Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

№1 (3481) 01.01.2016

23941572971_388e507ee3_o28 декабри соли 2015 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар оғози маҷлис тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» қабул шуд.

Сипас, ҳисоботи раиси ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон «Оид ба рафти иҷрои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» шунида шуд. Тавре зикр гардид, дар доираи корҳои бунёдкорию ободонӣ 5,5 км роҳҳои мошингарди маркази ноҳия навсозӣ ва кӯчаҳои марказии шаҳраки Қумсангир чароғон карда шудааст. Соли 2016-ум ду ҳазор гектар заминҳои нави кишоварзӣ шодоб мегарданд. Соли 2015 дар ноҳия беш аз 73 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ ва то ба имрӯз дар майдони 2300 гектар замин пиёзи барвақтӣ кишт кардаанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки барои афзун намудани нишондодҳои истеҳсолӣ, вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи насли наврас тадбирҳои муассир амалӣ карда шаванд.

«Барномаи давлатии сармоягузориҳо барои солҳои 2016-2020» тасдиқ карда шуд.

Дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2018-2019 маъқул дониста, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» маъқул дониста, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин лоиҳаҳои як қатор қонунҳои дигар — доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба қонунҳо «Дар бораи маориф», «Дар бораи мақомоти амнияти миллӣ», «Дар бораи системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ», «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи алоқаи барқӣ» ва «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» пас аз маъқул донистан пешниҳод шуданд.

Ду хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — яке ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатӣ» ва дуюмӣ ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният» низ маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

«Барномаи давлатии рушди Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон барои солҳои 2016 — 2020», «Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 — 2025», «Барномаи рушди соҳаи зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво барои солҳои 2016 — 2020», «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016 — 2020», «Барномаи рушди роҳнамоии касбӣ барои солҳои 2016 — 2020», «Барномаи аз худ намудани манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва сохтмони неругоҳҳои хурди обӣ барои солҳои 2016 — 2020», «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Норак барои солҳои 2016 — 2020», «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Қубодиён барои солҳои 2016 — 2020», «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ишкошим барои солҳои 2016 — 2020» ва Нақшаи генералии шаҳраки Ёвони ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон тасдиқ гардид.

Дар фароварди маҷлис Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масоили вобаста ба ҷамъбасти натиҷаҳои соли 2015 ва дақиқсозии нақшаҳо барои соли 2016 ва ҳам ба таъмини бехатарӣ аз сӯхтор ва дигар ҳодисаҳои номатлуб ҳангоми истиқбол аз соли нави мелодӣ ҷалб намуда, дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошт.

www.president.tj