Раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ дар доираи нақшаи қабули сайёри шаҳрвандон ба ноҳияи Фархор омада, дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор як гурӯҳ шаҳрвандони арзу ниёздоштаро ба ҳузур пазируфт.
Шаҳрвандон Ҳайдар Давлатов, Ҳикмат Додаров аз деҳоти «Дарқад», Сафархон Амирхонов аз деҳоти «Гулшан», Баҳром Эшонов аз деҳоти «Деҳқонариқ», Хуршед Наҷмиддинов аз деҳоти «20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон», Рустам Аҳмадов аз деҳоти «Ватан», Гулсунбӣ Расулова, Сайфулло Сафаров аз шаҳраки Фархор, Ёқуб Одинаев аз деҳоти «Ғайрат», Қадамбек Давлатов, Ҳамроҳ Акрамов аз деҳоти «Зафар» дар хусуси таъмир ва бо хатти нави барқ таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти миёна, соҳилмустаҳкамкунӣ дар дарёи Сурхоб, ҷудо намудани замин барои бунёди манзили истиқоматӣ ва варзишгоҳ, хилофи қонун ба фонди манзил гузаронидани баъзе заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, муносибати нохубу асроромези бархе аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбат ба хоҷагиҳои фермерӣ арз намуданд.
Раиси вилоят Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ арзу ниёзи шаҳрвандони зикршударо дар ҳузури масъулони вилояту минтақа ҳамаҷониба баррасӣ намуда, супориш дод, ки шикояти онҳоро дар чорчӯбаи қонунҳои амалкунанда ҳал карда, аз натиҷааш дар муҳлати кӯтоҳтарин ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар диҳанд.
Темуршоҳи Файзалӣ, «Садои мардум»