Татбиқи барнома

Ҳунаромӯзӣ дар шаҳри Истаравшан раванди муттасил дорад

№2 (3482) 04.01.2016

Омӯзишу азхудкунии касбу ҳунар, соҳиби пешаю касби доимӣ гардонидани шаҳрвандон, хоса наврасону ҷавонон, боиси ҷавобгӯйи талаботи бозори меҳнат шудани кадрҳо мегардад. Ҳанӯз 20 апрели соли 2007 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фармуда буданд: «Бо фарогирии ҳар чӣ бештари аҳолӣ бо шуғл ва татбиқи сиёсати давлат дар бахши муҳоҷирати меҳнатии хориҷӣ маҷмӯи чорабиниҳо оид ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ пешбинӣ карда мешавад, аз ҷумла мусоидат ба бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ, ҷалби сармоягузориҳо, дастгирии машғулиятҳои инфиродӣ ва шуғли занҳо, инчунин инкишофи ҳунарҳои халқӣ ва меҳнати хонагӣ, бозомӯзии корҷӯён ба касбҳои нав, ки ба онҳо дар бозори меҳнат талабот зиёд аст ва шаклҳои шуғли муваққативу мавсимӣ васеъ истифода мегардад».

Яке аз тадбирҳои хеле муҳим дар ин маврид Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2007 № 259 «Дар бораи Барномаи давлатии рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008 -2015» ба ҳисоб меравад. Иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Истаравшан (даъвати панҷум) дар радифи як идда масъалаҳои муҳим масъалаи татбиқи қарори фавқуззикрро дар шаҳри Истаравшан мавриди арзёбӣ қарор дод.

Дар робита ба ин, зимни суҳбат бо мо узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Истаравшан Наим Набизода аз ҷумла чунин гуфт: — Истаравшан аз зумраи шаҳрҳои қадимии ҳунармандон ба шумор меравад ва дар ҳудуди он барои рушди касбу ҳунарҳо, таҳсилоти касбии ҷавонону наврасон ва дар ин замина имкони татбиқкунии чунин барномаҳо вуҷуд доранд. Масъалаи талқини доимии омӯзиши илму дониш, касбомӯзӣ аз ҷониби табақаи ҷавони ҷомеа, азхудкунии дастовардҳои навтарини техника ва технологияи муосир аз масъалаҳои меҳварӣ маҳсуб гардида, аз дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд.

Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба  масъалаҳои маориф, фарҳанг  ва сиёсати ҷавонон дар ҷаласаи хеш ҷараёни татбиқи қарори зикршударо дар шаҳри Истаравшан мавриди баррасӣ қарор дод.

Маълум гардид, ки айни ҳол дар шаҳр якчанд муассисаҳои давлатие амал мекунанд, ки вазифаи асосиашон таълиму тарбия ва соҳиби ин ё он касб кардани шаҳрвандон аст. Инҳо литсейи касбӣ — техникии №14, коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ ва ғайра мебошанд.

Филиали Муассисаи давлатии «Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон» дар шаҳри Истаравшан бо фармоиши Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи январи соли 2011 таъсис шудааст. Маблағгузории гурӯҳҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ аз ҳисоби Буҷети давлатӣ ба амал оварда, маблағҳо бевосита ба суратҳисоби филиали маркази мазкур гузаронида мешаванд.

Дар ин давра 1248 нафар шаҳрвандон соҳиби касбҳои оператори компютер, кафшергари газу барқ, дӯзанда, дуредгар, қаннод, қолинбоф, адрасбоф ва ғайра гаштаанд.

Муассисаи дигаре, ки бевосита ба омӯзонидани касбу ҳунар ба ҷавонону наврасон машғул аст, литсейи касбӣ — техникии №14 мебошад. Дар литсей ба сифати таҳсилот, касбомӯзии хонандагон, тарбияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, таълиму рушди забони давлатӣ аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Дар ин таълимгоҳ мувофиқи талаботи барномаи  мазкур барои тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси дар бозори меҳнат рақобатпазир барои ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ тамоми имконияту шароити зарурӣ мавҷуд мебошад.

Аз моҳи январи соли 2015 дар литсей гурӯҳҳои нави ихтисосҳои «Қолинбофӣ» ва «Ронандаи автомобил» дараҷаҳои «В», «С» ташкил шудааст.

Литсей барои сохтани мизу курсиҳои талабагӣ низ имкониятҳои васеъ дорад, агар муассисаҳои таълимӣ фармоиш кунанд, литсей метавонад онҳоро бо мизу курсиҳои хушсифат таъмин намояд ва фаъолияти истеҳсолии худро тавсеа бахшад.

Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳр соли 2009 бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади эҳё, рушду такомул ва тарғибу муаррифии ҳунарҳои қадимаи миллати сарбаланди тоҷик таъсис ёфтааст. Коллеҷ феълан дар як қисми бинои литсейи касбӣ — техникии №14 ҷойгир буда, 336 нафар донишҷӯён аз рӯи 11 равияю ихтисос касб меомӯзанд.

Аз оғози фаъолият намояндагони коллеҷ 31 маротиба дар намоишҳои сатҳи шаҳрӣ, 11 маротиба дар вилояти Суғд, шаш маротиба дар намоишгоҳҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ширкат варзиданд. Намунаи корҳои эҷодии ҳунармандони коллеҷ дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ, дар шаҳри Бишкек (соли 2012), шаҳри Бухоро (соли 2013) ва шаҳри Москва (соли 2014) ба маърази тамошо гузошта шуда, сазовори баҳои баланди доварон ва туҳфаю ифтихорномаҳо гардидаанд. Солҳои 2013 ва 2014 устодони коллеҷ Қурбон Мазбутов ва Аъзамҷон Додоҷонов «Ҳунармандони беҳтарини шаҳри Истаравшан» дониста шудаанд.

Муассисаи таълимӣ мақоми ҷумҳуриявӣ дошта, дар он аз шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Кӯлоб, Панҷакент, Ҷалолиддини Румӣ Файзобод, Варзоб, Айнӣ, Шаҳристон, Ғончӣ ва Зафаробод донишҷӯён таҳсил мекунанд.

Умуман, дар шаҳри бостонии Истаравшан барои омода намудани ҳунармандони чирадаст, бо истифода аз суннатҳои қадимаи хеш, дар оянда ҳам таваҷҷуҳи бештар зоҳир хоҳад шуд, — гуфт дар фарҷоми суҳбат раиси шаҳр Наим Набизода.

 Таҳияи Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»