сомониро ташкил медиҳад. Коргоҳ бо технологияи муосири замонавӣ муҷаҳҳаз буда, дар як шабонарӯз 8-10 тонна ва солона 2,5 ҳазор тонна ширро коркард менамояд. Айни ҳол оид ба ташкили фермаи чорводорӣ ва таъмини ашёи хом барои истеҳсолот тарҳрезии барномаҳо идома дорад.
Дар ҶДММ «Стар-пласт» ва «Силкоатбойя» истеҳсоли маҳсулоти пластмассӣ ва масолеҳи сохтмонӣ (клейи шпаклёвка) тавассути хатҳои нави технологӣ ба роҳ монда шуд.
Боиси тазаккур аст, ки дар ёздаҳ моҳи соли равон ба соҳаи саноати шаҳр 14 миллиону 119 ҳазор доллари ИМА сармояи дохилӣ ва хориҷӣ ҷалб шудааст. Бо мақсади дастгирии соҳибкороне, ки нияти бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ доранд, бо қарори раиси шаҳр барои сохтмони коргоҳ қитъаҳои замин ҷудо карда мешавад.
Баҳри рушди соҳаи саноат барномаҳои давлатии дар ин самт қабулгардида аҳамияти хоса дошта, иҷрои нишондиҳандаҳои онҳо таҳти назорати доимӣ қарор дорад. «Барномаи коркарди нахи пахтаи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда дар давраи то соли 2015» ба ин мисол шуда метавонад. Мувофиқи талаботи он, ҳоло ҳафт корхонаи саноатии шаҳр бо коркарди нахи пахта фаъолият мебаранд.
Дар шаҳри Хуҷанд ҳамчунин баҳри таъмини иҷрои «Барномаи рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006 -2015» тадбирҳои судманд андешида мешавад. Мавриди истифода қарор додани коргоҳҳои истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ имкон дод, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук сол аз сол боло равад. Номгӯйи маҳсулоти истеҳсолшаванда дар корхонаҳои саноатии шаҳр батадриҷ зиёд мешавад. Профилҳои алюминӣ, сарпӯш барои зарфҳои шишагӣ, ранги акрилӣ, сим, қуттӣ барои партов, коркарди зарфҳои полиэтиленӣ ва масолеҳи оҳану бетонӣ аз ин ҷумла буда, асосан ба ҷумҳуриҳои ИДМ содирот мешавад. Дар ин давра корхонаҳои саноатии шаҳр ба маблағи 84 млн. сомонӣ маҳсулот содирот кардаанд.
Барои омӯзиши маркетинг, ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо давлатҳои хориҷӣ, пешниҳоди маҳсулоти саноатии ватанӣ ба хориҷи кишвар, васеъ намудани бозори фурӯши маҳсулоти саноатӣ ва зиёд намудани маҳсулоти содиротӣ ба давлатҳои дуру наздик коргоҳҳои саноатии шаҳр дар намоишгоҳҳои байналмилалии дар Франсия, Италия, Ҷумҳурии Федеративии Германия, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Халқии Хитой ва дигар давлатҳо баргузоршуда иштирок намуда, барои бастани шартномаҳо, воридоти технологияи нав ва таъсиси корхонаҳои муштарак тадбирҳои судманд меандешанд.
- Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд баҳри таъмини мунтазами фаъолияти соҳаи нақлиёт таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад, — суҳбатамонро идома медиҳад раиси шаҳр. -Ҳоло дар ҳудуди шаҳр ва маҳаллаҳои атрофи он 1250 адад микроавтобус фаъолият дошта, ҳар рӯз зиёда аз 920 микроавтобус дар 92 хатсайр ҳаракат мекунанд. Дар ин муддат тавассути ҳама намуди воситаҳои нақлиёт 1430 ҳазор тонна бор ва 30,6 млн. нафар мусофир кашонида шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли пешин мутаносибан 117,8 ва 100,2 фоизро ташкил медиҳад.
Дар самти татбиқи иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тадриҷан ба истифодаи гази моеъ гузаронидани воситаҳои нақлиёт бо мақсади мунтазам фаъолият намудани нақлиёти мусофиркаш низ корҳои мушаххас анҷом меёбанд.
Дар партави сиёсати созандаю ободкоронаи Сарвари мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо симои шаҳру деҳоти кишвар, аз ҷумла Хуҷандшаҳри куҳанбунёду тозаҷавон, ободу зебо мешавад. Бо мақсади эҳё намудани анъанаҳои неки бунёдкории аҷдодон, инкишофи ташаббускориву фаъолнокии ҳар як сокини шаҳр ва дар ин замина тақвият бахшидан ба ободкориву созандагӣ, сабзазоркунию гулзоркунӣ дар 22 маҳаллаи шаҳр бо иштироки фаъолонаи сокинон таъмиру мумфаршкунии кӯчаҳо идома ёфта, дар мавзеъҳои гаштугузори оммавӣ ободонӣ ва гулзоркунӣ вусъат дода шудааст.
Баҳри иҷрои қарори раиси вилояти Суғд аз 11 апрели соли 2015 №178 «Дар бораи эълон намудани 500 рӯзи меҳнати зарбдор бахшида ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарори раиси шаҳри Хуҷанд аз 14 апрели соли 2015 таҳти №301 «Дар бораи ташкил ва гузаронидани 500 рӯзи ободонӣ дар шаҳри Хуҷанд» ва бо мақсади вусъат бахшидан ба созандагиву бунёдкорӣ нақшаи мукаммали чорабиниҳои марбут ба ободонии шаҳр таҳия ва тарҳрезӣ гардид. Ҳамзамон бо мақсади ҳар чӣ бештар ободу зебо кардани муҳити зист, тарбияи зебоипарастии мардум, баланд бардоштани маданияту завқи аҳолӣ ба гулу гулзор дар остонаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ фестивал — озмуни «Гулҳо» ва «Оши палав» баргузор шуд. Аз ҷониби сокинон, ташкилоту муассисаҳои ҳудуди маҳаллаҳо, беш аз 12100 дона гул ва 8000 адад ниҳоли ҳамешасабзу ороишӣ шинонида, зиёда аз 42,2 км роҳҳои дохилии маҳаллаҳои «Масҷиди Савр», «Раззоқ», «Чорчароғ», «Сирдарё», «Сайҳун», «Тиллокон», «Ҷаббор Расулов», «1 май», «Тути калон», «Сари баланд» ва «Мевағул» мумфарш шуд. Бо дастгирии сокинони кумитаи маҳаллаҳои «1 май» ва «Раззоқ» 11 адад симчӯби барқӣ ба бетонӣ иваз карда, дар маҳаллаи «Раззоқ» бо ташаббуси худ сокинони кӯчаи Одилҷон Калонов як адад зеристгоҳи барқии (трансформатор) тавоноиаш 250 кВт шинониданд.
Чойхонаҳо, ки яке аз макони дӯстдоштании мардуми тоҷик маҳсуб меёбанд, суннатҳои таркибии фарҳанги миллии тоҷиконро ташкил дода, дар пешбурди ҳаёти солими ҷомеа, пешгирии ҳама гуна падидаҳои номатлуб нақши босазо доранд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба фаъолияти чойхонаҳои маҳаллаҳои шаҳр (айни ҳол дар ҳудуди шаҳр 22 чойхона дар хидмати мардум қарор дорад) таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир менамояд.
Соҳаҳои маорифу тандурустӣ, сохтмону меъморӣ ва дигар соҳаҳои муҳими шаҳри Хуҷанд низ ба пешрафт ва дастовардҳои чашмгир ноил омаданд.
Қобили таъкид аст, ки шаҳри Хуҷанд давоми солҳои охир ҳам аз лиҳози иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҳам ободонию созандагӣ рӯ ба пешрафт ниҳода, аз баракоти соҳибистиқлолии кишвар шукуфову сарсабз мегардад. Файзи истиқлоли миллӣ боис шуд, ки дар замони имрӯз Шайх Камоли Хуҷандӣ ба таври рамзӣ ба зодгоҳи хеш баргардад. Яъне, боғи Шайх Камол бо мақбараи намодин, муҷассама ва хонаи шоир дар остонаи Наврӯзи ҷаҳонӣ бунёд гардида, имрӯз ба яке аз гӯшаҳои хурраму ободи шаҳр табдил ёфтааст ва ҳамарӯза дар ин макони зебо маҳфилҳои гуногуни фарҳангиву адабӣ баргузор мегарданд.
- Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд минбаъд низ тамоми имкониятҳоро ба иҷрои ҳатмӣ ва саривақтии вазифаҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд ва дастуру супоришоти Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафарбар хоҳад кард, — гуфт дар поёни суҳбат узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода.
Абдумаҷид МУРОДОВ, Абдувосит САЛИМЗОДА, «Садои мардум»