Мушу бақару палангу харгӯш шумор,
З-ин чор чу бигзарӣ наҳанг ояду мор,
Он гоҳ ба аспу гӯсфанд аст ҳисоб,
Ҳамдунаву мурғу сагу хук охири кор.
Илова ба тақвимҳои расмӣ, бисёр халқҳо тарзи солшумории худро доранд. Аз қадим миёни халқҳои Шарқ, аз ҷумла тоҷикон, бо номи мучал солшуморӣ истифода мешавад, ки асоси ин тақвимро даври гардиши Муштарӣ дар атрофи Офтоб ташкил медиҳад ва он ба 12 сол баробар аст. Бинобар ин, ба ҳар як сол номи ҳайвоне вобаста шудааст. Баъди гузаштани 12 сол номи ҳайвони аввал боз номи солро мегирад.
МУШ 1984 1996 2008 2020 2032
БАҚАР 1985 1997 2009 2021 2033
ПАЛАНГ 1986 1998 2010 2022 2034
ХАРГӯШ 1987 1999 2011 2023 2035
НАҲАНГ 1988 2000 2012 2024 2036
МОР 1989 2001 2013 2025 2037
АСП 1990 2002 2014 2026 2038
ГӯСФАНД 1991 2003 2015 2027 2039
МАЙМУН 1992 2004 2016 2028 2040
МУРҒ 1993 2005 2017 2029 2041
САГ 1994 2006 2018 2030 2042
ХУК 1990 2007 2019 2031 2043
Аз рӯи ин солшуморӣ соли 2016 соли маймун (ҳамдуна) аст. Ба қавли мардум, ҳар як ҳайвон хосиятҳои худро дорад ва ҳодисаву дигаргуниҳоро дар он сол ба ҳамин вобаста медонанд.
Маймунро ҳар гуна тавсиф мекунанд. Бино ба фолномаҳои японӣ ва хитойӣ, соли маймун ниҳоят тағйирёбанда аст. Дар ин сол ҳар чизро интизор шудан мумкин. Бо вуҷуди он ки маймун ҳайвони найрангбоз аст, соли нав барои амалӣ гардонидани мақсадҳои нав мусоидат мекунад.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»