Лутфи сухан

№1 (3481) 01.01.2016

Дар маҷлиси аҳли зиё журналисти номдор Гадо Зуҳур аз рӯи вазифа ҳамроҳи мансабдорони дигар дар раёсат ва шоирон паҳлуи ҳам дар толор ҷой мегиранд.

Пеш аз оғози ҷаласа Саидҷон Ҳакимзода сӯи Шоҳмузаффар Ёдгорӣ ба шӯхӣ луқма мепартояд: — Аҷоиботро бинед, ки гадоро дар болою шоҳро дар поён ҷой кардаанд (манзур Гадо Зуҳур ва Шоҳмузаффар Ёдгорӣ буд, ки ҳамқаламон ӯро «Шоҳ» ном мебурданд).

- Шоир воқеан дуруст фармудааст, ки «Гадоӣ бувад беҳ зи шоҳаншаҳӣ», — бо лутф ҷавоб медиҳад Ёдгорӣ.

***

Устод Сайдалӣ Вализода ба устод Ашӯр Сафар занг мезанад:

- Ашӯрҷон, янгаат се-чор кило гӯшти бузро обпаз карда истодааст. Ту ягон нафар аз дӯстони ба қадри сухан мерасидагиро гирифта биё, то ки ҳам сухангӯйӣ кунему ҳам якҷоя хӯрок хӯрем.

Баъд аз ним соат Ашӯр Сафар занг мезанад:

- Домулло, ягон нафари ба қадри сухан мерасидагиро пайдо карда натавонистам, вале ба қадри гӯшти буз мерасидагиро накофта ёфтам.

***

Устод Салимшо Ҳалимшо дар кӯча ҷавонеро мебинад, ки дар канори роҳ сигор кашида истодааст. Хумори сигоркашиаш боло мегирад ва оҳиста — оҳиста ба ҷавон наздик шуда, узрхоҳона муроҷиат менамояд:

- Ҷавони хуб, агар сигор дошта бошед, ман ҳам як дона гирифта, бо шумо ҳамроҳ шавам.

Ҷавон аз рӯи одоб даҳони қуттии сигорро боз карда, тарафи устод дароз мекунад. Устод қуттии пурро дида, якбора се-чор дона мегирад. Ҷавон бо оҳанги шӯхӣ мегӯяд: — О, як дона гуфта, якчандто гирифтед-ку?

Устод бо қиёфаи ҷиддӣ, вале лаҳни нарми ба худ хос посух медиҳад:

- О, дар ин шаҳри калон ман туро дигар аз куҷо пайдо мекунам?

***

Рӯзноманигори солхӯрда ба наберааш хитоб мекунад:

- Комронҷон, айнакҳои маро биёр, ки рӯзномаҳоро варақ занам. Набера ба бобояш нигариста, бо тааҷҷуб мегӯяд:

- Бобоҷон, айнакҳоятон дар чашмонатон-ку!?

- О, сад бор нагуфтам, ки айнакҳоямро дар ҷое монед, ки ман онҳоро накобам, — хатояшро ба гардан нагирифта мегӯяд бобо.

***

Хонуме назди домулло рафта, арзи дил мекунад:

- Домуллоҷон, ман як зани бешавҳар ҳастам, ҳоло ки ҷавонам, хунам дар ҷӯш аст, гоҳ — гоҳе ба назди ин ё он марде равуо мекунам. Медонам, ки Худованд меҳрубону бахшанда аст, аммо намедонам, ки аз ин гуноҳҳои ман чӣ қадарашро мебахшаду чӣ қадараш дар гарданам боқӣ мемонад. Барои ҳамин ба назди шумо омадам, ки ба чанд саволам посух гирам. Саволи якумам ин аст, ки агар ман бо ягон муаллим муносибати маҳрамона карда бошам, чанд фоизи гуноҳам бахшида мешавад?

Домулло дар ҷавоб мегӯяд, ки тақрибан 30 фоизаш.

- Агар бо ягон тоҷир робитаи наздик дошта бошам — чӣ? — саволи дуюмро ба миён мегузорад зан.

- Агар тоҷир саховатпеша бошад, дар ин сурат панҷоҳ фоизи гуноҳат бахшида мешавад, — ҳозирҷавобии усулиашро аз даст надода, посух мегардонад домулло.

- Хуб, агар чунин муносибатро бо ягон домулло раво бинам — чӣ? – боз савол медиҳад зан.

- О, балое, нияти рост ба биҳишт рафтанро дорӣ — ку, — бо қаноатмандӣ изҳор менамояд домулло.

***

Боре корам афтоду роҳи идораи ҳафтаномаи «СССР»-ро пеш гирифтам. Он рӯз ҳаво хеле сард буд, аз ин рӯ, ният кардам, ки дар ҳузури сардабири нашрия Сайёфи Мизроб гапро ин тарафу он тараф кашол дода, бо ин баҳона каме гарм шавам.

Баробари ба утоқи кории сардабир ворид шудан «тарбуз аз бағалам афтид». Дафтари кории сардабир аз берун ҳам сардтар буд.

Маҷбур матлабамро бе ягон муқаддима арз намуда, худоҳофизӣ карданӣ шудам. Ин лаҳза Сайёф тибқи таомули мизбонон фармуд:

- Меҳмонҷон, ками дигар бо мо мемондед, бо ҳам якҷоя хунук мехӯрдем.

- Шумо воқеан ҳам беҳтарин зиёфатро ба меҳмон пешниҳод кардед, вале ман дар берун аз он сер шудам, — бо шӯхӣ посух додам ман.

С. УМАРОВ, «Садои мардум»