Ҳаждаҳуми декабри соли ҷорӣ таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид, ки дар он «Рафти иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст» мавриди муҳокима қарор гирифт.
Дар ҷаласа вакилони Маҷлиси намояндагон ва масъулону намояндагони вазорату идораҳои дахлдори соҳаи мазкур иштирок доштанд.
Акрамшо Фелалиев зимни ифтитоҳи ҷаласа иброз намуд, ки таваҷҷуҳи пайвастаи Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъмини амнияти озуқаворӣ бесабаб нест. Масъалаи муҳокимашаванда ба таъмини амнияти озуқаворӣ, ҳифзи ҳаёту саломатии аҳолӣ, объектҳои инфрасохтори иқтисодию иҷтимоӣ, заминҳои кишоварзӣ ва моликияти шаҳрвандон алоқамандии зич дорад. Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти ин тасмим гирифтааст, ки самаранок ва мақсаднок истифода бурдани маблағҳои давлатӣ ва дар амал татбиқ гардидани барномаи зикргардидаро мавриди баррасӣ қарор диҳад.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Сафаров дар ин робита, маърӯза намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки мутобиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015 ва дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии мамлакат аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ барои дастгирии молиявӣ аз ҳисоби Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сармоягузории хориҷиву маҳаллӣ барномаҳои давлатии миёнамуҳлати соҳавӣ таҳия карда мешаванд.
Дар ин росто, барои коҳиш додани таъсири офатҳо, хусусан селу обхезиҳо дар кишвар ва бо мақсади ҳифзи ҳаёти одамон, заминҳои кишоварзӣ, роҳу пулҳо ва дигар иншооти муҳими хоҷагидорӣ «Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 – 2115» бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2011 қабул шудааст.
Қобили зикр аст, ки роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин ба мавзӯи баррасишаванда таваҷҷуҳи хос зоҳир карда, онро ба муҳокимаи парламентӣ пешниҳод намуданд.
Ҳар сол дар мавсими баҳору тобистон вобаста ба боришоти зиёд ва обшавии бошиддати барфу пиряхҳо обхезӣ, ярч ва селҳои калон ба вуқӯъ меоянд, ки дар натиҷа иқтисодиёт ва мардуми кишварро ба мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ менамоянд.
Маблағи умумии барномаи мазкур тибқи нақшаи панҷсола 275,7 млн. сомонӣ, аз ҷумла аз буҷети ҷумҳуриявӣ 82.1 млн. сомонӣ, аз буҷети маҳаллӣ 20,7 млн. сомонӣ ва маблағгузориҳои хориҷӣ 165,7 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Мавсуф ҷараёни корҳо ва истифодаи маблағҳоро аз рӯи барномаи мазкур ба таври муфассал шарҳ дод. Таъкид намуд, ки соли 2014 барои иҷрои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, ҷиҳати бунёди саддҳои муҳофизатӣ ба дарозии 28108 метр, аз ҳамаи сарчашмаҳо 65 млн. сомонӣ маблағ пешбинӣ шуда буд, вале ҳамагӣ 52 млн. сомонӣ маблағ ҷудо гардид. Дарозии сохтмони саддҳо 15054 метр ё ин ки 53,6 фоизи нақшаро ташкил намудаст.
Соли ҷорӣ бошад, барои иҷрои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба дарозии 33932 метр аз ҳамаи сарчашмаҳо аз рӯи нақша 88,9 млн. сомонӣ бояд ҷудо карда мешуд. Тибқи маълумотҳо, корҳои соҳилмустаҳакамкунӣ ба маблағи 14,8 млн. сомонӣ, яъне 16,6 фоизи нақша иҷро гардида, дарозии сохтмони саддҳо бошад, 9105 метр (26,8 фоиз) нақшаи солонаро ташкил намудааст.
Умуман, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ давоми панҷ соли татбиқи барномаи мазкур ба маблағи 210,6 млн. сомонӣ иҷро шудааст, ки 76 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Тибқи дастури роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯзиши иҷрои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар мавзеъҳое, ки офатҳои табиӣ бештар рух медиҳанд, раис ва аъзои кумита сафарҳои корӣ доштанд.
Онҳо дар ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон 12 -13 октябри соли 2015, ноҳияҳои минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон 15-16 октябри соли 2015, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ (Рӯдакӣ, Ваҳдат) 22-23 октябри соли 2015 ва дар вилояти Суғд 29-31 октябри соли 2015 сафарҳои кориро анҷом доданд.
Сафарҳои корӣ нишон доданд, ки воқеан ҳам давоми панҷ соли охир тибқи барномаи мазкур корҳои муайян ба сомон расонида шудаанд.
Қобили зикр аст, ки соли ҷорӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзеи Чубеки ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, инчунин дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Исфара, Ашт, Панҷакент, Конибодом, Кӯлоб, Панҷ ва Фархор низ корҳои назаррас ба анҷом расонида шудаанд.
Сипас, оид ба масъалаи муҳокимашаванда ахбори директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмурод Раҳмон, сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Назаралӣ Файзализода шунида шуд.
Байни вакилон ва масъулони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат роҷеъ ба масъалаи мазкур саволу посухҳо сурат гирифтанд.
Дар поёни ҷаласа, бо дарназардошти фикру мулоҳиза ва таклифу пешниҳодоти баёнгардида, қарор ва тавсияҳои парламентӣ қабул гардиданд.
Б. КАРИМЗОДА,«Садои мардум»